Нашрияи Омӯзгор

Устоди заҳматписанд ва донишвар

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 69        Шарҳ: 0

 

Моҳи сентябри соли равон профессори кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, шодравон Қосим Усмонзода Осимӣ (Қ. Осимов) 100-сола шуданд.

Устод Осимӣ 57 соли умри бобаракати хешро дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сарфи таълиму тарбияи толибилмон карда, омўзгор, мудири кафедра ва декану ҷонишини ректор оид ба корҳои таълим шуда кор кардааст. Бесабаб нест, ки бештари муаллимони математикаи ҷумҳурӣ худро шогирди ин марди шариф медонанд.

Устод Осимӣ дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми шуъбаи тайёрии Донишкадаи омўзгории Ленинобод (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров), ба факултети физикаю математикаи ҳамин донишгоҳ дохил шуда, соли 1941 онро хатм мекунад. Бо роҳхат сараввал дар ноҳияи Исфара, сипас, дар ноҳияи Хуҷанд ҳамчун омўзгори фанҳои физикаю математика фаъолият менамояд. Вале ин дер давом намекунад. Дар нимаи аввали соли 1942 Қ. Осимӣ ба сафи Артиши Шўравӣ даъват мешавад.

Аз моҳи августи соли 1942 то январи соли 1945 аз Туапсе то кўли Балатон (дар Маҷористон) дар муҳорибаҳои шадиди зидди фашизми Германия ва пайравони он (руминҳо, маҷориҳо, итолиёиҳо ва ғ.) вазифаҳои ба дўшаш гузоштаи ҷангии разведкаи топографиро сарбаландона иҷро мекунад. Натиҷаи ҳамин буд, ки ўро бо орденҳои ҷангии “Ситораи сурх”, “Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, медалҳои “Барои шуҷоат”, “Ҳимояи Қафқоз”, “Озодкунии Белград”, “Барои Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ва амсоли инҳо қадр мекунанд.

Устод Осимӣ ба ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен) омада, ба ҳайси муаллими физикаю математика дар се мактаб бо се забон (русӣ, тоҷикӣ ва ўзбекӣ) дарс мегуфт, зеро ҳамон солҳо дар ноҳия дигар шахси соҳибмаълумоти олии математикаю физика набудааст. Моҳи июли ҳамон сол Осимиро ба вазифаи директори мактаби миёнаи №1, ки он ҷо машғулият ба забони русӣ ҷараён дошт, таъйин намуданд. Дар ин вазифа то феврали соли 1951 фаъолият мекунад. Баъд ба вазифаи мудири кабинети методии маорифи ноҳияи Нов (Спитамен) таъйин мешавад.

Муаллим Осимӣ ҳеҷ вақт аз кори карда ва комёбии ба даст овардааш қаноатманд намешуд. Ҳарчанд дар соҳаи таълиму тадрис комёб мегашт, ҳамеша дар орзуи таҳқиқи методикаи таълими математика буд. Мехост, ки ба он ноил гардида, савияи касбии худро баланд бардорад. Ба шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) омада, дар Донишкадаи омўзгорӣ (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ) аз моҳи августи соли 1951 чун ассистент ба кор оғоз мекунад.

Қосим Осимиро ба вазифаи муаллими кафедраи математика  таъйинаш менамоянд. Ҳамзамон, аз сабаби нарасидани соати дарсӣ, роҳбарии умумии коромўзии педагогии институтро низ иҷро мекунад. Ҳамон сол аз анализи математикӣ, алгебраи олӣ, геометрияи аналитикӣ, математикаи элементарӣ ва методикаи таълими математика машғулиятҳои лексионию амалиро ба роҳ монда, аз “имтиҳони” роҳбарияти факултети физикаю математика сарбаландона мегузарад.

Ба замми ин, нашриёти таълимӣ-педагогии Тоҷикистон, аввал таҳрири китобҳои дарсии физикаю математикаи мактабӣ, баъдтар тарҷумаи нашрҳои навини онҳоро ба забони тоҷикӣ ба ў супоридан мегирад.

Натиҷаи ҳамин аст, ки дар давоми 57 соли фаъолияти худ дар донишгоҳ иншою тарҷума ва таҳрири адабиёти илмию методӣ, таълимӣ ва оммавии Қ. Осимӣ зиёда аз 60, 240 ва 160 ҷузъи чопиро ташкил додаанд. Агар ба ин тақризҳои бешумораш мақолаҳои муаллифони гуногун ва таҳрири навиштаҳои онҳоро ба эътибор гирем, он гоҳ метавон гуфт, ки ба қалами Осимӣ зиёда аз 500 ҷузъи чопии адабиёти илмию методӣ ва таълимии Тоҷикистон мутааллиқ гардидааст.

Китоби “Роҳнамои математика”, ки аз соли 1995 то имрўз 11 маротиба (2004, 2009, 2011, 2012, 2014, 2016- 2020, бо ҳаммуаллифӣ) нашр шуда, китоби рўимизии омўзгорон, донишҷўён ва хонандагон гардидааст.

Замоне, ки Лев Моисеевич Фридман августи соли 1963 марзи Тоҷикистонро тарк намуд, масъалаи интихоби шахсе ба миён омад, ки ў чун сарвари пешин тавонад кори таълиму тарбия ва илмию методиро дар кафедра бо самти пешина идома диҳад. Роҳбарияти онвақтаи донишкада дар симои Қосим Осимӣ маҳз ҳамин гуна шахсро дид, зеро бо фаъолияти ҷамъиятӣ (узви кумитаи касабаи донишкада ва раиси иттифоқи касабаи факултет) собиқаи роҳбарӣ (методисти калони шуъбаи ғоибона, ки чун муовини директор оид ба роҳбарӣ ба ғоибхонон шинохта мешуд; сипас, таҷрибаи декании факултети физикаю математикаро дар давоми солҳои 1957-1959) низ доштанд. Аз ин ҷост, ки соли 1963 ба вазифаи роҳбарии кафедраи мазкур ин шахси кордонро сазовор донистанд.

Пасонтар Қ. Осимиро борҳо (солҳои 1968; 1977) ба ин вазифаҳо лоиқ дониста буданд. Ҳатто дар аснои иҷрои вазифаҳои муовини ректор оид ба таълими Донишкада (солҳои 1968-1971) аз вазифаи мудири кафедра сабукдўш нашуда буданд (ҳарчанд барои ин маблағе намегирифтанд). Фақат баъди ба директории Пажўҳишгоҳи улуми педагогии Тоҷикистон таъйин шуданаш аз он вазифа озод гашт. Аммо дар факултет хониши лексияро аз курси методикаи таълими математика ягон ҳафта ҳам қатъ накарда буд.

Устод Қосим Осимӣ аз декабри соли 1990 ба вазифаи профессори кафедраи методикаи таълими математика интихоб шуда буданд.

Қосим Осимӣ дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ ва берун аз он ҳам фаъолона ширкат меварзад, зеро фаъолияти илмию педагогӣ ва ҷамъиятиашон бо ҳамдигар робитаи қавӣ доранд. Аз ҷумла, зиёда аз даҳ сол чун узви ҳайати таҳрири маҷаллаи илмию методии Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон – “Мактаби советӣ” (ҳоло «Маорифи Тоҷикистон») буд, ба ҳар як мақолаи муаллимон тақриз медод, онҳоро ислоҳу таҳрир мекард. Ҳамзамон раиси Шўрои илмии ҷумҳурӣ оид ба методикаи таълими математика, узви чандинсолаи Шўрои техникии Вазорати маорифи СССР, узви Пленум ва Бюрои иттифоқи касабаи кормандони маориф, мактаби олӣ ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон (солҳои 1970 - 1976) буд.

Бояд фаромўш насозем, ки устод Қ. Осимӣ низ соли 1938 дар бунёди канали калони Фарғона фаъолона иштирок намудааст.

Дар ҳамаи вазифаҳои интихобкардааш ҳамеша кўшиш намуд, ки пурсамар фаъолият кунад ва ҳамаи корҳои ба уҳдааш вогузоштаро одилонаю оқилона ва холисона ҳаллу фасл намояд.

Профессор Оcимӣ то рўзи охири фаъолияташ роҳбарии семинари илмию методии кафедраро ба уҳда дошта, ба таҳриру интишори маҷмуаҳои методӣ доир ба методикаи таълими фанҳои дақиқ пайваста заҳмат мекашид.

Ҳамаи мақолаҳоеро, ки омўзгорони кафедра менавиштанд, хондаю таҳрир намуда, маслиҳатҳои самарабахш медод.

Соли 1999 барои хизматҳои шоён ва саҳми арзанда дар рушди илму маориф ва хизматҳои намунавӣ устод Қосим Осимӣ бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.

Устод Осимӣ гоҳ-гоҳ ба навиштани шеър ҳам машғул мешуд. Баъд аз он мепурсид: Медонед, барои чӣ ман шеър менависам? Боз дар ҷавоб худаш мегуфт: Хонандагон ва наздиконам донанд, ки ман ҳоло ҳам зиндаам.

 Қосим Осимӣ дар ёди мо, дўстон, шогирдон ва ҳамкорон ҳамчун марди донишманд, серталаб, ҳалиму накукор боқӣ мондааст.

Мамадҷон МАҲКАМОВ,

дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,  номзади илмҳои педагогӣ,

Нурулло МИРЗОМАТОВ,

мушовир-сармутахассиси

Маркази миллии тестии

назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш