Нашрияи Омӯзгор

Роҳҳои омўзиши забони англисӣ

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 86        Шарҳ: 0

 

Дар замони ҷаҳонишавӣ омўзиши забонҳои хориҷӣ аҳамияти бештар пайдо карда, баҳри фарогирии осори пурарзиши мутафаккирон ва адибони ҷаҳон мусоидат мекунад. Ба масъалаи омўзиши забонҳои хориҷӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва дар ин масъала аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар дастуру китобҳои гуногун ба табъ расидаву дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида мешавад.

Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷумлаи иқдомҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ин иқдоми Ҳукумати кишвар ба рушд ва такмили омўзиши забонҳои хориҷӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Ман ҳамчун омўзгори забони англисӣ кўшиш менамоям, ки бо роҳҳои гуногун ва шеваҳои рангини тадрис хонандагонро ба омўзиши забонҳои хориҷӣ ҷалб намоям. Имрўз имконоти васеъ ҷиҳати омўзишу аз худ кардани забони англисӣ ба вуҷуд омадааст ва дар ин самт аз техникаву технологияи муосир истифода намудан манфиатбор хоҳад буд.

Якум, қадами нахустин дар роҳи омўзиши забони англисӣ ба роҳ мондани машғулият пурра ба забони англисӣ маҳсуб меёбад. Омўзгорро зарур аст, ки дар раванди таълим бо забони англисӣ суханронӣ намояд ва ин омил метавонад, аз як тараф, шавқу рағбати  хонандагонро бедор намояд, аз ҷониби дигар, нутқи шифоҳии онҳоро тақвият бахшад.

Дуюм, бо истифода аз воситаҳои технологияи муосир ва тахтаҳои электронӣ филмҳои кўтоҳи тарбиявӣ ва мустанадро бо забони англисӣ дар ҳаҷми 5 – 10 дақиқа пешниҳод кардан таъсиргузор хоҳад буд. Зеро пешниҳоди филмҳои гуногуни дидактикии шавқовар ба рушди тафаккур ва забондонии  хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Сеюм, дар ҳар дарс  10 луғати навро ба дафтарчаҳои кисагии хонандагон  барои аз худ кардан навиштан зарур мебошад. Чун яке аз воситаҳои сухандону суханвар гардидани насли наврас фонди ғании луғавии онҳо мебошад. Ҳар қадар хонандагон луғатҳои зиёдеро аз бар кунанд, ҳамон андоза барои фасеҳу равон такаллум намудани онҳо манфиатбахш аст.

Чорум, мутолиаи осори бадеӣ ба забони англисӣ яке аз роҳҳои сухандон гардидани хонандагон маҳсуб меёбад. Дар ин ҷода, аввалан китобҳои содаву осонфаҳм, аз ҷумла, афсонаҳои ҷолибу хондании адабиёти ҷаҳонро барои мутолиа тавсия бояд кард. Махсусияти китоб дар он аст, ки аз як ҷониб, донишу ҷаҳонибии мактабиёнро такмил бахшад, аз сўи дигар, онҳо луғатҳои навро аз худ менамоянд ва нутқашон такомул меёбад.

Панҷум, ташкили саҳнаҳои тарбиявӣ дар дарсҳо бо иштироки хонандагон, ки пурра бо забони англисӣ сурат бигирад.  Яъне, дар ин замина метавон фазои забономўзиро дар синфхона ба вуҷуд овард.

Ҳамин тавр, мо, омўзгорон метавонем бо роҳу усулҳои муассири таълим, шавқу рағбати  хонандагонро ба омўзиши забонҳои хориҷӣ бедор намоем ва наврасону ҷавонони донандаи забонҳои хориҷиро ба камол расонем.

                                                                          

Сурайё ҒАФФОРОВА,

омўзгори забони англисии

гимназияи №2-и

шаҳри Бўстон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш