Нашрияи Омӯзгор

Таълими адабиёти тоҷик таҷдиди  назар мехоҳад

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 89        Шарҳ: 0

 

Тўли 38 соли фаъолияти худ ҳамчун омўзгори забон ва адабиёти тоҷик ба хулосае омадам, ки дар таълифи китобҳои дарсии ин фанҳо бояд тағйироти ҷиддӣ ворид карда шавад. Чаро? Зеро таълими мавзуъҳои дарсӣ бо фарогирии қисматҳои зиёд, аз қабили тавзеҳу тафсири луғат, қироати ифоданоки шеър ва навиштани иншою эссе амали мураккабу душвор буда, соатҳои ҷудошуда барои дар сатҳи баланд ва мукаммал омўзонидани мавзуъҳои дарсӣ, аз нигоҳи мо, кифоят намекунад. Дар барномаи таълимӣ омўзиши ҳаёт ва эҷодиёти 10 – 12 ё 15 шоиру нависанда, шуруъ аз синфи 5 то 11 дар дарси адабиёти тоҷик пешбинӣ шудааст. Барои таълими эҷодиёти шоирону нависандагони тоҷик мутаносибан аз 62 то 102 соат (дар ҳар як синф) ҷудо гардидааст. Оё омўзиши ҳаёт ва ҷанбаҳои эҷодиёти тамоми шоиру нависандагон дар дарсҳои адабиёт зарур аст?. Ба андешаи мо, таълими мавзуъҳо бояд бештар алоқаманд ба намояндагони барҷастаи адабиёти ҳар асру замон бошад, беҳтар аст. Омўзиши осори мураккаб ва ба синну соли хонандагон номувофиқи гурўҳе аз шоиру нависандагон дар синфҳои 5 – 11 ҳеҷ зарурате надорад. Ман пешниҳод менамоям, ки дар як синф дар барномаи таълимӣ омўзиши ҳаёт ва эҷодиёти 5 адиб (3 нафар шоир ва 2 нафар нависанда) кифоя аст. Дигар мушкил, тарзи навишту таълифи китобҳои дарсии “Адабиёти тоҷик” мебошад. Забону сабк ва услуби навишти китоби “Адабиёти тоҷик” дар ҳамаи синфҳо (5 – 6 – 7) аз хрестоматия фарқ надорад. Чӣ, магар омўзгор олим  ё муҳаққиқ аст, ки моҳияту ғояи  ҳамаи  намунаҳои  осори  пешниҳодшударо пурра тавзеҳу ташреҳ дода метавонад? Омили маъмули  дигар, ба синну соли  хонанда мувофиқат накардани  китоби  “Адабиёти тоҷик” ба шумор меравад. Шояд вақти  он расидааст, ки  қолабҳои  маъмулро шикаста, фанни адабиётро ба шаклу шеваи  комилан нав, яъне таълими  осору аҳволи  шоиру  нависандагон, таҳлили  осори  назмию насрӣ, луғатнигорӣ ва қироати  шеър бо ҷудо кардани соатҳои  алоҳида (ё ҳамчун фанни алоҳида) мавриди  омўзиш қарор диҳем? Дар акси  ҳол, мо бо баёни  мавзуъҳое,чун омўзиши  батафсили ҳаёт ва эҷодиёти  ину он шоиру нависанда, вазъияти  сиёсию иҷтимоии  асру замонҳои  гуногун, таълими  назарияи адабиёт (санъатҳои  лафзӣ-бадеӣ), луғат, навиштани иншою эссе ва ғайра дар якҷоягӣ ба ҳадафи  ниҳоии  худ расида наметавонем.

Ширинҷон СОБИРОВ,

омўзгори  забон ва адабиёти 

тоҷики гимназияи  давлатии  №1,

ноҳияи  Дўстӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш