Нашрияи Омӯзгор

Хонандагон соҳиби медалҳои тиллою нуқра гардиданд

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти таҳсил дар соли равон аз 10 медали тиллою нуқра 6-тояшро толибилмони шаҳри Хуҷанд - хатмкардагони литсейи физикӣ-математикии ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз рӯйи равияи табиию риёзӣ ба даст оварданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади таҳнияти барандагони медалҳои тиллою нуқра онҳоро ҳамроҳи устодонашон ба ҳузур пазируфт.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба Муҳаммадҷон Ҳакимов ва Матин Ҷӯраев медалҳои тилло ва Беҳрӯз Мансуров, Шаҳзод Раззоқов, Фараҳноз Олимова ва Шоҳина Исмоилова медалҳои нуқраро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуд.

Ҳамзамон, ба Бахтиёр Дадобоев аз гимназияи ба номи Гёте, Фарзона Султонова аз мактаби № 19 ва Мадина Зарифова, хатмкунандаи гимназияи №24 Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Мавриди зикр аст, ки Муҳаммадҷон Ҳакимов, Матин Ҷӯраев ва Беҳрӯз Мансуров ҳуҷҷатҳои хешро ба донишгоҳҳои бонуфузи Маскаву Санк-Петербург супорида, соҳиби номи баланди донишҷӯ гардидаанд.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш