Нашрияи Омӯзгор

Либоси мактабӣ ба 20 ҳазор хонанда

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

  Соли 2018 аз шумораи 2718 нафар хатмкунандаи синфи 11  аз қайди ММТ 2216 нафар гузаштанд, ки 81,5% ташкил мекунад. Ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ, 24 нафар тариқи квотаи Президентӣ дохил гардиданд.  Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Фархор Сулаймон Вализода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2021 дар шаҳраку деҳоти Фархор бунёди 604  иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, 38 муассисаи таълимӣ ва 4 муассисаи томактабӣ, 96 синфхонаи иловагӣ, 4 толори варзишӣ пешбинӣ гардидааст. Барои бо сару либоси мактабии ватанӣ таъмин намудани мактаббачагон байни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаи ҶДММ «Самоӣ К» ва сехҳои дӯзандагии маҳаллӣ барои 20,7 ҳазор нафар хонанда шартнома баста шудааст. Бо мақсади дастрасии фарзандони оилаҳои камбизоат ба либоси мактабӣ дар назди муассисаҳои таълимии №16 ва №29 коргоҳҳои хурди дӯхти сару либоси нисбатан арзони мактабӣ роҳандозӣ гардид.  

 

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш