Нашрияи Омӯзгор

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 105        Шарҳ: 0

 

2-юми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз ёфт. Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Китобхонаи миллӣ, муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, ҳайати ҳакамони озмун, иштирокчиёни озмун ва волидайну омўзгорони онҳо иштирок намуданд.

Дар оғози маросими бошукўҳ раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба мақоми китоб ҳамчун ҷузъи фарҳанги хирадгароӣ, маърифатафрўзӣ дар тарбият, савод ва маънавиёти ҷомеа, интишори осори суханварон ва донишмандони гузаштаву имрўза дорои мақоми шоиста мебошад.

Зикр шуд, ки баргузории озмуни мазкур дар давраҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ баёнгари он аст, ки воқеан, имрўз дар ҷомеаи Тоҷикистон доираи васеи мардум ба мутолиаи китоб таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, новобаста аз синну сол, барои хондану аз бар намудани мероси адабиву илмӣ ва аз ин роҳ мусоидат намудан дар ташаккули маънавиёт, тафаккури бадеӣ ва завқи зебоишиносии хеш саҳми муносиб мегузоранд.

Таъкид гардид, ки соли сеюм аст, озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи ғобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла, тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.

Озмуни мазкур аз рўйи панҷ номина: адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ баргузор шуда, иштирокчиён ба се гурўҳ: тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; хонандагон ва донишҷўёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо); калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) тақсим мешаванд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ баён дошт, ки имрўз тавассути ин озмун дигарбора фарҳанги китобхонию китобдорӣ ва арҷгузорӣ ба китоб зинда шуд. Дар муддати се соли баргузории озмуни мазкур теъдоди нафароне, ки ба китоб рў меоранд, беш аз пеш зиёд гардидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ибтикороти навбатии Пешвои миллат давоми мантиқии сиёсати фарҳангии эшон аст ва мо бояд дарк кунем, ки дар асри технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, технологияҳои пешрафта, дар асре, ки инсоният ва кураи Замин ба буҳронҳои бисёр шадид, махсусан, буҳронҳои фарҳангию ахлоқӣ дучор шудааст, маҳз рў овардан ба китобу китобхонӣ ва тавассути китоб донишманд гардидани насли навраси кишвар наҷоти давлату миллати мо мебошад.

Дар идома яке аз чеҳраҳои суханвару сухандони озмун, меҳмони чорабинӣ — донишҷўи соли якуми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, барандаи «Шоҳҷоиза»-и озмуни мазкур дар соли 2020 Раънои Насриддин иброз дошт, ки дар озмуни имсола иштирокчиён нисбат ба довталабони солҳои қаблӣ фаъолтаранд, сатҳи забондонияшон баландтар буда, китоб зиёд мехонанд.

Ба андешаи мавсуф, имконияте, ки озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2021 барои иштирокчиён ва ғолибонаш фароҳам овард, беназир аст.

Иштирокчии озмун, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5–и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зайнаб Зиёева, ки дар номинаи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик» дар даври шаҳрии озмун сазовори ҷойи аввал гардидааст, иброз дошт, ки имрўз хонандагон бештар ба китобхонаю китобхонӣ рў овардаанд, зеро онҳо дарк намудаанд, ки танҳо шахси бодонишу ҳушманд метавонад дар пешрафти мамлакат саҳм гузорад.

Мавриди зикр аст, ки дар рўзи аввали озмун тибқи ҷадвали баргузории озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ менамоянд.

Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

Дар номинаи адабиёти бачагона, ки бештар кўдакону наврасон иштирок мекунанд, лаҳни шевою шакарбори ин ғунчаҳои умеди меҳан аъзои ҳакамон ва иштирокчиёну тамошобинонро ба ҳайрат мегузорад. Новобаста аз синну сол, духтарону писарони 7-9-сола бо донишҳои андўхтаи хеш ба суолҳои ҳакамон посухҳои мушаххас медиҳанд. Як ҷолибият ва шавқмандии ин номина дар он аст, ки хурдсолон бо лаҳни зебои кўдакона тамошобинро ба худ ҷалбу  ҷараёни озмунро рангинтар месозанд.

Саодат Абдураззоқова аз аввалинҳое буд, ки дар номинаи адабиёти бачагона дар назди доварон баромад намуд. Ў 8 сол дорад ва хонандаи мактаб аз шаҳри Ҳисор мебошад. Аз пешниҳоди суоли аъзои ҳакамон гуфт, ки «устодон хеле меҳрубонанд, муносибаташон бо ман хуб буд, нахуст аз ҳикояҳо, баъдан аз асарҳои  «Бўстон»-у «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, зарбулмасал, шеър, тезгўяку чистонҳо пурсиданд. Саодат мегўяд, ки давоми як соли охир беш аз 70 китоб ва 80 шеърро аз худ кардааст ва бо боварӣ гуфт, ки «умедворам сазовори ҷойи ифтихорӣ мегардам».

Узви ҳайати ҳакамон Абдусаттори Раҳмон аз номинаи адабиёти бачагона изҳор дошт, ки бисёр хуб аст, ки имсол дар озмун нахуст кўдакону наврасон, баъдан донишҷўён ва дигар шахсони касбу кори гуногунро мешунаванд.

«Мо кўдаконро набояд интизор кунем, имконияти ҷисмонии онҳоро бояд ба назар гирифт. Новобаста аз он ки иштирокчиён пурра талаботи низомномаро риоя накардаанд, вале донишҳояшон, сатҳи азхудкунӣ, суҳбати шевою равонашон моро хушҳолу умедвор мекунад. Шарт нест ҳама ғолиб оянд ё Шоҳҷоиза гиранд, муҳим ин аст, ки онҳо ба худ ғизои маънавӣ гирифтаанду аллакай захираи дониш доранд. Гумон мекунам, ҳадафи озмун низ ҳамин соҳибмаърифат кардану худшинос намудани онҳост, ки имрўз дар ин ҷода пешравиҳои муҳим ба назар мерасанд»,-гуфт А. Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки дар номинаи адабиёти бачагона аз 2 то 5 декабр зиёда аз 70 нафар толибилму хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ иштирок карданд.

Тибқи ҷадвали баргузории озмун рўзҳои 2-5-уми декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 6-7-уми декабр донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7-уми декабр аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, 8-10-уми декабр омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун вобаста ба номинаҳо иштирок мекунанд. Ҳамзамон, озмун барои довталабони номинаи интихобкардаашон, назму наср рўзҳои 11-12-уми декабр ва барои довталабони Шоҳҷоиза рўзи 13-уми декабр доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври якум, ки дар маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид, 305495 нафар, дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо доир гардид, 23045 нафар ва дар даври сеюм, ки дар марказҳои вилоятҳо баргузор гардид, 2981 нафар иштирок намуданд.

Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» 510 нафар довталаб иштирок менамоянд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур дар 4 толори бузургу барҳавои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷараён меёбад. Имсол барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сию панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад, ки нисбат ба  солҳои якум ва дуюм се маротиба зиёд мебошад. Ҳамчунин, омўзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишонҳои «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва Ифтихорномаи Китобхонаи миллӣ мегарданд.

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш