Нашрияи Омӯзгор

Маърифат - асоси муқовимат бо терроризму экстремизм

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 98        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд,  ки: «Танҳо маърифат пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад». Маърифатнок будан, яъне огоҳ будан, донистан ва дар бораи падидае, ки иттилоот надорем, маълумот пайдо кардан аст.

Дар раванди маърифатнокии аҳолӣ нақши мактабу маориф ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки маркази ба ҳам омадани шумораи зиёди ҷавононанд, ниҳоят муҳим мебошанд. Бояд гуфт, ки падидаҳои «хатар» ва «таҳдид» объекти омўзиши илмҳои ҷомеашиносӣ мебошанд. Бинобар ин, баҳри шинохти дурусти падидаҳои хатару таҳдид ва огоҳ намудани мардум аз онҳо дар баробари мақом ва нақши илмҳои табиӣ ва дақиқ нақшу мақоми илмҳои ҷомеашиносӣ низ бояд баланд бардошта шавад. Раванди таълими фанҳои баҳамалоқаманди сиёсатшиносӣ, низоъшиносӣ ва геополитика дар муассисаҳои олии кишвар бамаротиб бояд ҷоннок гардад. Албатта, эҷоди тафаккури техникӣ амри зарурист, вале барои дарки хатару таҳдидҳо кофӣ нест.

Миллате, ки ба ақлу кашфиёт рў меорад, зуҳуроти номатлубе чун терроризму экстремизм барояш бегона мегардад. Танҳо тавассути донишу хирад метавон оқибатҳои фоҷиабори экстремизму терроризмро дарк кард ва аз он дурӣ ҷуст.

Дар раванди тезутунд гаштани муборизаҳои сиёсӣ ва бархўрди тамаддунҳо ягона омили берун мондан аз вазъи хатарзои замони муосир ин илму дониш ва маърифати баланди шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Ба ақидаи олими амрикоӣ С. Хагингтон, аз шаш тамаддуни фаъоли имрўзаи ҷаҳони муосир, ки хоҳу нохоҳ ба якдигар муқобилият мекунанд, беҳтарини онҳо зафар меёбанд. Майдони низоъи шадид ин минтақаест, ки дар сарҳади тамаддунҳо қарор дорад. Дар ин миён тамаддуни ислом осебпазиртарин ба ҳисоб меравад.

Сабаби аслӣ дар он аст, ки тамаддуни исломӣ ҷавонтарин дини ҷаҳонӣ буда, давраи таҳаввулот (эволютсия) – ро аз сар мегузаронад ва аксар давлатҳои исломӣ дар сатҳи пасти инкишоф қарор дошта, илму дониш ва маънавиёти диниву дунявӣ то ҳол пурра ташаккул наёфтааст. Аз ин рў, барои паҳн намудан ва ҷой додани ақидаи худ, инчунин зиёд намудани тарафдорон миёни мазҳабу равияҳо, ҷараёну ташкилотҳо ва ҳизбу харакатҳои динӣ муборизаҳои тезу тунд солҳои дароз ҷараён дорад.

Сабабе дигаре, ки ин муқовиматҳои дарозмуҳлатро меафзояд, давлатҳои абарқудратанд. Барои пиёда намудани манфиатҳои худ бо истифода аз қудратҳои ҳарбиву иқтисодиашон ва пешбурди сиёсати «духура» сатҳи алангаи ин мухолифатҳоро баланд мебаранд.

 Таҷрибаи таърихию сиёсӣ нишон дод, ки бо истифодаи яроқу аслиҳа ва истифодаи қувваю қудрати ҳарбӣ тобеъ намудани халқу давлатҳо натиҷа намедиҳад ва ягона роҳе, ки метавонад инсонро тобеъ созад ин таъсиррасонӣ ба андеша ва зеҳни ўст. Дар ин раванд аслиҳаи муҳимтарини ин муборизаҳо воситаҳои иттилоотӣ шинохта мешавад. Маълумотгирӣ ба мисли нафас кашидан, хўрок хўрдан ва либос пўшидан яке аз талаботи муҳимми табиии инсон гардидааст.

 Дар солҳои охир мафҳумҳои «ҷангҳои иттилоотӣ», «му-боризаҳои иттилоотӣ», «ҳуҷумҳои хакерӣ», «кибертерроризм», «киберэкстремизм» ва ғайра зиёд истифода мегардад. Аз ин маълум мегардад, ки инсоният ба марҳилаи нави фазои иттилоотӣ ворид шуда, аз ин пас ҳама намуд муносибатҳо, новобаста аз самт ба воситаи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ карда мешавад.

Инқилоби иттилоотиро бо пайдоиши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки дар ҳамроҳ намудани ВАО-и анъанавӣ ва системаҳои компютерии интиқоли иттилооти омма тавассути шабакаҳои телекоммуникатсионӣ асос мегирад, рабт медиҳанд.

Дар замони муосир нақши иттилоот ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ агарчӣ аз манфиат холӣ нест, вале аз тарафи дигар манбаи таҳдидҳо ва мушкилоти ҷиддӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Дар фазои иттилоотии ҷаҳони муосир бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо роҳи ҷанги иттиилоотӣ, силоҳи иттилоотӣ ва амалиёти иттилоотӣ метавон ба шуур ва афкори одамон таъсир расонида, муносибати миёни давлатҳо ва ё худи ҷомеаи шаҳрвандии ин ва ё он давлатро хароб сохт.

Воқеаҳои охири бавуҷудомада дар давлатҳои Амрико, Аврупо, Қирғизистон, Беларус ва Федератсияи Россия нишон дод, ки таъсиррасонии иттилоотӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба шууру маънавияти наврасону ҷавонон дар сатҳи баланд қарор дорад. Технологияҳои таъсиррасонии итиллоотӣ рўз то рўз мукаммалтар гашта, таъсиргузориаш беш аз пеш меафзояд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040 – умро «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд. Дар ин давра ҷавонони бонангу номуси мо аз ҳама намуд дастовардҳои навини технологияҳои муосир на танҳо огоҳ шаванд, балки бояд ба ихтирооткорию барномарезиҳои технологияи муосир даст зананд.

Барои ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ зарур аст, ки аз ҳама гуна роҳу воситаҳои дар ихтиёр доштаамон истифода намоем. Аввалан созмон додани системаи эътимодноки ҳифзи захираҳои иттилоотӣ аз киберҳуҷумҳо ва ҳимояи ҷомеа аз таъсири манфии иттилооти иртиҷоӣ ва хатарнок, ки ба шуури ҷавонон таъсири бад мерасонад.

Барои паст кардани шиддати таъсири ақидаҳои ифротӣ ба мафкураи насли наврас ва ҷавонон ба назари инҷониб пешниҳодҳои мазкур ба манфиати кор аст: 

1.   Бо дарназардошти синну сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳурӣ ба роҳ мондани фанҳои махсуси таълимӣ.  Ҳамчунин, дар муассисаҳои  таҳсилоти миёна ва олии касбӣ миқдори соатҳои дарси сиёсатшиносӣ зиёд карда шавад ва курси махсуси «Муқовимат бо терроризм ва экстремизм» роҳандозӣ гардад;

2.   Таъсис додани муассисаҳои хурди илмӣ – тадқиқотӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, марказхои илмӣ – тадқиқотӣ бо мақсади дарки дуруст ва муайян намудани таъсири гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ ба мафкураи ҷавонон;

3.   Таъсиси шўрои ҳамоҳангсози олимону ҷомеашиносон оид ба дарёфти роҳу воситаҳои алтернативии идеологӣ ҷиҳати бартараф намудани ҳама гуна хатарҳои мафкуравӣ ба ҷомеа. Татбиқ ва чораҳои зикршударо яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ ва аз байн бурдани ин падидаҳои номатлуб шуморидан мумкин аст.  

Ф. ЭШОНҶОНОВА,

коршиноси масоили сиёсӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш