Нашрияи Омӯзгор

Масолеҳи полиэтиленӣ ва ҳифзи муҳити зист

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 67        Шарҳ: 0

 

Яке аз самтҳои амалӣ гардонидани дониши кимиёвии хонандагон ташаккули илмии фаҳмишу дарки онҳо ба нақш ва мавқеи инсон дар табиат мебошад.

Аз ин рў, тарбияи толибилмон дар рўҳияи табиатдўстӣ, ҳифз ва муҳофизати он яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омўзгорони фанни кимиё маҳсуб меёбад.

Бояд гуфт, ки табиат на танҳо сарватҳои зеризаминӣ, балки сарчашмаи саломатӣ, манбаи эҷоду муваффақият низ ҳаст. Дар баробари ин, табиатро метавон ҳамчун тарбиятгару табобатгар низ шинохт. Аммо инсоният барои беҳтар намудани шароити зиндагии худ ба муҳити зист зиддият пайдо мекунад, ки дар ҷавоб табиат ба саломатии ў таҳдид менамояд.

Афзудани корхонаҳои саноатӣ, энергетикаи атомӣ, иншоотҳои обӣ, партовҳои истеҳсолӣ, бухори нақлиёти заминию ҳавоӣ, партовҳои масолеҳи полиэтиленӣ (хусусан, шишаҳои пластмассӣ ва халтаҳои борпечонӣ) ҳавою обро заҳролуд намуда, боиси зиёдшавии гази карбонат ва кам шудани оксигени ҳаво мегарданд.

Дар раванди тараққиёти илму техника, хусусан дар соҳаи химияи органикӣ, моддаҳое синтез шудаанд, ки ҳатто дар табиат ҳам вуҷуд надоранд (мисоли массаҳои пластикӣ). Дар синфи 10 омўзиши карбоҳидрогенҳои беҳад аз этилен оғоз мегардад. Омўзгори кимиё пас аз омўзонидани барномаи таълимӣ оид ба сохт ва хосиятҳои физикию химиявии этилен, усулҳои аз он ҳосил кардани полиэтиленро ба хонандагон мефаҳмонад. Бояд ёдовар шуд, ки инсоният дар ҳамаи соҳаҳо аз масолеҳи полиэтиленӣ хеле васеъ истифода мебарад, зеро он камарзиш ва сабуку қулай аст (аз ҷумла, барои нигоҳ доштани нўшокиҳои газноки хунук ва халтаҳои борпечонию борбардорӣ). Дар ҳамин асно, омўзгор бояд моҳияти масъаларо бо мисолҳои дақиқ ё наворҳое, ки дар он партови массаҳои пластикӣ дар об, халтаҳое, ки шамол онҳоро ба буттаю дарахтон бурдааст, мунъакис шудааст, фаҳмонад. Дар халтаҳои полиэтиленӣ гирифтан ва нигоҳ доштани маҳсулоти ғизоӣ зараровар аст, зеро он оҳиста-оҳиста моддаи заҳрнок хориҷ мекунад. Дар баробари ин, чунин партовҳо ҳам ба ҳайвоноти обӣ, парандагон ва ҳам инсон зарар меоранд. Гузашта аз ин, сабаби косташавии ҳусни шаҳр ва дар умум, табиат низ мегарданд.

Бинобар он, омўзгоронро зарур аст, ки дар дарсҳои химия оид ба ташаккули фаҳмиши муҳофизат ва ҳифз намудани табиат семинарҳо ташкил намуда, аз оқибатҳои муносибати бади инсон нисбат ба табиат ва вокуниши табиат ба инсон мубодилаи афкор намоянд. Ё ақаллан 2-3 дақиқаи соати дарси худро ба ин масъалаи мубрам равона созанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин тарзи кор дар инкишофи тарбияи экологии толибилмон таъсири калон мерасонад.

Ҳамин тавр, мо табиат, флора ва фаунаи онро ҳифз намуда, вазифадорем, ки барои насли ояндаи худ боқӣ гузорем ва ҳеҷ гоҳ дар ҳифзи муҳити зист бетарафӣ зоҳир накунем.

Баҳодур ЗИЁЕВ,

омўзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш