Нашрияи Омӯзгор

Умре ҳама дар хидмат

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 59        Шарҳ: 0

 

Ман муаллимаи мактаби №36-и  ноҳияи Рудакӣ мебошам ва аз забон ва адабиёти тоҷик  ба шогирдон дарс мегўям.

Аксари  сифатҳои неки инсониро дар симои падарам, дар рафтору кирдор ва муносибаташ бо кору одамон мушоҳида кардаам. Падарам Додарбек Заробеков муддати зиёде дар соҳаи ҳуқуқ ва ҳифзи тартибот сарбаландона кор кард, иззати  инсонӣ, эҳтироми шахс ва  худшиносиро ў дар навбати аввал аз падар ва гузаштагони худ омўхта, дар кору зиндагӣ истифода мебурд.

Заробек баъд аз хатми омўзишгоҳи педагогии Ғарм дар ноҳияи Ванҷ муаллим таъйин шуда, дар он ҷо бо духтари Тавалло ном марде, аз ҷумлаи шуҳратмандони диёр - Фариштамоҳ издивоҷ намудааст. Падарам фарзанди ҳамин хонадони Заробек ва Фариштамоҳ аст. Бобоям хату саводи хуби форсӣ ҳам дошт. Дар хонадони мо донишу савод омўхтан аз анъанаи пешиниён будааст. Падарам мактаби миёнаро дар интернати шаҳраки Навободи он замон ноҳияи  Ғарм хатм намуда, соли 1958 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шудааст.

Баъди хатми донишгоҳ ўро ба кор ба мақомоти интизомӣ фиристоданд. Соли 1967 ба ҳайси муфаттиши додситон ба ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) гузаронданд. Аз соли 1970 то соли 1975 ба вазифаи додситони ҳамин ноҳия иҷрои вазифа мекард. Солҳои 1975 – 1983  вазифаи додситонро дар  ноҳияи Файзобод ба ҷой меовард. Ба гуфтаи ҳамкорон, ҳамкасбони собиқи он кас бо ҳамкорӣ ва адолатпешагӣ ва эҳтиром ба мардум дар ин ноҳияҳо соҳиби иззату эҳтироми шоиста буд. Ҳамин вазифаро солҳои 1983 – 1988 дар шаҳри Норак бар уҳда дошт. Соли 1988 роҳбарият ўро ба ноҳияи Қумсангир ба вазифаи додситон таъйин мекунанд.  Дар ин вазифа ў дар солҳои нооромӣ кор кард, то омадани намояндагони ҳукумати қонунӣ ба хавфу хатарҳо нигоҳ накарда, дар он ҷо монд.

Баъди баргаштан муфаттиши калони додситони шаҳри Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) буд ва то соли 1999 дар ин вазифа кор кард. Аз соли 1990 то соли 2008 адвокати ҳуқуқии ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе буд. Барои  хидмати тўлонии бенуқсон дар ҳимояи ҳифзи ҳуқуқи ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мукофот ва ифтихорномаҳо сарфароз шудааст. Комёбиҳои касбиву хидматии ў ба муносибати 60 – солагии ташкилёбии ҳукумати Шўравии Тоҷикистон, 10- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳими кишвар бо чандин ифтихорнома ва мукофот қадрдонӣ шудааст.

Дар замони Шўравӣ ба ў рутбаи полковник дода буданд ва гирифтани чунин рутба ба ҳар кас муяссар намешуд. Босабру пуртоқат буд, дурандешӣ одаму одамгарӣ барин хислатҳои ҳамидаи инсониро аз он кас омўхтаам. Гаштаю баргашта бо такрор мегуфтанд: бегуноҳро ҳеҷ гоҳ ба маҳкама накаш! Гарчи ҳамсину ҳамсол будем, ман ўро устоди хеш медонам, - мегўяд Сафар Ҳомидов, мушовири адлия.

Дарвоқеъ, падарам инсони сахӣ буданд. Ҳар чӣ аз харҷи рўзгораш зиёдӣ мекард, ба хешони дасткўтоҳаш медод. Бо вуҷуди ин, дар замони нобасомониҳо силоҳбадастон омада, ба ҷурми додситон буданаш таҳдидменамуданд ва чизҳои боарзиши хонаро бардошта мебурданд. Фоҷиаҳои ҳаёт ба падарам сахт таъсир карданд. Солҳо боз бемории қанд дошт ва он ба дигар аъзои баданаш таъсир гузошт ва оқибат беморӣ ба дилаш гузашт.            

Он рўз ҳаво сард буду осмон тирагун. Ба аёдаташ рафтам. Ў рўи бистар  хастаю беҳол мехобид. Ба чашмонаш нигаристам, гўё аз омаданам шод буду чизе гуфтан мехост, вале ҳайҳот, мадори сухан гуфтан надошт. Барояш об додам, вале падарам обро нўшида натавонист. Дилам реш-реш шуда аз ҳодисаи нохуше хабар медод. Ба берун баромада каме гиристам ва худро тасалло дода, боз вориди хона шудам. Ба рўяш нигаристам, то ки аз дидори саршор аз меҳру муҳаббаташ сер шавам. Дарк мекардам, ки охирин лаҳзаи дидор бо падар аст.

Ҳамин тавр, қалби бемори ў аз таппиш бозмонд. Ҳар гоҳ ки ба дидорбиниаш мерафтам, ў мисли кўдак хурсандӣ мекард. Соатҳои дароз суҳбат менамудем. Шиори ў дар зиндагӣ; рафтори нек  пиндори нек  ва гуфтори нек буд. Ба мо, фарзандон низ ҳамеша насиҳат мекарданд, ки некию накукориро пешаи худ намоем.

Бибисоҳиба ЗАРОБЕКОВА,

омўзгори МТМУ-и №36,

ноҳияи Рўдакӣ

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш