Нашрияи Омӯзгор

Ситоиши ишқи инсонӣ дар ашъори Ҳилолӣ

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 84        Шарҳ: 0

 

Дар таърихи адабиёти тоҷик Бадриддин Ҳилолӣ аз зумраи он шоиронест, ки бо ашъори баландғояи худ, ки ниҳоят самимӣ суруда  шудаанд, дар радифи бузургоне, чун Саъдию Ҳофиз ва Ҷомию Бедил ҷойгоҳи хосаро ишғол намудааст. Мавзуи асоси ғазалу рубоиёти шоир тараннуми ишқу муҳаббати поки инсонӣ ва дўстию аҳду вафо ба шумор рафта, дар ашъори худ, вай бо забони фасеҳу равон, истифодаи саноеи гуногуни бадеӣ маъниҳои баланд офаридааст. Ҳамин қобилияту истеъдоди баланди Ҳилолиро ба мушоҳида гирифта, устодони сухан, шоирони бузурги замон Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба шеъру каломи эъҷозофарини ў баҳои сазовор додаанд. Алишери Навоӣ дар асари худ «Маҷолис – ун - нафоис» дар хусуси шеъри волои Ҳилолӣ гуфтааст: «Ҳофизааш хуб аст ва табъаш низ баробари ҳофизаи ўст. Хаёли сабақ дорад. Умед аст, ки тавфиқ ёбад ва ин матлаъ аз ўст:

Чунон аз по фиканд имрўзам он рафтору қомат ҳам,

Ки фардо барнахезам, балки фардои қиёмат ҳам».

Воқеан, Ҳилолӣ дар ғазалу рубоиёти худ мазмунҳои баландро ба таври хеле фаҳмо ва равону сода ифода намудааст. Аз ҷумла, дар ғазали зер мегўяд:

Зери девори сароят тани коҳидаи ман,

Ҳамчу коҳест, ки афтода зи девор ҷудо.

Қаҳрамони ғиноии ашъори Ҳилолӣ ғолибан ошиқи маҳҷуру сўхтадилест, ки меҳру муҳаббати маъшуқаро дар умқи дил ҷо бинмуда, зоҳиран хеле афсурдаву навмед ва дар роҳи ишқ нотавон ҳам ҳаст. Дар тамоми сурудаҳои шоир ишқу муҳаббат дар меҳвар қарор дошта, ў дар ин силк омодааст ҷони худро фидо намояд:

Ҷон хоҳам аз Худо, на яке балки сад ҳазор,

То сад ҳазор сол бимирам барои ёр.

Дар ғазалҳои Ҳилолӣ гоҳо ошиқ роҳи ба висоли ёр расиданро намеёбад ва аз ин сабаб фарёду фиғони вай ба чархи гардун дакка мехўрад:

Рўзи ҳиҷрони ту, ё  Раб, зи куҷо пеш омад,

Ин чӣ рўзест, ки пеши мани дарвеш омад?

Мавзуи ишқ дар сурудаҳои ширину латифи шоир бо тасвири манзараҳои табиат тавъам гардида, олами раънову ҷозиберо бармало месозад. Ба таъкиди адабиётшинос Алӣ  Муҳаммадии Хуросонӣ, «ишқи Ҳилолӣ дар ашъораш танҳо ишқи худи шоир нест. Дар  он, дар баробари хушию нохушиҳои дар роҳи ишқ буда, андешаҳои олии зиндагисози одамон бо ҳама бурду бохтҳо ва барору нобаробариҳояш таҷассум ёфта,  ҳикматомезу дар чаҳорчўбаи ахлоқи инсонӣ равшан баён гардидааст. Шоир дар зери мафҳуми  «ишқ»  сифатҳои ҳамидаи инсониро сароида, зимни он ба масъалаҳои муҳими иҷтимоии замон низ таваҷҷуҳ карда, дар сояи ин мавзуи ҳамешагии адабиёт гиребони беадолатию ноинсофӣ, бевафоию номеҳрубониро мегирад, ноҳаққиро маҳкум мекунад ва ҳақро меситояд».

 

Шаҳло Қаландарова,

омўзгори гимназияи №2, барои хонандагони

болаёқати ноҳияи  Шоҳмансур

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш