Нашрияи Омӯзгор

Заминаи асосии рушди босуботи иқтисодии кишвар

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 72        Шарҳ: 0

 

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар омода кардани мутахассисони соҳибкасб саҳми босазо дорад. Яке аз куҳантарин факултетҳои донишгоҳ факултети физикаю математика маҳсуб меёбад, ки соли 1932 таъсис ёфтааст. Тўли ин солҳо дар факултети физикаи донишгоҳ ҳазорҳо нафар мутахассиси варзидаи фанҳои дақиқ тайёр карда шудаанд, ки имрўзҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ кору фаъолияти пурсамар доранд.

Баробари ворид гардидан ба факултет аз таъмиру азнавсозиҳо ва ободонию созандагиҳо хушҳол гардидем ва воқеан бахшида ба “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” роҳраву синфхонаҳо, ҳуҷраҳои лабораторӣ хеле хуб таъмир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд. Мо бо декани факултети физикаю техника, номзади илмҳои кимиё, дотсент Парвизҷон Пўлотов дар ҳуҷраи кории ў суҳбат оростем.

- Айни замон дар факултет чор кафедра: методикаи таълими физика, назарияи физика, физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт, электроника мавҷуданд. Устодону олимон ва кормандон 56 нафарро ташкил дода, аз ин теъдод 4 нафар доктор, 17 нафар номзади илманд. Соли равон се нафар сарбаландона рисолаи номзадии худро дифоъ намуданд, - иброз дошт П.Пўлотов ва афзуд:

- Устодони факултет ба корҳои илмӣ машғул гардида, 2 китоби дарсӣ, 4 дастури таълимӣ, 20 мақолаи илмӣ ба нашр расонданд. Ҳамчунин, устодони факултет соҳиби ду патент: “Ҳосил кардани энергия аз нури офтоб” (таҳти роҳбарии номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Раҳимҷон Назаров) ва “Оксидшавии хўлаҳои алюминий дар ҳарорати баланд” бо сарварии номзади илмҳои кимиё, дотсент Парвизҷон Пўлотов) гардиданд, ки дар ҳаёт татбиқ намудани ин лоиҳаҳо хеле манфиатовар хоҳанд буд.

Ихтироъкорию навоварӣ дар факултет дар сатҳи назаррас қарор дорад. Устодони факултет дар ин самт низ корҳои шоистаро анҷом дода, соҳиби зиёда аз 40 патент мебошанд. Академики Академияи муҳандисии ҶТ, профессор М.Шерматов, узви вобастаи ҳамин Академия, дотсент М. Маҳмудов, дотсентон С. Ёқубов, Р. Валиев дар ихтироъкориву навовариҳои соҳаҳои физика ва техника ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Устодони факултет дар барномаҳои давлатӣ, гранту лоиҳаҳои муштарак пайваста иштирок менамоянд. Аз тарафи устодони кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт 4 лоиҳаи корҳои тадқиқотии байналхалқӣ бо дастгирии раёсати донишгоҳ амалӣ гардид.

Дар асоси лоиҳаи «Ташкил намудани системаи коммуникатсионӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ» бо дастгирии МИТБ-и Москва дар факултет як ҳуҷраи компютерӣ ташкил карда шуд, ки ин ҳуҷра якҷоя бо таҷҳизоти аз Маркази тадқиқотии Юлихи Олмон гирифта шуда, барои донишҷўён ва устодон ба маркази тадқиқотӣ мубаддал гардид. Мақсади лоиҳаи мазкур таъмин намудани ташкилоту муассисаҳо бо компютерҳои ҳозиразамон ва пайваст кардан ба шабакаи Интернет ба таври ройгон мебошад.

Дар асоси лоиҳаи «Ҳолати радиоэкологии Тоҷикистони Шимолӣ» бо кумаки Маркази илмии Юлих-Олмон таҷҳизоти қиматбаҳои ҳозиразамон ба лабораторияи навтаъсиси «Радиоэкология» дастрас гардид, ки бо воситаи онҳо донишҷўёну аспирантон корҳои курсӣ, дипломӣ ва корҳои тадқиқотӣ мебаранд.

Дар асоси лоиҳаи «ERASMUS MUNDUS External Cooperation Windowlot 9 CA» бо дастгирии Иттиҳодияи Аврупо якчанд донишҷў ва аспирантон дар давлатҳои Аврупо фаъолияти худро давом доданд. Ҳамкории илмии устодони факултет бо марказҳои илмиву таълимӣ ва муассисаҳои байналхалқӣ хеле густариш ёфтааст. Устодони факултет бо марказҳои бузурги илмии физика ва технологияи муосир робитаи зич доранд. Аз ҷумла, устодони кафедраи электроника бо Донишгоҳи технологии шаҳри Санкт-Петербург, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, устодони кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт бо ДФТ ба номи Иоффеи АИ Россия, ОИЯИ (ш. Дубна) ҳамкории илмӣ доранд.

 “Баргузории озмуни “Илм-фурўғи маърифат”, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола гузаронида мешавад, бешубҳа, иқдоми шоиста ва наҷиби Сарвари кишварамон буда, ба рушди илмҳои дақиқ мусоидат менамояд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур шогирдони факултет: Мафтуна Қуддусова сазовори мақоми дуюм ва Шодиев Шоҳмурод сазовори мақоми сеюм гардиданд. Ҳамчунин, се нафар донишҷў ба гирифтани стипендияи Президентӣ мушарраф гаштанд. Айни замон дар факултети физика ва техника 1136 нафар донишҷў, аз ин 12 нафар магистр, 2 нафар докторант, 309 нафар дар шуъбаи ғоибона ва 54 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд”, - таъкид менамояд декани факултет Парвизҷон Пўлотов. 

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш