Нашрияи Омӯзгор

Биёмўз, ҳарчанд битвониё!

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 89        Шарҳ: 0

 

Омўзишу мутолиаи бардавоми осори пайваста метавонад инсонро дар ҷомеа соҳибэҳтирому соҳибмартаба гардонад. Имрўз ба ин масъала дар кишвари мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Ба ҳамин мақсад соли сеюм аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад ва ҳоло даври ниҳоии он дар пойтахти мамлакат ҷараён дорад. Иштирок ва муаррифии дониши хонандагони хурдсол ва дарку фаҳми онҳо аз ашъору адабиёти классикии тоҷику форс ва ҷаҳон касро дар ҳайрат мегузорад. Ин  аз он шаҳодат медиҳад, ки маърифати ҷомеа пайваста ташаккулу такомул ва ҷанбаи худшиносиву худогоҳии миллии насли наврас тақвияту таҳаввул меёбад. Озмуни мазкур тавонист як инқилоби фикрию маънавиро дар ҷомеа ба вуҷуд орад ва чеҳраву истеъдодҳои навро муаррифӣ намояд. Дар баробари ин, донишу ҷаҳонбинӣ, қобилияту андешаронӣ ва ҷанбаи таҳлили насли наврас баланд мегардад. Гузашта аз ин, осори бадеӣ ҷаҳонбинии насли наврасро васеъ намуда, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят месозад. Дар ин замина Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон  ба Маҷлиси Олии кишвар (26.12.2019) бамаврид таъкид карданд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ўро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Масъалаи омўзишу мутолиа ва ҳамнишини китоб гардидан дар осори назмию насрии адибони классику муосири кишвар ба таври фарогир инъикоси худро ёфтааст. Китоб ёри бовафову маърифатафзо буда, инсонро ҳамеша ба сўйи рушди маънавӣ талқину ташвиқ менамояд. Устоди ахлоқ Шайх Саъдии Шерозӣ хуб гуфтааст:

Китоб аз даст додан

сустроист,

Ки ағлаб хўи мардум

бевафоист.

Воқеан, китоб мунису ғамхор ва ҳамнишину дўсти  хубу беғараз аст. Ҳар нафаре, ки бо китоб хў гирифта, мунтазам мутолиаву омўзиш дорад, дар ҷомеа ҳамеша соҳибэҳтиром аст. Фаъолияту рафтор ва муомилаи инсон аз сатҳи китобхониву омўзиши ў вобаста аст. Тарзи сухангўию такаллуми ҳар як шахс аз мутолиаи бардавоми ў дарак медиҳад. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ фармудааст:

Бикун з-ин корхона дар

кутуб рўй,

Хаёли хешро деҳ бо кутуб

хўй!

Зи доноён бувад ин нукта

машҳур,

Ки дониш дар кутуб, доност

дар гўр.

Масъалаи омўзишу мутолиа дар тамоми осори мутафаккирону донишмандон зикр ёфтааст. Яъне, ҳар нафаре дар масири омўзиш қарор дорад, дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ ба мушкилӣ рў ба рў нахоҳад гардид. Аввалин ки, китоб манбаи боэътимоди донишандўзист ва дар роҳи дарки маърифату авзои ҷомеа ба инсон кумак мерасонад. Дуюм, барои шинохти осори гузаштагон мусоидат мекунад, ки ин яке аз омилҳои асосии худшиносист. Ин гуфтаҳоро метавон ба байти пурмуҳтавои Абушакури Балкӣ тақвият бахшид:

Биёмўз, ҳарчанд битвониё

Магар хештан шод гардониё!

Дар ин замина, гуфтаҳои зиёди бузургонро дар хусуси омўзишу мутолиа метавон иқтибос оварда, таҳлилу баррасӣ намуд. Муҳим он аст, ки мо битавонем наврасону ҷавононро  ба омўзишу мутолиа ҷалб намоем. Воқеан ҳам, озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» тавонист меҳру муҳаббати омўзиш ва ҳамнафасӣ бо китобро  дар замири тамоми табақаҳои ҷомеа бедор намояд ва чароғафрўзи дилҳо гардад.

Беҳрўз ЗАБИРОВ,

муаллими калони кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошии факултети санъати тасвирии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш