Тарбия нурест равшанибахши қалби насли наврасон, роҳест ба сўйи мақсадҳои нек, калидест, ки дари хушбахтиҳоро ба рўйи шахс боз мекунад, суханест, ки насли наврасро ба ахлоқи ҳамида ҳидоят менамояд.
Тарбия аз ҷониби насли калонсол ба насли ҷавон омўзонидани таҷрибаи ҳаётӣ ва фаъолияти меҳнатӣ аст. Тарбия тафаккур, шуур ва хиради одамиро инкишоф медиҳад, суфта ва сайқал мегардонад. Дар пайдоиш ва шаклёбии тарбияи насли наврас оила нақши муҳим мебозад.
Сарчашмаҳои асосии тарбияро панду андарзҳои ниёгони форсу тоҷик, зарбулмасал ва мақолҳои халқӣ, корномаи қаҳрамонҳои миллат, образҳои мусбии афсонаҳои халқи тоҷик, ҳаёти шахсони рўзгордида, фидоиёни миллат, асарҳои адибони тоҷик, барномаҳои пандуахлоқӣ ва маънавию маърифатии садою симо ташкил медиҳанд.
Бо мақсади дуруст ба роҳ мондани тарбияи насли навраси Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳим- Консепсияи миллии тарбия (03.03.2006) қабул гардидааст.
Яке аз қисматҳои муҳими ин ҳуҷҷат тарбияи масъулиятшиносӣ мебошад. Калимаи «масъулият» дар луғат «уҳдадорӣ» ё «ҷавобгарӣ» аст. Ашхосе чунин мепиндоранд, ки масъулият хислат аст. Аммо чунин нест. Ҳисси масъулиятро тарбия намудан лозим. Масъулият дар одам аз кўдакӣ тарбия меёбад. Агар шахс доимо ба рафтору кирдораш назорат барад, ба суханонаш диққат диҳад, ўро одами ботарбия номидан мумкин аст.
Масъулиятшиносӣ аз ҷумлаи сифатҳои муҳими шаҳрванд мебошад. Шахси масъулиятшинос вазифаи худро дар мактаб, оила, ҷойи кор ва маҳалли зист хуб иҷро карда, сабабгори пешрафту осоиштагӣ мешавад. Шаҳрвандони масъулиятшинос фонди тиллоии ҳар як ҷомеаро ташкил медиҳанд. Онҳо дорои виҷдони пок, шаъну шараф, нангу номус ва сифатҳои дигари ҳамидаанд. Шаҳрванди масъулиятшинос вазифаю уҳдадориҳои худро дар сатҳи баланди сифатӣ ва касбӣ иҷро менамояд. Масъулиятшиносӣ тавонистани қабули қарор дар вазъиятҳои душвор на танҳо барои худ, балки барои онҳоест, ки аз ў вобастагӣ доранд. Масъулиятшиносӣ- ин фаҳмидани оқибатҳои корҳоест, ки рафтори шахсро инъикос мекунад.
Тарбияи масъулиятшиносӣ аз оила ва кўдакистону мактаб оғоз ёфта, он дар овони калонсолӣ ва фаъолияти шаҳрванд таҳким меёбад. Бисёр падару модарон шикоят мекунанд, ки кўдаконашон бо масъулият нестанд. Қайд кардан зарур аст, ки кўдак масъулиятманд таваллуд намешавад. Ин сифатро дар ў тарбия кардан зарур аст. Кўдакон ба ҳар як қадами мо назорат мебаранд. Онҳо на ҳама вақт гуфтаву хоҳишҳои моро иҷро мекунанд, аммо ҳар вақт рафтори мо, махсусан, падару модарро тақлид мекунанд. Бояд бипурсид, ки оё рафтори ман ба фарзандам намунаи ибрат шуда метавонад? Мо бояд фақат ҷиҳатҳои манфии кўдакро набинем. Агар танҳо ба камбудиҳои кўдак диққат диҳем, ин ўро асабӣ ва ноумед мекунад. Махсусан, вақте сухан дар бораи масъулияти кўдак меравад: вазифаи хонагиро иҷро карда наметавонад, дер мемонад, дар вақти муайяншуда наояд, либосашро иваз накунад.
Масъулиятшиносӣ дар илми педагогика кўшишу ғайрат, сарфаҳм рафтан ба оқибатҳои кори худ, ба низом даровардани фаъолияти худ, шахсияти худ ва хоҳишҳои худ аст. Масъулиятшинос будан оид ба қарорҳои худ ҳисобот додан ва дар иҷрои он ҷавобгар будан аст.
Кўдаки бомасъулият ҳамаи супоришҳоро дар вақташ на танҳо ба манфиати худ, балки ба фоидаи муассиса, ҷомеа ба ҷо меорад. Кўдак ҳаракат мекунад, ки дар вақташ супоришҳоро ба иҷро расонад. Тарбияи масъулиятшиносӣ шахсияти кўдакро қавӣ мегардонад, хислатҳои неки инсониро дар ў тақвият мебахшад.
Тадқиқотчиён ба чунин хулоса омаданд, ки масъулиятнокии кўдакро ба воситаи бозӣ низ такмил додан мумкин аст. Ба корҳои эҷодӣ ҷалб намудани кўдак (расмкашӣ, рақс, сурудхонӣ) имкон медиҳад, ў масъулиятнок бошад ва худашро муаллифи фаъолияти худ ҳисоб кунад.
Маҳбуба Одинаева,
омўзгори синфҳои
ибтидоии МТМУ № 1,
шаҳри Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр