Нашрияи Омӯзгор

Сарбози Ватан

Сана: 2021-12-15        Дида шуд: 106        Шарҳ: 0

 

Меҳри Ватан дар оила, аз ҳикояву афсонаи бобову бибӣ, падару модар, дар мактаб аз нақлу ривояти муаллими синфҳои ибтидоӣ, дар синфҳои болоӣ дар рафти таълими фанҳои таърих, забон ва адабиёт ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ ба вуҷуд меояд ва ташаккул меёбад.

Махсусан, ҳангоми омўзиши фанни таърихи халқи тоҷик, хонандагон дар бораи қаҳрамониҳои Шерак, Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Деваштич ва қаҳрамониҳои фиристодагони тоҷик дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мавзуъҳои дарсиро омўхта, мехоҳанд ба ин қаҳрамонон пайравӣ кунанд ва мисли онҳо бошанд.

Таҷрибаи 40-солаи омўзгорӣ ба ман имконият дод, ки мушоҳида намоям:

а) хонандагони синфи панҷум ва шашум мехоҳанд худро дар ҷойи Шераки далер ва Спитамен гузоранд ва ба онҳо монанд шаванд. Махсусан, ҳангоми дарс аз тарафи худи хонандагон иҷро кардани саҳначаи “Шераки далер” касро ба завқ меорад. Баранда эълон менамояд, ки аз қаҳрамонии Шерак ҳазорҳо сол гузашта бошад ҳам, то ҳол мо номи ўро бо эҳтиром ёдоварӣ менамоем, чунки ў барои озодии халқи худ мубориза бурдааст. Ба воситаи ин гуна саҳнаҳои таърихиву тарбиявӣ мо, омўзгорон, метавонем ҳисси ватандўстии хонандагонро бештар гардонем.

б) дар синфҳои болоӣ, ҳангоме ки хонандагон бо қаҳрамониҳои Тўйчӣ Эрйигитов, Тешабой Одилов, Ойгул Муҳаммадҷонова ва Саидқул Турдиевро шинос мешаванд, мисли ин қаҳрамонҳо ба муҳофизаи Ватан омода будани худро изҳор медоранд.

Барои тарбияи ватандўстии хонандагон, дар мактаб ташкил намудани гўшаҳои “Онҳо барои Ватан ҷангидаанд”, “Ҷанговарони интернатсионалист” ва “Барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон” ба мақсад мувофиқ аст.

Дар мактабе, ки ман дарс медиҳам, чунин гўшаҳо вуҷуд доранд, ки дар қатори 42 нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон аз деҳаи мо номи ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон Мухторқул Калонов, Бердӣ Самадов, Анорбой Наимов, инчунин, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон, яъне ширкаткунандагони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997, расмҳои ҳамдеҳагони мо Диёрқул Сўфиев, Мусулмонқул Нуров, Абдуманон Шарипов, Хуррам Қодиров, Тўйчӣ Юсупов, ки дар ин ҷанг қурбон шудаанд, овезонанд. Омўзгорон дар давоми дарсҳои таърих ва забону адабиёт аз ин гўшаҳо ҳамчун воситаҳои аёнӣ мекунанд.

Дар рўҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ, тайёр будан ба муҳофизати Ватан тарбия намудани насли наврас вазифаи ҳар як падару модар, омўзгор ва фарди худогоҳи кишвар мебошад. Шоир беҳуда нафармудааст:

Ватан имрўзи мо, ояндаи мост,

Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.

Натиҷаи хуб ба роҳ мондани тарбияи ҳарбӣ-ватандўстӣ дар мактаб аст, ки ҳамасола дар деҳа аз 6 то 12 нафар даъватшаванда бо хоҳиши худ ба сафи Артиши миллӣ шомил мешаванд ва бо сари баланд хизмати Модар –Ватанро ба ҷо меоранд.

Полвон САРҲАДОВ,

омўзгори таърих ва ҳуқуқи

МТМУ №24-и ноҳияи Айнӣ 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш