Нашрияи Омӯзгор

Оре, таълими химия такмил мехоҳад

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 85        Шарҳ: 0

 

Банда собиқадори меҳнат ҳастам ва тамоми фаъолияти кориамро ба тарбияи насли наврас ва таълими химия бахшидаам.

Дар ҳафтаномаи «Омўзгор» мақолаи яке аз омўзгорони ботаҷриба, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ноҳияи Файзобод Баҳриддин Холиқовро таҳти унвони «Таълими химия такмил мехоҳад», (Омўзгор, № 22, 3 июни соли 2021) хонда, хеле хурсанд шудам ва хостам, ҳамчун мутахассиси ин соҳа фикру андешаҳои худро оид ба мақолаи мазкур баён намоям.

Маълум аст, ки омўзиши ҳамаи фанҳои таълимӣ дар мактаб аз синфҳои поёнӣ оғоз мегардад, аммо таълими фанни химия аз синфи 8 оғоз мешавад, ки ба назари мо хеле дер аст. Гузашта аз ин, дар соҳаи маориф омўзиши илмҳои бунёдӣ дар мадди аввал қарор гирифтааст, ки бевосита ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар иртибот дорад. Фанни химия низ ба қатори илмҳои дақиқ дохил мешавад, аммо миқдори соатҳои дарсие, ки ба таълими ин фан ҷудо карда шудааст, ниҳоят кам аст. Хонанда зимни омўзиши фанни химия ба 119 элемент ё ба истилоҳ «алифбои химия» шинос мешавад, ки аз  ду ҳарфи лотинӣ ё юнонӣ гирифта шудааст ва барои омўзиши аломат, формула, ном ва талаффузҳои онҳо вақт кам мемонад.

Аз ин рў, мо пешниҳод менамоем, ки омўзиши фанни химия аз синфи 7-ум сар карда шавад, зеро дар синфи 7-ум танҳо «алифбои химия» мафҳумҳо, модда, валент, формула ва муодилаҳоро омўзонида, пас аз синфи 8-ум омўзиши элементҳои оксиген ва гидрогенро оғоз намудан зарур аст.

Таклифи дигари ман ҳамчун омўзгори ин фан он аст, ки таълими фанни химия амалро мехоҳад, аммо дарсҳои амалӣ ниҳоят каманд. Ман ҳамчун мутахассиси ин соҳа дарсҳои амалиро бештар барои ҳалли мисолу масъалаҳо сарф менамоям, чунки он реактивҳое, ки дар тўли солҳои 1975-1978 ва солҳои 1990 дар мо ҳастанд, барои гузаронидани таҷрибаҳо мувофиқат намекунанд ё натиҷа намедиҳанд.

Пештар барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ аз фанни химия дар як сол спирт таъмин карда мешуд. Ҳоло омўзгорро лозим аст, ки спирт ва дигар моддаҳои заруриро худаш харидорӣ намояд.

Нашри китобҳои дарсӣ ва сифати онҳо қаноаткунанда мебошанд, ки ин хуб аст. Китобҳои дарсии имрўза аз тестҳо ва машқу масъалаҳо иборат аст, ки талаботи давру замон мувофиқанд.

Инчунин, пешниҳод менамоем, ки барномаҳои таълимии фанни химияро бояд омўзгорони ботаҷрибаи ихтисосманд ва собиқадори соҳа мувофиқи талаботи завқу фаҳмиш ва синну соли хонанда тартиб диҳанд.

О.НОРМАҲМЕДОВ

омўзгори химияи

МТМУ№13,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш