Нашрияи Омӯзгор

Чаро китобҳои дарсӣ намерасанд?

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

Се нафар аз фарзандони Фотима Шоева дар яке аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Қубодиён ба таълим фаро гирифта шуда, аз норасоии китобҳои дарсӣ шиква мекунанд. Агарчи аз тарафи муассисаи таълимӣ бархе аз китобҳои дарсии иҷоравӣ ба хонандагон дода шудааст, вале дар қисме аз фанҳо норасоии китоб ба мушоҳида мерасад.

Фотима Шоева ҳамасола, сари вақт  маблағи иҷораи китобҳои мактабиро пардохт мекунад. Дар муассисаи таълимӣ сабаби норасоии китобҳои дарсиро аз пурра пардохт нагардидани маблағи иҷораи китобҳо ба солҳои қаблӣ рабт медиҳанд.

Тибқи иттилои масъулини Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиёҷот ва норасоӣ  ба китобҳои дарсӣ омилҳои зиёдро дар мегирад. Бахусус, афзоиши ҳамасолаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, сари вақт пардохт нашудани маблағи китобҳои иҷоравӣ, мушкилот дар ҳуҷҷатгузориву тақсимоти китобҳои дарсӣ ва амсоли ин боиси норасоии китоб ва маводи таълимӣ мегарданд. 

- Барои синфи 5  аз фанҳои таърихи халқи тоҷик, таърих, технологияи меҳнат 261 нусха, синфи 6 аз фанҳои география ва забони русӣ 160 нусха, барои синфҳои 7 ва 8 аз фанҳои геометрия, таърихи халқи тоҷик, технологияи меҳнат 366 нусха китоб, барои синфҳои 10 ва 11 аз фанҳои ҳуқуқ, таърихи умумӣ, таърихи халқи тоҷик 237 нусха китоби дарсӣ намерасанд, - гуфт М. Абдуллоева, китобдори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Қубодиён. Мавсуф илова намуд, ки агарчи дар баъзе аз фанҳо норасоии китоб мушоҳида мегардад, вале барои фанҳои биология, таърихи халқи тоҷик дар синфи 8 ва алгебраи синфи 10  аз нақшаю меъёр зиёдтар ворид гардидааст. Мо илоҷи дигар надорем ва бояд маблағи китобҳоеро, ки истифода намешаванд, пардохт кунем. Чунин ҳолатҳо низ яке аз сабабҳои афзоиши бақияи қарзи маблағи китобҳои дарсӣ мегардад.

Хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии ноҳияи Вахш Сунатулло Ғаффоров мегўяд, ки бо сабаби набудани китоби ҳуқуқи инсон аксаран мушкилӣ пеш меояд. Махсусан, дар ҳолати иҷрои вазифаҳои хонагӣ онҳоро зарур меояд, ки  баъд аз дарс бо навбат аз китоби ягон хонанда истифода намоянд.

Сафар Қурбонов, сарнозири бахши маорифи шаҳри Левакант изҳор намуд, ки агар дар соли таҳсили 2020 – 2021 шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таълимӣ 12 ҳазору 729 нафарро ташкил медод, пас, дар соли таҳсили 2021 – 2022 ин теъдод ба 13 ҳазору 429 нафар расид, ки аз соли гузашта 680 нафар зиёд мебошад. Ба ҳисоби миёна барои синфҳои ибтидоӣ  аз рўйи 4 намуди китоб аллакай ба 680 нафар хонанда эҳтиёҷот ба 2720 китоби дарсӣ пайдо мешавад. Зеро фарсудашавӣ, гумшавӣ, сари вақт нашр нашудани китоб вуҷуд дорад, ки норасоиро бештар менамояд. 

Муҳаммад Рустамов, сокини шаҳри Бохтар ба он назар аст, ки бояд танҳо ба нашр ва дастрасшавии китобҳои коғазӣ дода нашавем. Зеро дар асри муосир ва технологияи иттилоотӣ қарор дорем. Бояд дар муассисаҳои таълимӣ шакли электронии китобҳои дарсӣ  низ ташкил  ва ба роҳ монда шавад. Аллакай бо ташкили синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ қисман чунин шароитҳо муҳайё мебошанд. Илова бар ин, ҳоло дар аксарияти хонаводаҳо телефонҳои мобилӣ вуҷуд дорад, ки шакли электронии китобро дар хона бо  истифода аз телефони мазкур мутолиа карда метавонанд. Зеро оид ба мушкилоти норасоии китобҳои қоғазии дарсӣ ду даҳсолаи охир аст, ки ҳарф мезанем, аммо то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Давлат Ишмуродов, сармутахассиси Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфт, ки ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят 959053 нусха китоби дарсӣ, 66250 маводи таълимӣ нусха 5531  маводи таълимии ройгон ба маблағи 36090 сомонӣ дастрас шудааст. Ғайр аз ин, боз як қисм китоб ва маводи таълимии дигар низ ворид гардида, тақсимоти онҳо ба шаҳру ноҳияҳо идома дорад.

- Дар нашри китобҳои дарсӣ тағйирот ворид намудан лозим мебошад. Масалан, баъзе аз китобҳое, ки дар дарс бештар истифода мешаванд, ба монанди забон ва адабиёт ё математика  бояд зиёдтар нашр карда шаванд. Зеро китобҳои зиёд истифодашаванда тез фарсуда мегарданд, - афзуд Умар Қодиров, мушовир оид ба китобҳои дарсии шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Мавсуф илова кард, ки китобҳои дарсие ҳастанд, ки дар як ҳафта ҳамагӣ як маротиба аз рўи онҳо дарс гузаронида мешавад. Масалан, астрономия, экология, маърифати оиладорӣ, санъат ва меҳнат ва амсоли ин бояд нисбатан камтар нашр гарданд. Яъне китобҳои серистифода зиёд ва камистифода кам нашр карда шаванд.

Норасоии китоб дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ 27 ҳазору 304 нусха, шаҳри Левакант бошад, 15 ҳазору 548 нусхаро ташкил медиҳанд. Ҳоло ҳамаи шуъбаҳои маориф ба Вазорати маорифи кишвар дастхостҳои худро ирсол кардаанд. Бахусус, аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 116 ҳазор, Левакант 95 ҳазор ва Ёвон 105 ҳазор нусха дархост пешниҳод гардидааст. Қарздорӣ агар дар шаҳри Левакант 148 ҳазор сомонӣ бошад, пас, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 999 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

 

С.АЗИЗӢ,

“Омўзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш