Нашрияи Омӯзгор

Ба замини наздиҳавлигӣ ниёз дорам

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 99        Шарҳ: 0

 

Ман баъди хатми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, соли шашум аст, ки дар мактаби №27-и ноҳияи Спитамен аз фанни технологияи таълими меҳнат ба хонандагон дарс мегўям. Бо ҳамсарам Сафаргул Раҳматуллоева шаш сол мешавад, ки дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунем.

Ман ҳамчун мутахассиси ҷавон бо роҳхати донишгоҳ ба муассисаи таълимии номбурда ба кор фиристода шудаам. Ба сабаби шароити вазнини зиндагӣ, моҳи январи соли 2017 ба номи раиси вақти ноҳияи Спитамен А. Сулаймонзода ариза дар хусуси ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ навишта будам. Баъд аз гузаштани панҷ моҳ (моҳи май) ба назди А. Сулаймонзода даромада, аз натиҷаи аризаам пурсон шудам. Раиси ноҳия ба ман посух дод, ки ҳоло барои тақсимоти замини наздиҳавлигӣ иҷозат нашудааст. Аз ин рў, ман маҷбур шудам, ки ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин бора бо ариза муроҷиат кунам.

Раиси вилоят аризаи маро ба ноҳияи Спитамен, барои чораҷўйӣ ба раиси ноҳия Т. Нумонзода ирсол намуд. Т. Нумонзода низ ба ман изҳор дошт, ки ҳоло ба тақсим намудани замини наздиҳавлигӣ дар ноҳия иҷозат нашудааст. То ҷое ман медонам, дар ноҳия замин мавҷуд аст, аммо чаро онро ба ниёзмандоне чун ман тақсим кардан намехоҳанд? Тавре маълум аст, 3 майи соли 2006, №197 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омўзгорони ҷавон» ба тасвиб расидааст, ки аз чунин ёрмандӣ ба мутахассисони ҷавон иборат аст:

1.   Бе навбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ;

2.   Дар ноҳияҳои кўҳистон, вобаста ба имконияти ноҳияҳо ҷудо кардани қитъаи замин барои боғдорӣ ва полезкорӣ;

3.   Додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи занбўри асал;

4.   Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи заминро мувофиқи имтиёзҳои муқаррарнамудаи банди 1-и ин қарор ҳал намоянд;

5.   Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва «Амонатбонк» тартиби додани қарзҳои имтиёзнокро тибқи банди 1-и ин қарор таҳия ва тасдиқ намоянд.

Ман ба нашрияи дўстдоштаи худ «Омўзгор» муроҷиат карда, мехоҳам арзи маро ба масъулони ноҳияи Спитамен ва вилояти Суғд бирасонанд, то онҳо вазъи вазнини зиндагии маро ба эътибор гирифта, бо замини наздиҳавлигӣ таъминам намоянд.

                                     

 Умриддин ҚОЗИЕВ,

омўзгори МТМУ №27,

ноҳияи Спитамен

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш