Нашрияи Омӯзгор

Асари мондагор ва туҳфаи беназир

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 80        Шарҳ: 0

 

Халқи тоҷик дар тўли таърихи худ  абармардони нотакрори илму фарҳангеро ба дунё овардааст, ки бо осори ҷовидонаашон натанҳо баҳри рушду нумуи илму фарҳанги халқу миллати хеш хидмат намудаанд, балки дар пешрафти  илму фарҳанги ҷаҳон низ саҳми назаррас гузоштаанд. 

Яке аз чунин нобиғаҳо, ходими давлатӣ, олими намоён ва шарқшиноси шинохта, академик Бобоҷон Ғафуров мебошанд, ки умри пурбаракати хешро барои халқу ватани азизашон фидо намуда буданд. Хидмати ин шахсияти нотакрор ва ватандўст, ки аз зумраи абармардони бонангу номуси миллати тоҷик маҳсуб мешавад,   дар рушду нумуи илм, фарҳанг сиёсат ва арзишҳои миллиамон хеле назаррас мебошад. Дар ин маврид рў меорем ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Бобоҷон Ғафуров иқдоми ватандўстонаи Садриддин Айниро идома дода, баробари фаъолияти хирадмандонаи давлатдорӣ, таърихи қадимаи миллаташро ба шакли як асари ҷомеъ аз замонҳои қадимтарин то рўзҳои мо навишта, пойдевори истиқлолият ва худшиносии тоҷиконро ҷовидона сохт».

Оре, заҳматҳои беназир ва шоистаи ин нобиғаи нотакрор боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонист. Академик Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун як олими барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ мешинохтанду эътироф мекарданд.

Яке аз хидматҳои бузурги аллома Бобоҷон Ғафуров шоҳасари оламшумул ва безаволи «Тоҷикон» мебошад, ки баҳри таълифи он олим зиёда аз 30 сол заҳмат  кашидаанд. Ин шоҳасар дар пешрафти илми таърихшиносии тоҷик саҳми назаррас дорад, ки саҳифаҳои торик ва фаромўшгаштаи халқро чун офтоби дурахшон равшан намуда, дар тарбияи худшиносиву худогоҳии ҳар як фарди бедордил саҳми мондагор гузоштааст.

 Дар ин асари оламшумул устод Б.Ғафуров тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун як миллати қадимтарини Осиёи Марказӣ, дорои фарҳанг ва тамаддуни бою ғанӣ, инчунин, миллати офарандаву созанда муаррифӣ намудаанд.

Соли 1972 китоби мазкур иборат аз ду ҷилд бо забони русӣ рўйи чопро дид, ки як таҳаввулоти бузурге дар илми таърихнигории халқи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Хушбахтона, ин асари мондагор натанҳо аз ҷониби рўшанфикрон, балки аз ҷониби ҳамаи қишрҳои ҷомеа пазируфта шуд, ки мо аз ин қомусномаи миллат ифтихор мекунем.

Баъди нашри китоби пурарзиши «Тоҷикон» афроди ҳасуду нотавонбин ба он дарафтоданд. Дар ҳақиқат, он замон навиштани чунин асар барои муаллиф амали саҳлу осон набуд. Чунки бадхоҳон метавонистанд ба дўши муаллиф туҳмати миллатчигиву тарғиби андешаҳои пешинаи буржуазиро таҳлил  намуда ўро бадном сохтаву гунаҳкор бароранд. Вале устод Б.Ғафуров ба ҷаҳонбинии васеи илмӣ, ақлу заковат ва дониши волои хеш тавассути хеш асарҳои пурмазмун ба чунин андешаҳои пучу беасос посух гардонданд. Дар ин хусус донишманди шинохтаи тоҷик, ки оид ба ҳаёту фаъолияти Бобоҷон Ғафуров бисёр пажўҳишҳои нодире анҷом додаанд,  профессор Усмонҷон Ғаффоров дар асари худ «Алломаи замон» чунин қайд мекунанд: «Бобоҷон Ғафуров ҳамагӣ як ҳафта пеш аз вафоташон дар суҳбат бо Собир Хоҷаев, директори онвақтаи нашриёти «Ирфон» гуфтаанд:

 - Ин китоби «Тоҷикон» ба сарам бисёр рўзҳои сахтро овард. Ранҷу заҳмати зиёде кашидам… Ба ҳар ҳол аз нашр шуданаш бисёр хурсандам. Хуб шуд, ки аввал бо забони русӣ чоп шуд…»

Дар ҳақиқат, устод Б.Ғафуров тавассути ин ҳама ранҷу азобҳо ва заҳматҳои пурмашаққати хеш, бо такя бо сарчашмаҳову мадракҳои муътабари таърихӣ тавонистаанд  ба даҳони бадхоҳону кўтоҳназарон муҳри  абадӣ зананд.  Ё ин ки дар ҷойи дигари китоби худ Усмонҷон Ғаффоров фармудааст: «Бо вуҷуди он ки Б.Ғафуров бо корҳои масъули ҳизбӣ, ҷамъиятӣ ва роҳбарии муассисаи калонтарини илмии шарқшиносӣ буданаш серкору банд буд, вале меҳри бепоёни ба таърихи халқаш дошта ўро водор кард, ки аз ҳисоби рухсатиҳои меҳнатӣ ва асосан, бедорхобиҳо ин асарро ба вуҷуд оварад». Бинобар ин, барои исботи ин гуфтаҳо устод чунин овардаанд: «Боре як хабарнигори японӣ пас аз суҳбати дуру дароз бо Бобоҷон Ғафуров ҳамсуҳбати Борис Анатолевич Литвинский, муҳаррири қисми русии «Тоҷикон» мешавад. Ба ў нақл мекунад, ки ҳангоми дар коргоҳи Б.Ғафуров буданаш се телефон дами ба дам занг мезад, равуойи кормандон назди ў канда набуд. Пас, шумо гўед, ки Б.Ғафуров аз ҳисоби кадом вақт тавонист шоҳасаре чун «Тоҷикон» нависад?»

«Тоҷикон» маҳсули шабҳои бедорхобист» - ҷавоб дод Б.А.Литвинский».

 Оре, устод Бобоҷон Ғафуров шабҳо ва рўзҳои умри бобаракати худро баҳри ҷустуҷўву омўзиш ва тадқиқи таърихи миллати хеш сарф намуда, тавонист як шоҳасаре таълиф намояд, ки дар илми таърихнигории халқи тоҷик назире надошта бошад.

Шахсиятҳое, ки дар як вақт ҳам ба пешаи роҳбарӣ ва ҳам илмию тадқиқотӣ машғул шаванд, дар тўли таърих ангуштшумор будаанд. Бобоҷон Ғафуров тавонистанд, ин ду рисолати бузургро сарбаландона анҷом дода, дар ин ҷода комёб  гарданд.

Ҳар ки бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,

Номи худро сархати девони миллат мекунад.

«Тоҷикон»-ро ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ тақдим намудан, бешак, армуғони гаронбаҳо буда, мушкилоти норасоии ин китоби нодирро осон хоҳад кард. Зеро солҳои зиёде дастрасӣ ба ин китоби мондагор барои ҳамаи ташнагони  асари мазкур осон набуд. Иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат вобаста ба нашри теъдоди зиёди китоби «Тоҷикон» ва тақдими он ба ҳар як хонаводаи тоҷик дар марҳилаи кунунӣ як рўйдоди нотакроре дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик мебошад.

 

Шавкатҷон АМОНОВ,

омўзгори таърих ва ҳуқуқи

мактаби №10-и ноҳияи Мастчоҳ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш