Нашрияи Омӯзгор

Ташаккули шахсияти хонандагон

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 75        Шарҳ: 0

 

Оила яке аз рукнҳои асосии таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Агар дар тарбияи оилавӣ камбудие ба амал ояд, бартараф намудани он барои оила, мактаб ва ҷомеа душвор мегардад. Барои ҳамин падару модар дар оила намунаи ибрат барои фарзандашон бояд бошанд. Фарзанд аввалин ҳарф, аввалин рафтору кирдор ва аввалин қоидаҳои ҳурмату эҳтиром нисбат ба калонсолонро аз оила меомўзад.

Барои воқиф гардидани волидайн аз дониш ва муносибати фарзандонашон, омўзгоронро зарур аст, ки пайваста дарсҳои кушодро бо иштироки падару модарон ташкил кунанд. Ин тарзи кор бо падару модарон имкон медиҳад, ки аз дониш, одобу ахлоқ, тарзи суханронӣ, омодагии онҳо ба машғулиятҳо ва аз тарзи гузаронидани дарсҳои омўзгорон ошноии амиқ дошта бошанд ва камбудиҳои ҷойдоштаро дар якҷоягӣ бартараф намоянд. Бояд падару модар дар оила ба фарзандашон шароити хуби таҳсил фароҳам оваранд. Муҳайё намудани ашёи хониш, адабиёти тозанашри бадеӣ, ҷудо намудани хонаи махсуси дарстайёркунӣ ва аз болои фарзандони худ ҳамарўза назорати қатъӣ бурданро волидон бояд вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморанд. Баъзан сабабҳои асосии душворӣ кашидани фарзандон, дилсард гардидани онҳо аз таълиму тарбия аз беаҳамиятии баъзе оилаҳо маншаъ мегирад. Муносибати сарди падару модарон бо фарзандон, алоқаи қавӣ надоштани оила бо мактаб, муносибати дағалонаи падар бо аҳли оила, дур мондани фарзандон аз мактаб, махсусан, духтарон, муҳоҷирати меҳнатии волидайн боиси бепарво ва дилсард гардидани фарзандон аз таҳсил, оворагардии онҳо ва содир намудани ҷиноятҳои вазнин мегардад. Тарбияи фарзанд барои мардуми тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём мақоми хосса дошт. Гузаштагони фарҳангпарвари мо тавассути андарзномаҳо аз синни хурдӣ ба фарзандони хеш одобу ахлоқи ҳамидаи инсониро меомўхтанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» асосан ба таълиму тарбияи фарзандон дар ҳамкории оила ба мактаб нигаронида шудааст.

Дар замони имрўза зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо мактаб ва аҳли ҷомеа, омўзгорон ҷиҳати татбиқи бандҳои ин қонун камари ҳиммат банданд. Он пайваста ва зина ба зина амалӣ мегардад. Агар каме таъхир намоем, таълиму тарбияи мо самараи хуб ба бор намеорад. Воқеаҳои замони муосир гувоҳи онанд, ки набудани робитаи мустаҳкам байни оила, мактаб ва ҷомеа, сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, тафаккур ва ҷаҳонбинии маҳдуди онҳо оқибатҳои ногувор ба бор меоварад. Ҷои маънавияту ахлоқи некро бедонишиву бадахлоқӣ мегирад, ки ин ба ҳаёти минбаъдаи фарзандони мо таъсири манфӣ мегузорад ва зиндагии хушу гуворои онҳоро ба шоми тираву тор табдил медиҳад.

Хулоса, замони муосир тақозо менамояд, ки бояд оила, мактаб ва ҷомеа байни ҳам равобити қавӣ дошта бошанд ва дар ҳамбастагӣ дар тарбияи фарзандони худогоҳу ватандўсти миллат саҳмгузор бошанд ва ҳар яке масъулияти худро дар назди давлату миллат бо сарбаландӣ иҷро намоянд.

 

Зулфия Солиева,

омўзгори МТМУ №51-и ноҳияи Рўдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш