Нашрияи Омӯзгор

Олими равшанзамир

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 57        Шарҳ: 0

 

Истеъдод дар сиришти инсон аз хурдӣ рушд карда, олимиву омўзгориву роҳбарӣ бо заҳматҳои зиёд сайқал меёбад. Ин ҳама хислату истеъдодҳо, масъулияти роҳбарӣ, пешаи олимиву касби пурифтихори омўзгорӣ дар замири қалб, симо ва фаъолияти пурмаҳсули олими равшанфикр, роҳбари кордон, омўзгори соҳибмактабу соҳибтаҷриба, мутахассиси соҳибихтисос, доктори илмҳои тиб, профессор Саидмуқим Ибодзода чун шамъи фурўзон равшан аст.

С.Ибодзода ҳанўз дар давраи донишҷўӣ тариқи ҳамкор ба сифати лаборант дар кафедраи анатомияи одами Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар муассисаи таълимӣ  дар вазифаҳои гуногун кор карда, аз соли 2018  инҷониб ба сифати муовини ректор оид ба корҳои таълимию методии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолият менамояд.

Мавсуф соли 2004 дар мавзуи «Ҷарроҳии стенозҳои пилородуоденалӣ бо дарназардошти ҳеликобактерия»  рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Ў оид ба соҳаҳои тадқиқи ихтилоли морфофунксионалӣ ва патофизиологии бемориҳои ҷигар ва тавсифи морфологии рўдаи дувоздаҳангуштаи одам дар давраи постнаталӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, соли 2010 дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия рисолаи докториашро дар мавзуи «Тавсифи сохтор ва морфогенези ғадудҳои лимфатикии рўдаи дувоздаҳангуштаи одам дар давраи постнаталӣ» дифоъ намуд. Ба қалами ў зиёда аз 150 таълифоти илмӣ, 2 ихтироъ, 4 тавсияи ратсионализаторӣ ва 9 коркарди методӣ тааллуқ дорад. Таҳти роҳбарии ў 2 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.

Доктори илмҳои тиб, профессор С. Ибодзода барои заҳмату хизматҳои намоён соли 2018 бо нишонҳои «Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон» ва «Аълочии маориф ва илми  Тоҷикистон» қадрдонӣ гардид.

Ҳамнишиниву ҳамсуҳбат шудан бо устоди гиромиқадр С. Ибодзода касро ба ҷаҳони хеле рангин  ворид мегардонад. Бо олим олимонаю бо донишҷў устодона суҳбат кардан, иззату эҳтироми ҳамаро яксон чун инсон дарк намудану арҷ гузоштан, ба хотири хушнудии дигарон  будан шаҳодати фозилию инсонгарии ў мебошад.

Раҳматулло ЗОКИРОВ,

мудири кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти

тиббии лотинӣ ба номи Я. А. Раҳимов,

Суҳайлӣ РАСУЛЗОДА,

доктори илмҳои филологӣ,

 Давлатёр Валиев,

рўзноманигор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш