Нашрияи Омӯзгор

Омўзиши фанҳои дақиқ ва шеваҳои гуногуни он

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 64        Шарҳ: 0

 

Омўзиши илмҳои бунёдӣ ба рушду пешрафти  кишвар мусоидат мекунад. Татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар  маҳз ба фанҳои табиию риёзӣ вобаста аст. Бинобар ин, зарур аст, ки ба омўзиши илмҳои дақиқ шавқу рағбати насли наврасро аз зинаи таҳсилоти томактабӣ оғоз намуд.

Мураббия  метавонад бо воситаҳои аёнӣ ва расму нақшаҳои содаву диққатҷалбкунанда таваҷҷуҳи хурдсолонро ба омўзиш бедор намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат (26.12.2019) таъкид доштанд, ки «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзўр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад».

Воқеан, татбиқи барномаи мазкур ба рушди илмҳои бунёдӣ мусоидат мекунад. Барои  ин зарур аст, ки дарсҳоро дар сатҳи баланд ва рангину ҷолиб гузаронем. Дар раванди дарс аз ҳаёту фаъолияти нобиғагони ҷаҳон дар рушди илмҳои табиӣ ва бунёдӣ қадами ҷиддиро гузоштаанд, маълумот пешниҳод кардан аз аҳамияти холӣ нахоҳод буд. Тараққии босуръати технология муосир маҳз аз пешрафти илмҳои бунёдӣ дар арсаи ҷаҳон далолат мекунад. Ҳамин аст, ки соли равон бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурўғи маърифат» гузаронида шуд, ки ба гумони инҷониб, тавонист ба дарёфти лаёқатмандону ихтироъкорони ҷавон мусоидат намояд. Дарвоқеъ, озмунҳои гуногун, ки ҳамасола дар сатҳи ноҳияву шаҳр ва вилояту ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегарданд, аз як тараф, ба дарёфти истеъдодҳо мусоидат кунанд, аз ҷониби дигар, ба шавқманду ҳавасманд шудани насли нарвас такони ҷиддӣ мебахшанд. Дар озмун ҳавасманд намудани хонандагону донишҷуён ва омўзгорон, шавқу рағбати наврасону ҷавононро бедор намуд. Ҳар қадар тафаккури техникии наврасону ҷавонони мо вусъат ёбад, ҳамон қадар ба рушду пешрафти саноатикунонии  кишвар наздик мешавем.

Ман, ҳамчун омўзгори математика, кўшиш мекунам, ки  дарсҳоямро рангину ҷолиб баргузор намоям. Барои ин дар дарс аз воситаҳои гуногуни аёниву технологияи замонавӣ васеъ истифода мекунам. Маълум мегардад, ки нақши омўзгор дар шавқманд гардонидани насли наврас  бузургу мондагор мебошад. Дар баробари ин, тавсия намудани омўзиши фаъолияти олимону донишмандон, ки дар рушди илмҳои бунёдӣ  хидмати шоиста кардаанд, манфиатбахш аст. Агар ба таърих назар афканем, маҳз мутафаккирону донишмандони тоҷику форс  дар рушду такомули  илмҳои бунёдӣ ва ба консепсияи муайяни илмӣ даровардани онҳо саҳм гузоштаанд. Аз ин рў, донистани таърихи илмҳои дақиқ ва марҳалаҳои рушди он хонандагонро водор менамояд, ба омўзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар намоянд.

 

Заррина ҲАФИЗОВА,

омўзгори математикаи

литсейи №1, шаҳри Бўстон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш