Нашрияи Омӯзгор

Рўзгори ибратомўз

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 79        Шарҳ: 0

 

Табар  Авазов  соли 1963 ба Донишгоҳи  давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дохил шуда, онро соли 1967 бо ихтисоси омўзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм намуда,   аз соли 1967 то соли 1970 баъди хатми мактаби олӣ дар мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Данғара ба ҳайси муаллими забон ва адабиёти тоҷик ва мусиқӣ кор кардааст. Ҳамчунин, дар вазифаи мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Данғара хизмат намудааст. Солҳои минбаъда то ба нафақа баромаданаш дар мактаби миёнаи №4 дар вазифаи ҷонишини директор оид ба  корҳои беруназсинфӣ ва муаллими мусиқӣ фаъолият бурдааст. Барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи маориф бо нишони  “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовор гаштааст.

Табар Авазов ҳарчанд ки давраи пиронсолиро   аз сар гузаронида истода бошад ҳам, аз корҳои тарбиявӣ  ҳанўз даст накашидааст. Табар Авазов дар оила ҳашт фарзандро ба воя расондааст, ки имрўз дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ба халқу Ватани маҳбуби хеш содиқона кор мекунанд.

Устод дар ҷомеа худро хушбахттарин инсон мешуморад, ки шогирдони ватандўстро тарбия намудааст,  ки  дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хидмат мекунанд.

 

Маҳбуба Шаробова,

омўзгори Донишгоҳи

давлатии Данғара


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш