Нашрияи Омӯзгор

Ватан сар мешавад аз гаҳвора

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 117        Шарҳ: 0

 

Меҳру муҳаббати ватан аз зодгоҳ, аз остонаи хонаи падарӣ, аз гаҳвораю аллаи модар, аз пайроҳаю талу теппа ва адиру боғу чаманзорон, рўду чашмасорон, дуои пиразанону мўйсафедон, мактабу бўру тахтаи синф, сабақи омўзгорон… сар мешавад.

Ватанро дўст доштан, ҳар ваҷаб хоки онро тўтиёи чашм кардан, барои ҳифзи марзу буми он синаро сипар ва ҷонро фидо намудан танҳо аз ҷониби фарзандони содиқу вафодори ин ватан меояд. Ватанро на бо суханҳои умумию шиоргуна, на ба таври  сатҳию рўякӣ, балки аз сидқи дил бояд дўст дошт. Фарде, ки деҳу зодгоҳ, модару падар ва саҳроҳои беканору рўду чашмасоронашро дўст намедорад, ҳеҷ гоҳ ватани хешро дўст дошта наметавонад Ба таъкиди шоири ширинкаломи тоҷик, шодравон Мирзо Турсунзода ватан мафҳумест, ки барои ситоишу тавсифи он тамоми образу ташбеҳот камӣ мекунад:

Ин қадар дар дилписандӣ дилписанд астӣ ватан,

Дар сари тасвири ҳуснат кас намеёбад сухан.

Чунонки маълум аст, ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум, ки бар асари  дасисаю иғво ва мансабталоши иддае аз фарзандони нохалафи кишвар ба амал омад, на танҳо ба марги одамони зиёди бегуноҳе сабабгор шуд, балки қисми бешумори мардумро фирорӣ ва  аз ватан дуру ғарибу маҳҷур сохт. Азоби ғарибӣ вазнин буда, фирориён дар  вазъу шароити баду вазнин рўзи худро ба шом мерасонданд. Чаҳор фасли сол дар хаймаҳо гуруснаю ташна, дар фироқи ёру диёр азоби алимро кашида, мардуми бесарпаноҳ ёди ватан мекарданд. Беҳуда нест, ки дар байни халқ зарбулмасале машҳур аст, ки шахси беватан булбули бечаман аст. Аз замонҳои қадим одамон дар ҷустуҷўйи зиндагии босаодату нишоотангез тарки ватан карда, ба мушкилоти тасаввурнопазир дучор гардида, пушаймон мешуданд ва оҳи бадард аз сина мекашиданду талх мегиристанд. Хушбахтона, бо талошу фидокориҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми фирориён аз Афғонистон ба ватан, ба зодгоҳашон баргардонда шуда, дар манзилҳои худ ба зиндагии осудаҳолона идома бахшиданд. Президенти кишвар дар рўзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон, дар шаҳри Хуҷанд савганд ёд карда буданд, ки «то як нафар тоҷики фирорӣ дар он сўйи дарёи Омў қарор дошта бошад, ман худро осудаву хотирҷамъ намеҳисобам». Сарвари давлат бо сари баланд ба савгандашон вафо карданд. Аз ин рў, имрўз ба насли наврас ва ҷавонон лозим аст, ки аз кишвари озоду обод ва шукуфону пешрафта, ки амнияти сартосарии мардум дар он таъмин карда шудааст, шукргузор бошанд. Шукри обу хоки ватан карда, ҷаҳду ҷадал ва хидмат намудан – рисолати ҳар як шаҳрванди соҳибдил мебошад.

 

Алоҳида Болтаева,

мураббии мактаб – интернати МДТА  №2, шаҳри Душанбе

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш