Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсӣ аз соли 2010 инҷониб Барномаи таълимии “Омодагии пешазмактабии кудакони 5-7(6) сола” ҷорӣ шуда, тайи чанд сол аст, ки гурӯҳҳои беҳтаринро омодаи таҳсилоти ибтидоӣ намуда истодаем. Кӯдакони муассисаи мо озодона бо забонҳои адабии тоҷикӣ ва русӣ ҳарф мезананд.
Барномаи мазкур аз тарафи Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар ин самт вазифаҳо ва принсипҳои омӯзишӣ хеле хуб баррасӣ шудааст. Истифода аз ин Барнома заминагузорӣ намудан барои ояндаи нек хоҳад буд.
Омӯзиш дар гурӯҳҳои томактабӣ кафолати таълими босамарро дорад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани кӯдакони 5-7(6) соларо ба мактаб, ки ба кӯдакистон фаро гирифта нашудаанд, муҳим ва зарур шуморида, онро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф ва илм” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2010-2015 тасдиқ намуд. Мақсади барномаи таълимии “Омодагии пешазмактабии кӯдакони 5-7(6) сола” таъмин намудани омодагии кӯдакони ба кӯдакистон фаро гирифтанашуда ба таҳсил дар мактаби ибтидоӣ мебошад.
Дар гурӯҳҳои тайёрӣ ба мактаб, пеш аз ҳама диққати ҷиддӣ бояд ба принсипҳои солимгардонии маънавию равонӣ ва ҷисмонии кӯдакон дода шавад. Бовар дорам, ки принсипи ҳамдастӣ бо аҳли хонавода асоси пешрафти фаъолияти таълиму тарбия хоҳад шуд.
З.Саодатқадамова,
омӯзгори мактаби №72,
ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр