Нашрияи Омӯзгор

Бозиҳои математикӣ дар синфҳои ибтидоӣ

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 126        Шарҳ: 0

 

Бозиҳои дидактикӣ дар машғулиятҳои таълимӣ дар мактабҳои миёна яке аз омилҳои баланд бардоштани самаранокии таълим мебошад. Бозиҳои мазкур хонандагонро ба  зиракӣ, ҳушёрӣ, чолокӣ ва ғайра водор менамояд. Азбаски хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар рафти дарс зуд-зуд монда мешаванд, ба муаллими синфҳои ибтидоӣ лозим аст, ки ҳар як дарсро вобаста ба синну соли хонандагон шавқовар гузарад. Бозиҳои дидактикӣ ва машқҳои дамгирӣ бояд мувофиқ ба мавзуи дарс ва мазмуни матн (ё ҳалли мисолҳо) аз ҳар як фанни таълимӣ гузаронида шавад.

Бозиҳои дидактикии зиёде мавҷуданд, ки муаллим метавонад онҳоро чи дар дарс ва чи берун аз он, бо мақсади инкишофи нутқи хонандагон ба роҳ монад. Мазмуни ин бозиҳо дар синфҳои ибтидоӣ, асосан аз ҷудо кардани ашё ба гурўҳҳо, аз рўи савол муайян кардани дараҷаи калимаҳо, дуруст муайян намудани ҳаракати ашё ва ғайра иборатанд. Як қисми бозиро худи хонандагон пешниҳод мекунанд. Масалан, дар вақти навишт партофтан ва иваз кардани ҳарфҳо.

Баъзан муаллим ҳангоми ташкили бозиҳо дар хусуси он гап мезанад, ки баъзе калимаҳо кўҳна мешаванд. Ҳамин тавр, бозиҳое,  ки доир ба лексика гузаронида мешавад, машғулиятҳои ҳақиқии омўхтани забон мегарданд. Муаллим метавонад як қисми бозиҳои дигарро ташкил намояд, ки мақсади онҳо инкишофи нутқ ва ғанӣ гардидани таркиби луғавии хонандагон мебошад. Аз ҷумла, дар мавзуъҳои «Калимаҳои муҳим  ва зарур», «Калимаҳои зарарнок», «Нутқи моро чӣ вайрон мекунад» ва ҳоказо.

Дар машғулиятҳои беруназсинфӣ ба ҷавоби ҳар як хонанда ба тариқи хол  баҳо дода мешавад.  Ба  холҳои гирифтаи хонанда байрақча медиҳанд. Дар охир маълум мешавад, ки кадом хонанда бисёр байрақча ё ситорача гирифтааст ва ҳамон хонанда ғолиб дониста мешавад. Ин бозиро муаллимон метавонанд   байни қаторҳои синф низ гузаронанд.  Дар охири ҳар як  машғулият муаллим ба хонандагон ё қаторҳо вазифаҳои хонагӣ месупорад ва хонандагон метавонанд то машғулияти оянда мувофиқи супориши муаллим чистону шеър,  зарбулмасалу тезгўякҳоро навишта, расмҳои гуногун ҷамъ кунанд.

Моҳияти  асосиии таълими  фанҳои забони модарӣ, математика, табиатшиносӣ, асосҳои санъати тасвирӣ ва ғайраҳо    дар  он  аст, ки  мавзуи  омўзишии    онҳо  шаклҳои  фазоӣ  ва  муносибатҳои  миқдори олами воқеиро  таҳлилу  тадқиқ менамояд.  Хулоса, аҳамияти  таълимӣ-тарбиявии фанҳои мазкур дар синфҳои  ибтидоӣ   ба мавқеи    бозиҳои  дидактикӣ  ва тарзу шаклҳои гузаронидани онҳо робитаи зич дорад.

 

Мавлуда Содиқова,

омўзгори синфҳои ибтидоии МТМУ№10, ноҳияи Рўдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш