Нашрияи Омӯзгор

Роҳи  наҷот аз маводи мухаддир

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 91        Шарҳ: 0

 

Зуҳуроти нангину номатлубе, ки имрўз ҷомеаи моро ба ташвиш овардааст, даст задан ба амалҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон мебошад. Тавре аз андешаи коршиносон бармеояд, омилҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ даст задани ин табақаи ҷомеа косташавии ахлоқ, назорати сусти падару модар, мактабу ҷамъият, аз таълиму тарбия дур мондан, таъсири ҷаҳонишавии босуръати ҷомеа, майл кардан ба фарҳанги бегона ва гурўҳҳои радикалии террористӣ-экстремистӣ ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар бозори сиёҳ гардиши маводи нашъадор, маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ пайи ҳам ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд. Паҳншавии босуръати ин маводи мадҳушкунандаи ақлу ҳуши одамӣ, албатта, ба ҷомеаи башарӣ бетаъсир намемонад.

Мутаассифона, истеъмоли тамоку, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, машруботи спиртӣ дар байни ноболиғону ҷавонон густариш ёфта, зери таъсири маводи нашъадор онҳо даст ба ҷиноятҳои вазнини террористӣ-экстремистӣ зада, аз бемаърифатию гумроҳӣ ба гурўҳҳои ифротӣ шомил мегарданд ва дар охири  кор аз карда пушаймон мешаванд, вале пушаймонӣ  дигар суд надорад. Чунин ҳолат ягон шахси солимфикрро бетараф гузошта наметавонад ва проблемаи ҷиддии ҷомеа ба шумор меравад.

Тибқи ахбори Маркази наркологии ҷумҳурӣ, то моҳи июни соли 2020, дар кишвар ҳашт ҳазор нашъаманд аз ҳисоби ҷавонон ба қайд гирифта шудааст. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ дар ин масъала хеле бомаврид ва дурбинона гуфта буданд: “Сухан дар бораи таҳдид ба генофонди миллат ва ояндаи миллат меравад ва мо бояд тамоми кўшишу имкониятҳои худро ба он равона созем, ки суръати ин тамоюл паст карда шавад”.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷумҳурии мо дар ҳамсоягии истеҳсолкунанда ва паҳнкунандаи маводи мухаддир - Афғонистон ҷойгир буда, масоҳати марзи мо бо ин ҷумҳурӣ буда 1434 км-ро ташкил медиҳад. Вазъи кунунии сиёсӣ ва ғасб намудани ҳокимияти расмии ин кишвар аз тарафи гурўҳи “Толибон” вазъиятро боз ҳам печидаю мушкил гардонида, моро водор месозад, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳем.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои ҳифзи тартибот, маориф, тандурустӣ созмонҳои ҷамъиятиву ғайридавлатӣ имрўзҳо мекўшанд, ки паҳншавии маводи мухаддирро зери назорати қатъӣ гирифта, шиддати вазъиятро дар ин самт коҳиш диҳанд.

Яке аз сабабҳои асосии нашъамандию нашъаҷаллобӣ, дар сатҳу шароити пасти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ доштани фард, бепарасторӣ ва беэътиноии волидайн, омўзгор ва ҷомеа мебошад. Асири маводи мухаддир будан на танҳо тан, балки рўҳи инсонро афсурда мегардонад. Ҳар як ҳолати номбаршуда хусусиятҳои ҷудогонаро дар бар мегирад.

Профессор, олими маъруф, шодравон Минҳоҷ Ғуломов дар асари худ “Нашъамандӣ ва оқибатҳои он” таъкид намудааст, ки “Махсусиятҳои клиникии нашъамандии ҳашишӣ дар наврасон  ҳанўз дар марҳилаи аввали истеъмоли аҳён-аҳёни ҳашишӣ ба мушоҳида мерасад. Дар ин ҷо сабабгори оғози нашъакашӣ чун қоида, тақлидкунӣ ба наврасони аллакай нашъамандшуда мебошад. Бинобар он, оғози нашъакашӣ характери гурўҳӣ дорад: нашъакашҳо сигори нашъадорро ба давра сар медиҳанд, ки ба ҳар як наврас якчанд қулобӣ кашидани он рост меояд”.

Адабиёти соҳавӣ, ки такя бар таҳқиқоти олимон дорад, истеъмоли гоҳ- гоҳи нашъаро барои наврасон ба давраи 14-16-солагӣ мувофиқ медонанд. Ба истеъмоли пайвастаи ҳашиш гузаштани наврасон аз таъсири кайфияти он вобаста аст. Ақидаи дигари муаллифони таҳқиқот дар ин соҳа он аст, ки дар шароити деҳот кўдакон бармаҳал, яъне дар 9-10-солагӣ аз рўйи ҳавою ҳавас ва тақлидкорона ба сигору носкашӣ шурўъ мекунанд, кўдакони шаҳр аз ин ҳам пештар аввал сигорҳои нимкашидаро аз замин чида, ба даҳон мегиранд ва бо истифода аз беназоратии волидайн сигору тамоку мехаранд.

Бино ба тадқиқоти Минҳоҷ Ғуломов, “ҷойи ихтилооти вегатативиеро, ки ҳангоми аҳён-аҳён истеъмол кардани ҳашиш ба мушоҳида мерасад, дар марҳилаҳои аввал ташаккули он, ҳиссиёти рўҳии шодкомӣ ишғол мекунад. Муҳити атроф дар рангубори рўшан инъикос меёбад, равиши афкор метезад. Мастӣ то як ду соат тўл мекашад ва пас аз он дар марҳилаи пас аз интоксикатсионӣ (заҳролудшавӣ) дучор шуда, то 3-4 шабонарўз нигоҳ дошта мешавад”. Баъди 2-3 соат наврасро хоҳиши такроран аз нашъа мастшавӣ фаро мегирад. Нашъакашии чандкарата мушоҳида мешавад. Навраси нашъаманд дар ин давра камфаъолият ва бепарво мешавад. Ба назар мерасад, ки вай ба рўйдодҳои атроф бетаваҷҷуҳ аст ва чизи дигаре диққати ўро ба худ ҷалб намекунад. Давомнокии марҳилаи якуми нашъамандии ҳашишӣ барои калонсолон бештар аз 1 сол буда, барои наврасон ба андешае аз 7 то 8 моҳ ва ба андешаи дигар 3-4 моҳ бештар тўл намекашад.Сабаби онро профессор Минҳоҷ Ғуломов дар тезтар ва босуръаттар ҷараён гирифтани беморӣ медонад. Дар ин давра барои навраси навмашқ тадриҷан “...майлу рағбати бебозгашт ба истеъмоли нашъа пайдо мешавад. Ҷои таъсири кайфияти ҳашишро ҳолати сустию оромӣ ишғол мекунад ва он боис мегардад, ки наврас истеъмоли нашъаро дар танҳоӣ мепазирад. Яъне ў бештар аз одамон канор меҷўяд ва дар ҷойҳои хилват буданро афзалтар аз ҳар чизи дигар медонад. Аз ин ҷо марҳилаи дуюми нашъамандӣ барои наврас оғоз мешавад”. Ба андешаи профессори марҳум, дар давраи дуюм ахлоқи наврасони нашъапараст коста мегардад. Онҳо хонданро ба тадриҷ тарк мекунанд, аз кор саркашӣ менамоянд, оворагардӣ намуда, даст ба содир кардани ҳар гуна аъмоле мезананд, ки оқибати ин кор рў овардан ба олами ҷиноят аст. Ҳамчунин, ба вуҷуд омадани ҳолатҳои маҳзункунандае, чун хархашаю ҷанҷол, асабоният, бадхашмӣ, зудранҷӣ ва ғайра ба хислатҳои бача зам мегарданд, ки ин низ дар давраи дуюми нашъамандии ҳашишии наврас рух медиҳад.

Нашъамандии ҳашишӣ давраҳои 3-юм 4-ум ҳам дорад, ки беморро гирифтори ҳолатҳои интоксикатсионӣ, ё худ зарҳролудшавии шадид ва абстиненсӣ ё худ хуморӣ мекунад. Дар ин давраҳо нашъаманди наврас маъмулан аз заифии бадан ба бемориҳои зиёде мубтало мегардад, ки ин заъф оқибат ўро ба ҳалокат мерасонад. Вале дар ҳеҷ сурат набояд ба маъюсию ноумедӣ роҳ диҳем ва нагузорем, ки инсоният дар маҷрои пуртазоди зиндагӣ худро залилу ғуломи нашъа ҳис намояд.

 

Раҷабалӣ ШАРИФОВ,

омўзгор, мушовири

шуъбаи маорифи

ноҳияи Ёвон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш