Нашрияи Омӯзгор

НАТИҶАГИРӢ АЗ ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Сана: 2021-12-15        Дида шуд: 91        Шарҳ: 0

Ба 21 нафар падару модар нишони “Маърифатпарвар”, ба 40 нафар иштирокчии фаъол 5000 сомонӣ ва ба 20 нафар 2000 сомонӣ тақдим гардид.

Нимаи якуми рӯзи 15-уми декабри соли равон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат М.Сатториён, муовини якуми вазири маориф ва илм М.Саломиён ва директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷ.Файзализода як қатор кормандони Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе барои саҳми арзанда дар баргузории озмуни мазкур бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон, инчунин 21 нафар падару модари ғолибон бо нишони “Маърифатпарвар” қадрдонӣ шуданд. 

Дар баробари ин, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 40 нафар иштирокчии фаъоли озмун, хусусан, пиронсолону ятимон ва камбизоатону шахсони дорои имконияташон маҳдуд, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор шудаанд, ифтихорнома ва туҳфаи молӣ бо маблағи 5000 сомонӣ ва бо дастури вазири маориф ва илм ба 10 нафар иштирокчии озмун фаъоли озмун маблағи 2000 сомонӣ тақдим гардид.

Муовини Сарвазири кишвар М.Сатториён зимни тақдими туҳфаҳо зикр карданд, ки имсол соли сеюм аст, ки зери сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад ва он ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст ва муҳимтар аз ҳама, озмуни имсола чеҳраҳои навро муаррифӣ кард.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш