Адабиёти бачагона қисми муҳими таркибии адабиёти тоҷик буда, дар таълиму тарбияи насли наврас мавқеи муҳим дорад. Ин адабиёт дорои таърихи дерин мебошад ва бузургтарин адибони тоҷик кӯшидаанд, ки асари шоистае барои хонандагони хурдсол биофаранд. Муҳаққиқони адабиёт «Қобуснома»-и Унсуралмаолии Кайковусро яке аз намунаҳои барҷастаи адабиёти бачагона донистаанд. Ин асар ҷанбаи муҳими тарбиявӣ дошта, бо забони дилчаспу муассир нигошта шудааст. Дар айёми мо низ адабиёти бачагона рушд дорад ва нависандагони зиёде маҳз барои кӯдакистону наврасон пайваста асарҳои ҷолибу шавқовар меофаранд. Хусусияти тарбиявӣ аз омилҳои муҳимтарини муҳтавои осори бачагона маҳсуб меёбад. Имрӯз дар қатори адибони дигар нависанда ва шоири боистеъдод Юсуфҷон Аҳмадзода барои бачагон асарҳои хонданбобу завқбахш меофарад, ки аз онҳо аҳли таълиму тарбия дар дарсҳои тарбиявӣ васеъ истифода менамоянд. Ин адиби муваффақи кӯдакон охири соли гузашта 70-сола шуд. Ба ин муносибат нашриёти «Истеъдод» ду китобчаи тозаи Юсуфҷон Аҳмадзодаро бо номҳои «Офтоби сарам» ва «Гурбачаи танбалак» чоп ва дастраси хонандагон намуд. Китобчаҳои мазкур ороиши хеле назаррабо, ранга ва мувофиқ ба табъу завқи хурдтаракон доранд. Китобчаи аввал ҳикояи ҳикматбори «Офтоби сарам» ва чанд шеъри адибро дар бар мегирад. Дар ҳикоя меҳру муҳаббати самимию бепоёни модар нисбат ба фарзанд ифода ёфтааст. Шеърҳои китобча равону самимию шавқафзоянд ва бачагонро ба дӯстию рафоқат, табиатдӯстию ҳамдилӣ ҳидоят менамоянд. Дар адабиёти бачагона муҳим он аст, ки сухан саҳеҳу самимию пероста ва фишурдаю муҳтавоманд бошад. Ин талабот дар эҷодиёти Юсуфҷон Аҳмадзода хеле хуб риоя шудааст. Чунончи, шеъри «Каду» аз ин ҷиҳат шоистаи таваҷҷуҳ мебошад.
Тухми каду шинондем,
Қад – қади ҷӯ шинондем.
Ба ҷӯи мо об омад,
Обаки Варзоб омад.
Кадуи мо калон шуд,
Фонуси боғамон шуд.
Ё худ, шеъри «Ҳулбӯ» низ, ки ҳамагӣ аз чаҳор мисраъ иборат аст, барои хонандагони хурдсол ҳам ҷанбаи тарбиявӣ дорад ва ҳам завқу шавқашонро ба каломи мавзун меафзояд.
- Чаро ҳулбӯ хушбӯяст?
Озодаву дилҷӯяст?
- Чунки ҳулбӯ лаби ҷӯ
Доим шӯяд дасту рӯ.
Дар китобчаи «Гурбачаи танбалак» (манзумаи хурд) хислатҳои ношоистаи бархе аз хурдтаракон, чун танбалию беҳавсалагӣ мазаммат мешавад. Аз китобҳои мазкур омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар машғулиятҳояшон бо шогирдон метавонанд ба таври шоиста истифода намоянд.
Шаҳло Оқилова,
омӯзгор, ноҳияи
Исмоили Сомонӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр