Нашрияи Омӯзгор

Боғи сарсабзи муаллим

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Исматулло Каримов (1917 -1996) аз зумраи аввалин муаллимони даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон буд ва беш аз 45 соли ҳаёти хешро ба касби пуршарафаи омӯзгорӣ бахшид. Ҷавониаш ба солҳои мушкили 30-юми асри 20 ва мудҳиштарин ҷанг - Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омад. Дар арафаи саршавии ҷанг дар Туркманистон хизмати аскариро ба ҷо меовард. Бо оғози ҷанги хонумонсӯз қисми ҳарбии онҳо ба пойгоҳи омода кардани ҷанговарон табдил ёфт ва ӯро, ки ҷавони чусту чолоку ҳушёр ва босавод буд, ба таълиму тарбияи наваскарон сафарбар карданд. Баъдан як гурӯҳ аскарон, аз ҷумла, Исматуллоро дар ҳайати қӯшунҳои маҳдуди СССР ба шаҳри Теҳрон (Эрон) бурданд. Тавре маълум аст, фашистони гитлерӣ бо ҳар роҳ мехостанд давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравиро пурра забт намоянд. Бинобар ин, дар баробари ҳамлаҳои барқосои хеш, тавассути дигар кишварҳо мехостанд ба хоки Шӯравӣ ворид шаванд, аз ҷумла, ба воситаи Эрон. Вале, тавре маълум аст, фашистон ба мақсадҳои нопоки хеш ноил нагаштанд.

Исматулло баъди нуҳ соли хизмат ба зодгоҳаш - деҳаи Тезгар баргашт. Азбаски волидайнаш аз қайди ҳаёт гузашта буданд, ӯро хешовандони наздикаш пешвоз гирифтанд.

Исматулло барои таҳсил ба омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) барои таҳсил рафт. Баъди хатми омӯзишгоҳ ба мактаби деҳа ба кор омад ва дар ин ҷо бо Сайёра ном духтари мисли худаш аз волидайн маҳрумшуда издивоҷ карда, ба ҳаёти мустақилона пардохт ва то поёни умр дар мактабҳои деҳоти имрӯзаи Роҳатӣ ва Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ (пеш ноҳияҳои Роҳатӣ ва Ленин буд) ба таълиму тарбия насли наврас машғул буд.

Ба вай ҳама бо эҳтиром «муаллим» ва ё «устод» гуфта муроҷиат мекарданд. Ба ёдам ҳаст, мо хурд будем, ки ба хонаамон роҳбарони колхоз ва ҳатто ноҳия меомаданд ва баъзе корҳоро бо ӯ маслиҳат мекарданд. Аз ҷумла, мудири шуъбаи ҳамонвақтаи маорифи ноҳия Очилдӣ Азизов зуд-зуд меҳмони хонадони мо мешуд. Барои аҳли деҳа бошад, сарвару маслиҳатчии асосӣ ба шумор мерафт. Чанд муддат сарварии мактаби ибтидоии деҳаро бар уҳда дошт. Бо одамони деҳ, махсусан, фарзандони онҳо бисёр самимӣ буд, мисли фарзандони худ муносибат мекард. Он солҳо вазъи иқтисодии аксар оилаҳо хуб набуд. Маоши муаллимон нисбат ба дигар табақаҳо баландтар буд ва дар ҷомеа низ сазовори ҳурмату эҳтироми махсус буданд. Тӯли фаъолияти омӯзгориаш садҳо шогирдонро тарбия карда, ба воя расонд, ки имрӯз ҳам баъзеи онҳо дар қайди ҳаётанд ва аз устодашон ба некӣ ёд меоранд.

Рӯзи вафоти қиблагоҳӣ аз тамоми деҳаҳои гирду атроф ва пойтахт одамони зиёде ба ҷаноза ҳозир шуданд, ки баъзеи онҳоро мо намешинохтем. Ҳатто баъди ба хок супурданашон низ омаду рафти одамон кам намешуд. Аз ҷумла, баъд аз ҷаноза ҷавонмарди миёнасоле вориди ҳавлӣ шуда, саломуалейк ва изҳори тасаллият кард. Аз чеҳрааш аён буд, ки хеле мутаассир аст.

- Шумо маро намешиносед. Аммо қиблагоҳи шумо бароям устод, шахси азиз буд ва дар ҳаётам нақши хуб гузошт,- иброз намуд вай ва ба суханаш идома дод:

- Номам Ҳамроҳ, дар деҳаи Моинкаҷ (ҳозир ба ҳамин унвон дар ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст) ба дунё омада, калон шудам. Давраи бачагӣ шӯху қайсар будам ва ба мактаб намерафтам. Рӯзе шунидам, ки ба мактаби мо директори нав омадааст. Калонҳо мегуфтанд, ки вай бисёр одами нағз ва муаллими зӯр аст, акнун ту ҳам ба мактаб меравӣ. Вале ман писханд зада, гуфтам, ки маро ҳеҷ кас наметавонад ба мактаб барад.

Аз байн чанд вақт гузашт. Рӯзе ҳангоми дар кӯча ба бозӣ машғул будан аз рӯ ба рӯям як марди қоматбаланди хушсару либос омад. Ба ман наздик шуда, салом доду даст дароз кард. Беихтиёр дастамро сӯяш дароз кардам. Вай бо табассум ном ва писари кӣ буданамро пурсид ва баъди нимғурма ҷавоб доданам ба ман ду қанд дода хайрухуш кард. Ҳамин тавр, боз якчанд маротиба бо ӯ вохӯрдам ва зимни ҳар як мулоқот ӯ ба ман ширинӣ ва китобе медоду самимона суҳбат мекард. Ба ростӣ, рафтору суханҳояш маро тасхир карданд. Шояд аввалин шахси калонсоле буд, ки маро ба ин шева ба худ ҷазб карда буд. Рӯзе маро ба мактаб таклиф кард ва не нагуфта ҳамроҳаш рафтам. Маълум шуд, ки ҳамон муаллими навомада ҳамин кас будааст. Маро ба синфе бурда, дар партае шинонд. Ба пешам қаламу дафтар гузошта, гуфт, ки аз ин пас ту талабаи мо, ҳар рӯз биё. Аз ҳамон вақт зиндагиам ранги дигар гирифт. Ба хондан машғул шудам ва инак аз самараи инсонгарии устоди азизам дар зиндагӣ роҳи худро пайдо кардам. Маро бубахшед. Аз вафоти устод дер хабардор шудам…ва ашк дар чашмонаш ҳалқа зад.

Воқеан, Исмат Каримов (падари бузургвори мо) дар деҳа дарахтони зиёде шинондааст ва ҳангоми ба нафақа баромадан, бо пули нафақааш мавзеи пурсангу лаби ҷари назди қабристон ва подаҷои деҳаро обод кард, барои моли аҳли деҳа об гузаронд ва ин мавзеъро ба гулистон табдил дод. Имрӯз боғи муаллим сарсабз аст…

 

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

рӯзноманигор

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш