Нашрияи Омӯзгор

Тарбият ҳар фардро комил кунад

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 770        Шарҳ: 0

Тарбия ҷараёни дарозмуддатест, ки тамоми умр идома меёбад. Ҳамаи мо ба тарбия муҳтоҷем. Маҳз тавассути  тарбия кӯдакони хурдсол тадриҷан ҳамчун фарди комил ташаккул меёбанд.

Тарбият ҳар фардро комил кунад,

Корҳоро бар муроди дил кунад.

Хонандагони синфҳои ибтидоӣ табиист, ки ба тарбия зиёдтар эҳтиёҷ доранд. Омӯзгорон, ки неруи асосии тарбиятгар ҳастанд, хонандагони хурдсолро бар кадом рӯҳия тарбия намоянд, онҳо ҳамон гуна тарбия меёбанд.

Чунин вазъиятро низ дар назар бояд дошт, ки ба тарбияи ахлоқӣ ва рафтори кӯдак на танҳо системаи муташаккилонаи тарбияи ахлоқӣ дар мактаб, балки омилҳои гуногун, аз қабили таъсири муҳити кӯча, муносибати озодона бо ҳамсолон, муносибат ба калонсолони ба ҳаёти кӯдакон сарукордошта низ таъсир мерасонад. Бояд иқрор шуд, ки дар муҳити кӯдакон омилҳое ҳастанд, ки ба онҳо нисбат ба мактаб бештар таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки омилҳои таъсиррасонии мактаб пурқувваттар гардонида шаванд. Ин бештар аз робитаи мустаҳками мактаб ва волидон вобаста аст.

Тарбияи ахлоқии хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ аслан тавассути фанҳои забони модарӣ, санъат ва меҳнат, табиатшиносӣ, суруд ва мусиқӣ ва соатҳои тарбиявӣ сурат мегирад.

Дар дарсҳои забони модарӣ бештар ҳикояву афсонаҳо, зарбулмасалу мақолҳое истифода бояд шаванд, ки характери тарбиявӣ доранд: Масалан, ҳикояи «Дар ҳифзи нони муқаддас» («Забони модарӣ», синфи 3) (Талбак Лолаев ва дӯсташ ғаллазорро аз сӯхтор муҳофизат мекунанд) рӯҳияи ватанпарастию шуҷоатмандӣ ва масъулиятшиносии хонандагони хурдсолро бедор менамояд. Ҳангоми нақли ҳикоя хонандагон бо ҳаяҷон гӯш мекунанд. Ба назар чунин менамояд, ки онҳо худро дар ҷои Талбак тасаввур намуда, тайёранд, то бо оташ мубориза бурда ғаллазорро ҳифз намоянд, қаҳрамонӣ нишон диҳанд. Бисёр мисолҳо аз китобҳои дарсӣ оварда метавонем, ки ҳангоми омӯхтани барномаи таълимӣ хонандагони синфҳои ибтидоиро бо рӯҳияи ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ, зебоипарастӣ, муносибати хайрхоҳона нисбат ба атрофиён ва табиат тарбия менамоянд. Шахс танҳо тавассути тарбияи дуруст ва ҳадафмандона ба инсони ҳақиқӣ табдил меёбад. Талабагони хурдсол агар ба амалҳои нодуруст майл намоянд ва ба рафтори зишт одат кунанд, ислоҳи онҳо басо душвор хоҳад буд, чунки «Тарки одат  - амри маҳол» гуфтаанд. Бо ҳамин сабаб дар хонандагони хурдсол ташаккул додани хислатҳои неки инсонӣ басо зарур аст. Дар синфҳои ибтидоӣ, қабл аз ҳама, талаботи «Қоидаҳо барои хонандагон» - ро ба одати ҳаррӯзаи шогирдон табдил додан  аҳамияти калон дорад.

Онҳо барои тақвият додани хислатҳои муфид, анъанаҳои синф, худтарбиякунӣ, намунаи ибрат будани калонсолон, волидон ба хонандагон таъсири  мусбат мерасонанд. Толибилмон мувофиқи тавсияи барномаи таълимӣ ва пешниҳоди омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ бо асарҳои беҳтарини бачагона, рӯзномаю маҷаллаҳо шинос мегарданд. Аз ҳаёти ҳамсолони худ хабардор мешаванд. Кӯдакон бештар ба тақлидкорӣ мароқ доранд. Ҳангоми мутолиаи асари бадеӣ ё рӯзномаю маҷаллаҳо ба қаҳрамонони мусбат тақлид намуда, аз зишткорон канора меҷӯянд.

И. Нимонова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш