Нашрияи Омӯзгор

Кўҳ танҳо санги хора нест

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 96        Шарҳ: 0

 

Кўҳҳо яке аз шаклҳои муҳими сатҳи хушкӣ ба ҳисоб рафта, офаридаи бузурги табиат мебошанд. Ба таҳқиқи кўҳҳо илми геоморфология машғул мебошад. Кўҳҳо дар кураи арз нобарор ҷойгир шудаанд. Дар маҷмўъ, онҳо 40%-и сатҳи хушкиро ташкил медиҳанд.

Ба ибораи дигар, кўҳҳо 59 миллион километри мураббаъи ҷаҳонро дар бар гирифтаанд. Ин нишондиҳанда дар қитъаҳои олам ва материкҳо фарқ мекунанд. Масалан, кўҳҳо дар қитъаи Осиё 64 %, Австралия 26 %, Африқо 16 %, дар материкҳои Америкаи Ҷанубӣ 45 % ва Америкаи Шимолӣ 39% - ро ташкил медиҳанд.

Пайдоиши кўҳҳо раванди мураккаби геологӣ буда, миллионҳо солро дар бар мегиранд. Дар пайдоиш ва инкишофи кўҳҳо ду омил нақши асосӣ дорад. Яке равандҳои эндогенӣ (қувваҳои дохилии замин) ва дигаре омилҳои экзогенӣ (қувваҳои берунии замин). Равандҳои эндогенӣ боиси бардошташавии кўҳҳо мегарданд, қувваҳои берунии замин бошанд, релефи кўҳҳоро паст ва валангор мегардонанд. Барои пайдоиши кўҳҳо миллионҳо сол лозим аст ва онҳо дар натиҷаи ҳодисаҳои тектоникӣ ба вуҷуд меоянд.

Вобаста ба ин, кўҳҳоро ба ду қисм тақсим мекунанд: кўҳҳои ҷавон ва қадима. Ҳамин тариқ, қўҳҳо тадриҷан тағйир меёбанд.

Кишвари азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакати кўҳсор буда, 93 дарсади сатҳи онро кўҳҳо фаро гирифтаанд. Ин нишондиҳанда дар минтақаҳои гуногуни кишвар фарқ мекунанд. Масалан, кўҳҳо дар Помир 97%, дар минтақаи Кўлоб бошад, 89%-ро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон 32 қаторкўҳи асосӣ мавҷуд аст. Беш аз нисфи қаламрави ҷумҳурӣ дар баландии 3000м воқеъ мебошад. Тоҷикистон дорои 3 қуллаи 7000 метра ва 12 қуллаи беш аз 6000 метр мебошад.

Куллаи баландтарини Тоҷикистон – Исмоили Сомонӣ (7495 м) буда, дар қаторкўҳи Академияи илмҳо мавқеият дорад. Қуллаи Исмоили Сомонӣ аз ҷиҳати баландии мутлақ дар ҷаҳон дар ҷойи 50-ум қарор дорад.

Вобаста ба пайдоиш кўҳҳои Тоҷикистон ба се силсилакўҳ (системаи кўҳӣ) ҷудо мешавад:

1.   Ҳисору Олой; 2. Тиёншон; 3. Помир.

 Кўҳҳои Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни геологӣ ба амал омадаанд. Қаторкўҳи Қурама ва кўҳи Муғул қадима буда, 300 млн. сол пеш пайдо шудаанд. Қаторкўҳҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Шарқӣ нисбатан ҷавонанд. Дар айни замон кўҳпайдошавии алпӣ идома дорад.

Дараҷаи баландшавии кўҳҳо дар ҳама ҷо як хел нест. Тибқи маълумоти академик Р.Б. Баротов, қаторкўҳҳои Помири Ғарбӣ, Пётри Якум ва Ҳисор нисбат ба дигар қаторкўҳҳои ҷумҳуриамон тезтар баланд шуда истодаанд.

 Кўҳҳо дар табиат ва ҳаёти инсоният нақши муҳим доранд. Онҳо манбаи сарватҳои зеризаминианд. Дар кўҳҳои Тоҷикистон маъданҳои гуногун ва сангҳои қиматбаҳо воқеъ гаштаанд, ки ин пешрафти саноати кишварро таъмин месозанд.

Кўҳҳо макони пайдоиши барфу пиряхҳои Тоҷикистон аст. Дар қаторкўҳҳои ҷумҳурӣ 8492 пирях ба қайд гирифта шудааст. Пиряхҳо аз баландии 3800 м то 5200 м воқеъ гаштааст. Дар пиряхҳои Тоҷикистон 475 км3 об мавҷуд аст.

Қаламрави Тоҷикистон ба ду ноҳияи яхбандӣ тақсим мешавад: яке Тоҷикистони Марказӣ ва дигаре Тоҷикистони Шарқӣ. Ногуфта намонад, ки 60 фоизи майдони пиряхҳои Осиёи Миёна ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Аз пиряхҳои кишвар дарёҳои бузург – Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Варзоб, Бартанг, Зарафшон ва ғайраҳо ибтидо гирифта, ба водиҳо ҷорӣ гардида, ба миллионҳо нафар одамон ҳаёт мебахшанд.

Иқтидори гидроэнергетикии дарёҳои кўҳии Тоҷикистон ба 527 млрд. квт/соат мерасад, ки дар айни замон қариб 5 дарсади он истифода карда мешавад. Дар айни замон азхудкунии захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои кўҳӣ босуръат идома дорад. Бо ин мақсад дар дарёҳои кишвар неругоҳҳои хурду миёна ва бузург бунёд шуда истодаанд.

Дар Тоҷикистон 1300 кўл мавҷуд буда, қариб ҳамаи онҳо дар ноҳияҳои кўҳистон воқеъ гаштаанд. Кўлҳо асосан дар Тоҷикистони Марказӣ ва Помир ҷойгир шудаанд. Онҳо дар баландии 2000 – 5000 м аз сатҳи баҳр воқеанд. Кўлҳо манбаи оби ошомиданӣ ба ҳисоб рафта, аз онҳо намак ва лойқаи шифобахш (рапа) мегиранд.

Ҳамчунин, кўлҳои зебоманзари Тоҷикистон мавзеъҳои муҳими рекреатсионӣ ва сайёҳӣ маҳсуб меёбанд. Сарватҳои биологии кўҳҳо ниҳоят бой ва мухталиф аст.

Алалхусус, минтақаи кўҳистон макони рустаниҳои шифобахш мебошанд. Дар ноҳияҳои кўҳистони Тоҷикистон беш аз 1500 намуди набототи шифобахш мерўяд. Ин боиси инкишофи соҳаи дорусозӣ дар мамлакат хоҳад шуд.

Ҳамчунин, қариб тамоми майдони ҷангалзорҳои ҷумҳурӣ (2 фоиз) дар мавзеъҳои кўҳистон воқеъ гаштаанд. Дар ҷангалзорҳои кўҳӣ беш аз 200 хели дарахтону буттаҳо мерўянд, ки онҳо дар табиат ва ҳаёти одамон нақши муҳим доранд.

 Олами ҳайвоноти ноҳияҳои кўҳсор рангоранг ва ба худ хос аст. Дар ин ҷо ҳашарот, хазандагон, парандагон ва ширхўрони зиёде сукунат доранд, ки аз олами ҳайвоноти ҳамвориҳо ба куллӣ тафовут доранд.

Захираҳои сайёҳию рекреатсионии кўҳҳо низ фаровонанд. Масалан, 80 дарсади сайёҳони хориҷие, ки ба Тоҷикистон меоянд, маҳз ба тамошои кўҳҳои осмонбўси Помир мераванд.

 Илова ба он, кўҳҳо яке аз омилҳои иқлимҳосилкунанда, мавзеи хуби чарогоҳ ва водиҳои байникўҳӣ, макони дўстдоштаи зиндагии одамон мебошанд.

 Ҳамин тариқ, табиат ва сарватҳои табиии ноҳияҳои кўҳистон бою рангоранг буда, ояндаи пешрафти мардуми Тоҷикистон маҳз ба истифодаи оқилонаи боигариҳои кўҳистон иртибот дорад.

Аз ин лиҳоз, бояд мо табиату ганҷҳои кўҳистонро чун гавҳараки чашм ҳифз ва афзун гардонем.

Ҷумахон БАРОТОВ,

мудири кафедраи география ва

сайёҳии ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, номзади илмҳои

география, дотсент

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш