Нашрияи Омӯзгор

Нашри урдуии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 84        Шарҳ: 0

 

30 ноябр дар шаҳри Лоҳури Покистон  маросими муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба забони урду тарҷума ва нашр шудааст, баргузор гардид.

Маросими муаррифӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегии шаҳри Исломобод ва Донишгоҳи Панҷоб таҷлил гардид.

Зимни суханронии худ Сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насриддин ба ҳозирин маълумот дар бораи китоб ироа намуда, зикр кард, ки китоб ба забони урду баъд аз нашрҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, хитоӣ, форсӣ ва фаронсавӣ ба чоп расидааст.

Дар маросими муаррифӣ роҳбарияти Донишгоҳи Панҷоб, олимон, таҳлилгарон ва донишҷўён иштирок намуданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш