Нашрияи Омӯзгор

Ҳаққи устод аз падар беш аст

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 87        Шарҳ: 0

 

Дар радифи олимони соҳаи психология дар ҷумҳурӣ, устод Разиюлло Атохонов ҷойгоҳи хосаро касб карда, баҳри рушди илми мазкур хидматҳои арзанда анҷом додааст.

Мавсуф соли 1964 ДДОТ ба номи С.Айнӣ (он вақт Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко) -ро хатм карда, фаъолияти омўзгории худро дар ноҳияи Варзоб ба сифати омўзгори фанни математика оғоз намуда, сипас, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он вақт УДТ ба номи В.И. Ленин) ба кор даъват шуда, дар вазифаҳои лаборант, ходими илмии лабораторияи проблемавии психологияи эксперименталӣ ва таълими барномавии донишгоҳ ва мудири лабораторияи таълими барномавӣ кор кардааст. Фаъолияти судманду муассири устодро ба назар гирифта, ўро мудири кафедраи психологияи ДМТ таъйин мекунанд. Р.Атохонов аз соли 1996 ҳамчун профессори Институти байналхалқии иқтисодиёт ва ҳуқуқи шаҳри Тюмени Федератсияи Россия ва Институти педагогии ба номи Д.И. Менделееви шаҳри Тобольск ба донишомўзон сабақи илм додааст. Шодравон то соли 2021 дар факултети психология ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи С.Айнӣ фаъолият намудааст. Бояд зикр намуд, ки устод Р. Атохонов зимни пажўҳишҳои илмии худ дар самти муайян намудани заминаҳои психологӣ ва асосҳои методии таълими тарзи ҷамъбасткардашудаи ҳалли масъалаҳои матнии математикӣ, дараҷаҳои инкишофи тафаккури математикӣ ва алоқамандии он бо хусусиятҳои рушди тафаккури эмпирикӣ ва назариявӣ, алоқамандии мазмун ва сохтори фаъолияти таълимии хонанда бо ташаккули дараҷаҳои гуногуни тафаккур, аз ҷумла, лаёқатмандии мактаббачаҳо ва инкишофи он ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Устод Р. Атохонов ҳамчун муҳаққиқ дар омодаву ба камол расонидани шогирдони зиёде, ки баъдтар ҳар яке пайроҳаи илмро интихоб намуда, бо пажўҳишҳои худ дар илми психология саҳифаи навро боз намудаанд, саҳми калон гузоштааст. Таҳти роҳбарии устоди сахтгиру донишманд, шогирдонаш оид ба психологияи педагогӣ ва психологияи иҷтимоӣ рисолаҳои номзадию докторӣ дифоъ карда, ба рушди илми психология такони ҷиддӣ бахшидаанд. Шодравон Р. Атохонов ҳамчун дастпарвари мактаби илмии психологи машҳури Иттиҳоди Шўравӣ, академик В.В.Давидов дар самти такомулу таҳаввули илми психология дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Устод Разиюлло Атохонов мактаби илмӣ-педагогии худро дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд оварда, шогирдонашро баҳри пажўҳиши масоили муҳими илми психология ва анҷом додани корҳои тадқиқотии серпаҳлу ҳидоят ва роҳнамоӣ мекард. Мо, шогирдони устод, ҳамеша аз ин омўзгори дарёдил, накукору хайрхоҳ, мушфиқу адолатпеша ва донишманду соҳибназар ба некӣ ёд меорем. Ҳанўз садои устод дар гўши мо садо медиҳад, гўё дирўзакак буд, ки дар машғулиятҳои таълимӣ дар донишгоҳ бо шавқу рағбат ба лексияҳои шодравон, олими пурмаҳсул Р. Атохонов бо диққат таваҷҷуҳ мекардем. Ман баҳри анҷом додани рисолаи илмии худ зуд-зуд ба назди устод мерафтам ва аз маслиҳату тавсияҳои дилсўзонаи беғаразонааш баҳраҳо ҳосил мекардам. Воқеан, хидматҳои мондагори устодро пеши назар оварда, бо байти шоири бузурги адабиёти форсу тоҷик Камолиддин Биноӣ ба навиштаи худ анҷом мебахшам:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

 

Н. АБДУРАШИТОВ,

мудири шуъбаи педагогика

ва психологияи Пажўҳишгоҳи

рушди маориф ба номи

Абдураҳмони Ҷомии АТТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш