Нашрияи Омӯзгор

Зиндагии омўзанда

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 57        Шарҳ: 0

 

Вай фориғ аз дарс, дар саҳни таълимгоҳ қадам мезанад, лаҳзае нигоҳаш рў – рўи шохаҳои дарахтони ақоқиё ва сафедорони баланд мелағжад. Пасон, чашмонаш ба боғча меафтад, ба гулҳои рангорангу шукуфон. Бо ҳусни худ чашм мерабоянд гулҳои боғча.

Вай ҳама ташвишҳояшро фаромўш мекунад, зодгоҳи азизаш – деҳаи Шингро пеши назар меорад. Деҳае, ки дар оғўши он ба воя расидааст, аз боду ҳавои файзбораш нафас гирифтаву аз оби чашмасоронаш ташнагӣ шикастааст. Ҳамроҳи рафиқони мактабияш аз кўҳ дар маркаб ҳезум ва аз дашт алаф кашонидааст. Дар паси  партаи мактабӣ китобу дафтар кушода, аз устодони соҳибдилу хоксори деҳа сабақ омўхтааст. «Ҳай зуд мегузарад умр, - аз дил мегузаронад акаи Нарзиқул. Дар пилк ба ҳам задани чашмон 50 сол аз он даврон сипарӣ гардида, инак вай бо гардиши чархи рўзгор дар мактаби №1-и шаҳри Роғун ба фарзандони мардум илму дониш меомўзонад. Писараш дар Неругоҳи барқии обии «Роғун» меҳнат мекунад. Якҷо бо падару модар  ва ҳамсару фарзандонаш дар хонаи васеи равшан зиндагӣ ба сар мебаранд. Устод ба шогирдон аз фанни химия сабақ меомўзонад. Таълими химия  дар шароити имрўз мураккабию душвориҳои худро дорад. Ў инро амиқу неку медонад, вале бо қобилияту маҳорати модарзодие, ки дорад,  бо усулу шеваҳои шавқовару ҷолиб ва рангини методӣ, инчунин, дар заминаи таҷрибаи фаровоне, ки тўли ним асри  фаъолият ҳосил кардааст, машғулиятҳояшро созгор ба талаби замон мегузаронад, ҳарчанд ҳеҷ гоҳ аз худ қаноатманд намебошад…

Агар ба роҳи сипаринамудаи акаи Нарзиқул назар афканем, мушоҳида мекунем, ки устод ҳеҷ гоҳ барои фаъолияти омўзгорӣ танҳо мактаби зодгоҳашро интихоб накардааст. Дар ёд дорад, ки соли 1971 баъди хатми факултаи биологияву химияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ (он вақт Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченко) фаъолияти омўзгорияшро дар мактаби миёнаи рақами 44-и ноҳияи Ҷиликўл (феълан Дўстӣ) шуруъ намуда, ба хонандагон аз фанҳои химия ва биология расо 10 сол таълим дода, шогирдони зиёдеро тарбия ва ба камол расонд. Аз байни эшон ду нафар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино дохил шудаву як нафар омўзгори химия шуда кор мекунад. Баъдан ба шаҳри Панҷакент баргашта, дар мактабҳои №63-и деҳаи Рашнаи Поён ва №11-и зодгоҳаш Шинг ба фаъолияти худ идома бахшид.

-Дар ин таълимгоҳҳо то соли 1995 ба хонандагон сабақ омўзонда, пас аз он бе қатъ намудани фаъолият дар корхонаи муштараки тиллои «Зарафшон» кор кардам, - изҳор медорад омўзгори собиқадору соҳибтаҷриба Нарзиқул Хоҷақулов ва меафзояд, ки гарчанде ба нафақа баромада бошад ҳам, аз мактабу шогирдон билкул дил канда наметавонад. Бо амри тақдир устод ҳамроҳи ҳамсару фарзандон соли 2011 ба шаҳраки Шарораи Ҳисор кўчида омаданд. Ҳангоме ки дар шаҳри Роғун ба фаъолият пардохт, ба сифати омўзгори соҳибтаҷриба ба тарбияи мутахассисони ҷавон машғул гардида, зуд -зуд дар дарсҳои онҳо иштирок карда, ба онҳо маслиҳатҳои судманд медод, аз пешравию комёбиҳояшон меболиду камбудию норасоиҳояшонро ошкор ва хотирнишон месохт. Инсони дарёдилу накурой Н.Хоҷақулов ба омўзгорон маслиҳат дод, ки шомгоҳон дар хонааш ҷамъ оянд. Аҷаб суҳбату баҳсҳои ҷаззоб ва хотирмон ба амал меомад дар ин нишастҳо. Омўзгорони ҷавони химия ба омўзиши масоили гуногуни таълими мавзуъҳои химия, ҳалли саволу супоришҳои тестӣ, масъалаву реаксияҳои мураккаби химиявӣ ва амсоли  инҳо машғул мешуданд. Дар ҳалли муаммоҳои фанни мазкур устод Т. Хоҷақулов ба омўзгорон ёрӣ мерасонад.

-Дар ин нишастҳо муаллимони ҷавоне иштирок мекарданд, ки дар таълими  фанни химия мушкилӣ мекашиданд, - мегўяд Т.Хоҷақулов. - Хуб дар ёд дорам, ки дар мактаб як нафар омўзгори ҷавон аз Бадахшон дарс медод. Аксар ҳангом парешону ошуфта ва бедимоғ дучор меомадам ўро. Боре  сурати ҳол пурсидам. Гуфт, ки химия фанни душвор, дарс додан мушкил. Шояд  корро тарк кунам. Вақте ки ба омўзгорони ҷавон ёрии методӣ мерасондам, ин муаллим аз банда хеле чизҳоро омўхт. Ба тадриҷ шавқу рағбаташ ба пешаи омўзгорӣ ва таълими фанни химия зиёд гардид. Ҳамин тариқ, муаллими ҷавони бадахшӣ мактабро тарк накард ва ҳоло яке аз омўзгорони пешқадами муассиса мебошад. Вай, чӣ ҷойи пинҳон кардан, гоҳо минатдории худро ба ман баён намуда, изҳор медорад, ки тақрибан 70 фоизи масъалаҳои мураккаби душвори химиявиро айни ҳол озодона ҳал мекунад. Тавре устод Н.Хоҷақулов бо қаноатмандӣ изҳор медорад, дар мактаби №1-и шаҳри Роғун низ шогирдони зиёдеро тарбия кардааст. Шаш нафари онҳо  ба ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва зиёда аз 12 нафар ба коллеҷҳои тиббӣ дохил шуда, бархе аз онҳо донишгоҳу коллеҷро хатм кардаву ҳоло дар марказҳои саломатию беморхонаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар қаламрави шаҳри Роғун фаъолият мекунанд. Дар муассиса маҳфили «Химикони ҷавон» амал мекунад. Шогирдони устоди соҳибмактаб дар олимпиадаҳои ноҳиявию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ муташаккилона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Серғайрату пурҳавсала аст устод Нарзиқул Хоҷақулов. Вай, инчунин, мактабиёнро барои иштирок дар озмунҳои «Ғунчаҳои санъат» ва «Натуралистони ҷавон» омода мекунад. Чанд маротиба шогирдонаш дар озмунҳои номбурда дар ҷумҳурӣ иштирок карда, пирўзӣ ба даст оварданд. Муаллим аз зиндагию пешаи интихобкардааш комилан розиву қаноатманд аст. Дар хусуси шароиту имкони дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ аз химия ва биология ҳарф зада, Н.Хоҷақулов изҳори нигаронӣ намуд, ки мутаассифона, мавҷуд набудани озмоишгоҳҳои фаннӣ ва  таҷҳизоту лавозимоти зарурии химиявӣ (ба хусус, маводу реактивҳо) имкон намедиҳад, ки корҳои амалӣ ва лабораторӣ шавқовару диққатҷалбкунанда   гузаронида шавад. Бо ин ҳол, омўзгорон маҷбуранд, ки бештар ба омўзонидани маълумоти назариявӣ ва ҳалли масъалаҳои химиявӣ машғул шаванду халос. Перомуни китобҳои дарсии «Химия» изҳори  назар карда, муаллими соҳибдил қайд намуд, ки китоби «Химия»-и синфи 10 барои хонандагон содаву фаҳмо буда, аз ҷиҳати илмӣ дар сатҳи хуб таълиф гардидааст, аммо китобҳои  синфҳои 8-9 аз хатоҳои имлоию илмӣ холӣ нестанд.

-Иттифоқе афтоду мо ба пойтахт омадем ва бо шумо вохўрдем, - мегўяд хушҳолона устод Н.Хоҷақулов. - Мо, ҳамкурсон, баъди 50 соли  хатми Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар донишгоҳ ҷамъ омадем. Мулоқоту вохўриҳо ду рўз идома ёфт. Ректори донишгоҳ Н.Ғаффорзода моро гарм истиқбол намуда, таклиф кард, ки бо донишҷўёну устодони факултети химияву биология аз наздик шинос шуда, бо онҳо мулоқот анҷом диҳем. Ингуна  бо омўзгорону донишҷўён суҳбати рўёрўӣ  анҷом додем, ба онҳо баҳри дар оянда мутахассиси хуб шудану ба қуллаҳои баланди илм расидан муваффақиятҳо хоҳон шудем. Ростӣ, вохўрии  хотирмону пурнишоте буд, ки дер вақт дар сафҳаи ёдҳо боқӣ хоҳад монд.

Устод Нарзиқул Хоҷақулов дар тарбияи фарзандон низ муваффақ буда, 5 нафар - се писар ва ду духтарро тарбия намуда, ба камол расонидааст, ки 2 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 1 нафар дар НБО-и «Роғун» ва духтараш иқтисодшинос шуда фаъолият мекунанд.

-Гарчанде синни ман ба ҷое расидааст,  лек аз мактаб дар канор будан намехоҳам. Аз он сарафрозӣ дорам, ки маро дар таълимгоҳ шогирдонам ҳамеша интизорӣ мекашанд. Ин аст саодату хушбахтии ман, - гуфт дар хатми суҳбат устоди фурўтану хоксор Нарзиқул Хоҷақулов.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омўзгор»

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш