Нашрияи Омӯзгор

Таваҷҷуҳ ба донишомўзон муҷиби пешравиҳост

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 90        Шарҳ: 0

 

Дар шароити Тоҷикистони имрўза масъалаи ангезабахшӣ (мотиватсия)-и донишомўзон ба таҳсил ва худтакмилдиҳӣ дар низоми омўзишӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Барои фаъол намудани донишомўзон ва омода намудани мутахассисони варзидаву ҷавобгў ба талаботи муосир нақши ин омил метавонад муассир бошад.

Хусусан, рушди неруи инсонӣ дар кишвар, ки нақши муассисаҳои таҳсилотӣ дар он барҷаста аст, аз бисёр ҷиҳат ба дурустии ҳалли ин масъала вобаста аст. Дар шароити кунунӣ танҳо бо омода намудани мутахассисони варзида ва ҳирфаӣ мо метавонем, ба рушди неруи инсонӣ дар кишвар мусоидат намоем, ки он метавонад муҳаррики пешрафти ҷомеаи мо гардад.

Бояд гуфт тарбияи равонии донишомўзон дар зинаҳои поёнии маълумотгирӣ ба мақсад мувофиқ нест. Чунин ба назар мерасад, ки ба масъалаи тарбияи равонии онҳо дар муҳити таҳсилотии мо таваҷҷуҳи назаррас карда намешавад ва аз ин рў, аксари донишомўзон аз сабаби надоштани таълим ва тарбияи равонии мувофиқ ба хониш ва худтакмилдиҳӣ ангезаи муносибро нишон намедиҳанд. Дар ҳамин ҳол яке аз вазифаҳои муҳими сарпарастони гурўҳҳои академӣ ва дар умум, устодони муассисаҳои таҳсилотии кишварро тарбияи равонии донишомўзон ва ангезабахшии онҳо ба таҳсил ва худтакмилдиҳӣ ташкил медиҳад. Бинобар ин, ба ин масъала зарур медонем, ки ба чанд ҷиҳат таваҷҷуҳ карда шавад:

Бунёд намудани муҳити аз ҷиҳати равонӣ таъсиркунанда дар синфхонаҳо. Дар муҳити синфхонаҳо омўзгоронро зарур аст, чунин шароите фароҳам оваранд, ки ба кўшишҳои ангезабахшии донишҷўён мусоидат дошта бошад. Хусусан, муҳити синфхона чунин ташкил карда шавад, ки аз ҷиҳати равонӣ ҷолиб ва барои ангезабахшиву худтакмилдиҳии донишомўзон ҳамеша созгор бошад. Омўзгорон метавонанд, аз шеъру таъбирот ва ҳикматҳои таъсирбахши шахсиятҳои барҷаста лавҳаҳо омода намуда, дар синфхонаҳо насб намоянд. Ҳамчунин, дар гўшаи гурўҳҳо ҷой додани қисмати «Ҳикмати рўз»-ро мувофиқи мақсад мешуморем. Чунин муҳит метавонад, ҳамарўза ба донишомўзон таъсири визуалӣ дошта бошад ва дар рушди ангезаи онҳо мусоидат намояд.

Таваҷҷуҳ намудан ба хударзёбии донишомўзон. Ҳамчун сарпарасти гурўҳи академӣ ё роҳбари синф омўзгорро зарур аст, ки ба масъалаи хударзёбии донишомўзон таваҷҷуҳи хоса дода бошад. Вазифаи омўзгор дар ин самт метавонад аз он иборат бошад, ки усулҳои хударзёбиро ба донишомўзон биомўзад ва дар ин мавзўъ бо онҳо суҳбатҳо баргузор намояд. Хусусан ба донишомўзон омўхта шавад, ки ҳамеша ба таҷзияву таҳлили худ машғул бошанд ва фаъолияти худро арзёбӣ кунанд.

Баргузор намудани мавзуъҳои тарбиявии ҷиҳати равонидошта. Сарпарастони гурўҳҳои академӣ ва роҳбарони синфро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи нақшаи тарбиявӣ ва баргузор намудани машғулиятҳо ба ҷиҳати равонии мавзуъҳо таваҷҷуҳ намоянд. Омўзгорон метавонанд, дар шаклҳои гуногун дар ҳар мавзуе ҷиҳати тарбияи равониро истифода намоянд ва ё ба пуррагӣ мавзўъро ба тарбияи равонии донишҷўён бахшида бошанд.

Тавсияи мутолиаи китобҳо дар соҳаи технологияи андеша ва ангезаи равонӣ. Имрўз китобҳои зиёди дастрас дар мавриди технологияи андеша вуҷуд доранд, ки шумори назарраси онҳоро бо забонҳои русӣ ва англисӣ метавон дар шабакаи Интернет пайдо намуд. Омўзгорро зарур аст, ки якчанд номгў аз чунин китобҳоро барои хондан ба донишомўзон тавсия карда бошад, зеро чунин ба назар мерасад, ки аксарияти донишомўзон аз мавҷудияти чунин мавод ва муҳтавои он бехабар мебошанд.

Истифода аз таҷрибаи дигарон дар тарбияи равонӣ. Таҷрибаҳои зиндагии дигарон барои таҳрики ангезаи омўзишӣ ва худтакмилдиҳии донишомўзон муҳим аст. Дар ин маврид омўзгор метавонад, вохўрӣ ва суҳбати нафарони муваффақ, рўзгордида, дорои мавқеи муайян дар ҷомеа ва кордонро бо донишомўзон ташкил ва баргузор намояд. Суҳбат дар мавриди таҷрибаи онҳо метавонад таъсири муҳими равонӣ ба донишомўзон расонида бошад ва онҳоро ба самти омўзиш ва худтакмилдиҳӣ ҳидоят намояд. Чунонки таҷрибаи инсонҳои муваффақ нишон медиҳад, ҳама гуна дастовардҳо ҳосили кўшиши пайгирона, худбоварӣ ва фаъолияти эътимодноки онҳо мебошад. Яъне, муваффақият ҳосили беҳаракатӣ ва беаҳамиятӣ буда наметавонад. Ҳамчунин, дар ин ҷода барои таҳрики равонии донишомўзон омўзгор метавонад, ба онҳо мутолиа ва омўзиши асарҳои шарҳиҳолиро тавсия диҳад, то донишомўзон бохабар аз он гарданд, ки чӣ гуна инсонҳо дар саҳнаи таърих дурахшидаанд, муваффақ шудаанд ва ё худ обутоб ёфтаанд. Асарҳои шарҳиҳолӣ донишомўзонро бо таҷрибаи инсонҳои шарафманд ошно намуда, метавонанд, дар тағйири рафтор, ангезабахшӣ ва худтакмилдиҳии онҳо муассир бошанд.

Дар рўҳияи ғолибият тарбия намудани донишомўзон. Омўзгор ҳамеша кўшиш дошта бошад, ки донишомўзонро дар рўҳияи ғолибият тарбия намояд. Дар донишомўзон тарбия намудани чунин фаҳме муҳим аст, ки аксаран муваффақият дар омўзиш, рушди касбӣ ва дар умум, дар ҳаёту зиндагии ояндаашон аз худи онҳо вобастагӣ дорад. Дар шароити кунунии рақобатнокӣ ва рушди арзишҳои ҷомеаи сармоядорӣ танҳо шахсоне муваффақ мешаванд, ки худро бо талабҳои бозори корӣ, чун мутахассиси арзанда ва соҳибтахассус омода менамоянд.

Донишомўзони шумо чӣ барномарезӣ доранд? Масъалаи барномарезии донишомўзон дар муҳити омўзишии мо хеле муҳим мебошад. Чунин мушоҳида мегардад, ки аксари донишомўзони мо барномарезӣ надоранд ва нақшаи фаъолияти худро барои якчанд сол таҳия накардаанд. Албатта, дар ҳолати надоштани барномарезӣ ва мақсади муайян ҳолати номуайянӣ дар ҳаёти донишомўзон зуҳур мекунад, ки аз ҳар ҷиҳат ангезаи онҳоро ба таҳсил нобуд месозад. Омўзгорро зарур аст, пайгири он бошад, ки донишомўзони ў чӣ барномае барои оянда доранд. Онҳо кадом стратегияҳоро барои амалӣ намудани барномаи худ истифода мекунанд.

Дар умум, моро зарур аст, ки миёни донишомўзон ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ, худбоварӣ, масъулиятшиносӣ ва мустақилиятро парвариш намуда бошем. Донишомўзон бидонанд, ки чӣ гуна будани ояндаи онҳо танҳо аз фаъолият ва кўшиши имрўзаи онҳо вобастагӣ дорад. Аслан, муҳити омўзишии муосир аксаран тамоюл ба самти ангезабахшӣ ва боварсозӣ дорад, то донишҷў сари масъалаи худтакмилдиҳияш ба хотири рақобатпазир будан дар бозори кору фаъолият дар оянда биандешад.

 

Шарофиддин Солиев,

омўзгори кафедраи

сиёсатшиносии  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,  бизнес ва

сиёсати Тоҷикистон,

номзади илмҳои сиёсӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш