Нашрияи Омӯзгор

Беҳтаринҳо муайян шуданд

Сана: 2021-12-09        Дида шуд: 88        Шарҳ: 0

 

3 декабри соли равон бо ташаббуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино маросими туҳфасупорӣ ба довталабони беҳтарин дар ИМД-2021 баргузор гардид.

Директори Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ Хуршед Икромӣ таъкид кард, ки бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандўстии ҷавонон ва ҳавасмандсозии онҳо шуруъ аз соли 2018 марказ даҳгонаи беҳтарини довталабонро дар ИМД муайян ва бо Сипосномаву туҳфаҳои арзишманд сарфароз мегардонад. Имсол низ тасмим гирифтем, ҷиҳати амалигардонии «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм» эълон намудани солҳои 2020-2040 довталабонеро, ки аз рўйи дастовардҳо-соҳиб шуданашон ба шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳо (ШИҲАХ) аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар доираи гурўҳи ихтисосҳо аз ҷумлаи беҳтаринҳоянд, қадрдонӣ кунем. Маъмурияти муассиса ба корхонаи истеҳсолии «Сиёма», ҶСП «Нашриёти муосир», ҶДММ «Рухом», Бонки амонатгузории «Амонатбонк» ва ҶСП «Индиго Тоҷикистон» барои саҳмгузорияшон дар қадр кардани довталабони беҳтарини соли 2021 изҳори сипос менамояд.

Намояндаи Лоиҳаи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифати якуми Иттиҳоди Аврупо Норман Эмерсон дар муроҷиат ба донишҷўёни фаъол зикр намуд, ки ҳамеша барои такмили илму дониши худ талоши бештар намоед.

Котиби матбуотии ММТ Замира Абдусаломзода  иттилоъ дод, ки мувофиқи рейтинг аз рўйи натиҷаҳои ИМД-2021 ба 10-гонаи беҳтарин 14 нафар дохил гардиданд, зеро натиҷаи бадастовардаи се гурўҳи довталабон (гурўҳи якум-довталабони 1-уму 2-юм, гурўҳи дуюм-довталабони аз 3-юм то 7-ум ва гурўҳи аз 8-ум то 14-уми даҳгона) ҳамсон буданд. Ҳангоми муайян намудани ҷойҳои довталабони қимати рейтинги ҳамгирояшон якхела инҳирофи меъёрӣ (стандартное отклонение)-и натиҷаи бадастовардаи довталабон ба назар гирифта шудааст. 14 нафар ғолиб ҳамаашон аз кластери 5-ум (тиб, биология ва варзиш) мебошанд. Азбаски дар доираи кластери 1-ум (табиӣ ва техникӣ) хеҷ довталабе ҳамзамон аз ду ё се фанни равияҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ-математика, химия ва физика ШИҲАХ-ро соҳиб нашудааст, аз рўйи номинаи дуюм аз ин кластер 4 нафар довталабе интихоб гардиданд, ки аз як фанни равияҳои мазкур ШИҲАХ ва аз фанни дигар нисбат ба дигар довталабони дигар холҳои бештарро соҳиб шудаанд. Аз кластери 5-ум (тиб, биология ва варзиш) 10 нафар довталабе, ки аз ду фанни равияи табиатшиносӣ-биологияву химия ё химияву физика ШИҲАХ-ро соҳиб шудаанд, интихоб гардиданд.

Дилафрўз Қурбонӣ,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш