2 декабр дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзуи «Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон Саидислом Акрамзода, муаллифи барномаи «Тоҷикистон ва ҷаҳон»-и Телевизиони «Тоҷикистон», рўзноманигор Фатҳиддин Замон ва кормандону донишҷўёни фаъол иштирок намуданд.
Саидислом Акрамзода вобаста ба мавзуи ҷангҳои иттилоотӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа зикр кард, ки «шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанбаҳои мусбату манфӣ дошта, ба тафаккури ҷавонон таъсир мерасонанд. Моро зарур аст, то муқобили ҳама гуна маводи беасосу ғаразноки душманони миллат муборизаи иттилоотӣ бурда, ба ин восита миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро ҳимоя намоем».
Рўзноманигор Фатҳиддини Замон изҳор дошт, ки солҳои охир гурўҳҳои террористию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ифротияшонро тарғибу ташвиқ намуда, ҷавононро ба ин восита ба гурўҳу ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб мекунанд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Асадулло Наҷмиддиниён дар мавзуи «Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури ҷавонон», мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ, дотсент Диловар Маҷидов дар мавзуи «Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ» ва мудири шуъбаи таҳлилӣ – иттилоотии ДДЗТ Доро Суҳробӣ дар мавзуи «Фарҳанги истифодаи сомонаҳои интернетӣ аз ҷониби ҷавонон» маърўза намуданд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр