Нашрияи Омӯзгор

Мунтахаби андарзу ҳикмат дар васфи омўзгор

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 99        Шарҳ: 0

 

Устод роҳнамову раҳкушо ва чароғи маънавии шогирдону хонандагон мебошад. Фаъолияти омўзанда ва заҳматҳои устоду омўзгор дар роҳи ба камол расонидани инсонҳои комил бузург мебошад. Ҳамин аст, ки хидматҳои устодону омўзгорон, дар осори адибони классику муосир ба таври густурда дар шакли панду андарз зикр шудааст. Хидматҳои устодро тавсиф ва ба ин минвол симои воқеии ўро бозтоб намудан, аз мавзуъҳои муҳим дар пажўҳишҳои илмӣ ба ҳисоб меравад. Ба шакли китоби алоҳида ҷамъ намудани суханҳои ҳикматбору ситоишӣ дар бораи устод корест хайру наҷибона.

Муаллими адабиёт

Муаллими адабиёт бо баёне ширин метавонад огоҳӣ диҳад, ҳушёрӣ диҳад, бурдборӣ омўзад, бедорӣ омўзад ва шогирдонро ба худшиносии миллӣ раҳнамун созад. Муаллими адабиёти тоҷик метавонад ва бояд чароғ дар даст пешопеши ҷомеа гом бизанад ва шогирдонро аз торикиҳо ба сўи нур раҳнамун бошад.Чаро ки адаби поянда ва дерпой, боланда ва борвари форсӣ қарнҳост, ки монанди офтоб дар анҷумани адабиёти ҷаҳонӣ медурахшад ва аз тобиши анвори пурбаҳои он ҳамагон файз мебаранд. Дар дили ганҷинаю синаи сафинаҳое сурудаҳои ҳазорон шоиру нависанда сабт гардидааст, ки бо варақ задани онҳо мешавад ба таровидаҳои фикру эҳсоси садҳо гўяндаи чарбзабон ошно гардид. Ва муаллими ростин бояд нуҳуфтаҳои ботинии он суханварони гаронмояро, ки бо неруи суханварӣ забони модарии моро аз пурқудраттарин ва гаронқадртарин забонҳои олам намудаанд, ки имрўз барҳақ мояи ифтихори мост, ба шогирдон намояд ва эшонро дар раҳи хештаншиносӣ ва маърифати башарӣ раҳнамоӣ кунад. Муаллими адабиёт имкон дорад аз адабиёти пурбори классик ба иқтизои вазъу ҳолат абёти ҳикматомез биёварад ва донишомўзонро ахлоқи пок ва одамгарӣ биёмўзад.

Сафар Абдулло

Китоби омўзгори варзида, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Тошпўлодов бо номи «Ситоишномаи устод» (Душанбе – 2021, 110 саҳ.) ба чоп расид, ки дар қисмати аввали он мадҳу ситоиши устод дар эҷодиёти адибони классик ва муосири тоҷик гирд оварда шудаанд. Қисмати дуюми китобро диктант, нақли хаттӣ, эссе ва иншо дар мавзуи муаллим, устод ва омўзгор ва нуктаҳои ҳикматбор фаро гирифтааст. Дар пешгуфтори китоб омўзгори собиқадор М. Тошпўлодов зикр менамояд, ки  «муаллим ба гунаи офтоб аст, ки баҳру барро зи нури илму дониш равшан менамояд, омўзгор аз партави дониш раҳравонро раҳдон менамояд. Муаллим боғбонест, ки бо саъйи ў гулҳо рангину муаттар мегарданд, ниҳолҳо хуш нашъунамо меёбанд, дарахтон неку бор меоваранд. Муаллими донишманд чашму чароғи ҷомеа буда, метавонад зеҳнияти як кишварро тағйир диҳад».

Дарвоқеъ, китоби мазкур фарогири абёти ибратбахшу омўзанда ва тавсифу ситоиши ҷолибу муассир дар васфи устод мебошад ва метавонад барои хонандагону омўзгорон ҳамчун дастури раҳнамо дар шинохти бештари устод мусоидат кунад. Бахши дуюми ин китоб барои омўзгорони забон ва адабиёти тоҷик  ҳангоми баргузор намудани машғулиятҳои санҷишӣ (ба монанди навиштани диктант, иншо, эссе) хидмат карда метавонад. Ҳикояву матнҳое, ки аз ҷониби муаллифи китоб гирд оварда шудаанд, ибратомўзу муассир буда, дорои аҳамияти тарбиявианд.

Китоби «Ситоишномаи устод» барои устодону омўзгорон, донишҷўёну толибилмон ва доираи васеи хонандагон муфиду судманд мебошад.

Дар зер намунае аз абёт ва матну нуктаҳои ҳикматборро дар васфи устод аз ин китоби арзишманд пешниҳоди хонандагон менамоем.

Маҳз муаллим аст, ки доимо меомўзад ва он чӣ андўхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омўзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омўзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд.

***

Омўзгорӣ муқаддастарин пешаи рўи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омўзгорон мебошад. Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрўзандаи машъали илму донишу тавоноӣ маҳз омўзгор, муаллим ва устод аст

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар киро роҳбар заған бошад,

Гузари ў ба марғазан бошад.

Абуабдуллоҳи  Рўдакӣ

Чу хоҳӣ, ки ранҷи тан ояд ба сар,

Аз омўзгорон мабартоб тоби сар!

Абулқосим Фирдавсӣ

Таматтуъе, ки ман аз фазл дар ҷаҳон бурдам,

Ҳамон ҷафои падар буду силии устод.

Заҳири Форёбӣ

Ҳурмати устод ҳар кӣ надошт,

Алами илм дар ҷаҳон нафрошт.

Низомии Ганҷавӣ

Бувад ҳар кори бе устод душвор,

Нахуст устод бояд в-он гаҳе кор.

Носири Хусрав

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Ҷалолуддини Балхӣ

Ҳанўзам вақти пирӣ ҳаст дар ёд,

Ҷафои мактабу таъдиби устод.

Саъдии Шерозӣ

Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор,

Шавад тира аз бехирад рўзгор!

Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ

Фаромўш макун ҳаққи устоди илм,

Ки бар ҳиммати ўст бунёди илм.

Агар дар дилат меҳри устод нест,

Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.

Камолиддини Биноӣ

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта – рафта чарх оламгир кард.

Сайидои Насафӣ

Соиб, ба пои хеш занад теша бехабар,

Он беадаб, ки ханда бар устод мезанад.

Соиб

Муяссар шуд маро дар як саҳаргоҳ,

Ки бинам рўи ту инсони дилхоҳ.

Яке фарзанди ман, навзоди ман буд,

Дигар панди ману устоди ман буд.

Мирзо Турсунзода

***

Ҳар як шахс бояд тамоми умр аз муаллим миннатдор бошад ва эҳтироми ўро ба ҷо орад.

Бобоҷон Ғафуров

***

Муаллимӣ шуғл нест. Муаллимӣ ишқ аст. Агар онро чун воситаи рўзгузаронӣ интихоб намудаӣ, раҳояш кун. Агар ишқи туст, муборак бошад.

Муҳаммад Риҷоӣ

***

Омўзгори камтаҷриба ҳақиқатро нишон медиҳад, омўзгори хуб дарёфти ҳақиқатро.

А. Дистервег

***

Шогирд чизе нест, агар аз устод нагузарад.

Леонардо да Винчи

***

Ҳар омўзгоре, ки касбашро дўст медорад, омўзгори хуб аст. Ҳар омўзгоре, ки шогирдашро дўст медорад, низ омўзгори бад нест. Вале омўзгори ҳақиқӣ онест, ки ин навъ дўстдориро ба ҳам тавъам кардааст.

Л. Н. Толстой

***

Муаллим барои хонанда намунаи олии камолоти инсон аст.

А. А. Добролюбов

***

Оне, ки ба оянда аз даричаи дирўзу имрўз менигарад, омўзгори ҳақиқист.

Конфутсий

***

Омўзгор худ он гуна бояд бошад, ки шогирдонашро дидан мехоҳад.

В.Дал

***

Ибрати шахсии муаллим, шахсияти ў барои шогирдон муҳимтар аз он чизест, ки ба онҳо меомўзад.

Карл Меннингер

***

Як омўзгор метавонад бо рафтор ва гуфтори худ кишвареро дигаргун кунад.

Уруди Бузург

Носипосӣ ҳар кӣ бар устод кард,

Қисмати худро ба дасти бод кард.

Абдурауф Муродӣ

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш