Нашрияи Омӯзгор

Воситаи муҳими рушди тафаккур

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 77        Шарҳ: 0

 

Забон воситаи муоширати байни одамон дониста мешавад. Аз худ кардани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию норасоиҳои рўзмарраи ҳаёти башарӣ, рушду пешравиҳо ба хубӣ огаҳ бошад. Барои омўхтани забони дигар мо бояд, пеш аз ҳама, забони модарии хешро ба хубӣ донем ва дар ин асос метавонем, ки ба хубӣ дигар забонҳоро омўзем.

Хушбахтона, дар муассисаҳои таълимии ҷумҳуриамон забонҳои гуногуни ҷаҳонӣ омўхта мешаванд. Имрўзҳо фарзандони тоҷик бо якчанд забони дунё муошират карда, ба давлатҳои хориҷа мераванд, таҳсили илм мекунанд ва соҳибмаълумот мегарданд.

Дар ҳақиқат, омўзиши забони англисӣ ба муҳассилини тоҷик ҷиҳати амалӣ кардани мақсадҳои наҷиб имконоти васеъеро ба вуҷуд меорад. Аз ин рў, мо - омўзгорони забони англисӣ, вазифадорем, ки шогирдони худро бо меҳру муҳаббати беандоза ба омўзиши забонҳо, аз ҷумла, забони англисӣ ҷалб намоем.

Гулшод ДОВУДӢ ,

омўзгори забони англисии МТМУ №42-и шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш