Нашрияи Омӯзгор

Диван

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 126        Шарҳ: 0

 

Ҳар шаб қабл аз хоб маро ғаму ғусса фаро мегирад. Ба диван наздик нашуда, дилам сип-сиёҳ, дарунакӣ сўхта-сўхта обу адо мешавам. Чаккаҳоямро дошта, дар рўйи хонаи хоб ин сў – он сў қадам мезанам, пеши худ дафтари шикояту ҳасрат боз мекунам. Лаънат, ҳазору анд лаънат ба он рўзи маъшуму номубораке, ки ба гапи занак гўш дода, озими бозори “Рангоранг” шудаму... балоро бо ду дасти адаб бо маблағи кироие ҳам набошад, дар сурати ҳамин дивани “зиштрў” харид карда, дав-давону тохтутозон ба хона овардам. Ҳар шаб ба таври ҳамешагӣ ба рўйи дивани хоб дароз кашиданӣ мешаваму... ногаҳон ту гўйӣ, дар чоҳи жарфе фурў меравам. Як садои шараққосу ғирҷ – ғирҷ баланд мегардад ва диван дарун мезанад. Аз ҷоям як қад мепарам, бархоста ба гиребонам туф – туф карда, оҳе бадард аз ҷигар мекашам... Охир, ин чӣ рўзи сиёҳест, ки ҳар шаб бо ман рўй медиҳад? Бармехезаму ба рўи диван чашм медўзам. Дар ҷое, ки дароз кашида будам, чуқурие пайдо шудааст. Чуқурӣ аз куҷо? Эҳ, садқаат шавам дивани замони Шўравӣ! Ҳай мустаҳкаму чандир буд. Як умр дар болояш ба роҳат ва хотири ҷамъу дили осуда хоб мекардӣ. Вале ҳоло аз нигоҳ кардан ба дивани истеҳсоли чинӣ беқарору ошуфта мешавам, роҳи фирор аз ин балоро меҷўям. Ҳамсари доноям кайҳост, ки илоҷи ҳалли муамморо дарёфта, рўйи гилем ҷогаҳ андохта, ҳар шаб бо фароғат сар ба болин гузошта хоб меравад, хоби ширин. Аммо ман... дигар ба ҷогаҳу болин ва рўйи гилем хў карда наметавонам. Ман охир одами асру замони навам, инсонвор зиндагӣ кардан мехоҳам. Дивани лаънатӣ боз азобам медиҳад, ҷонамро ба ҳалқам меорад. Кош, ба ҷониби бозори “Рангоранг” бол баровардаю парвоз карда намедавидаму ин балоро намехаридам.

Пас аз ҷустуҷўю, аз қавле “хомчўтзаниҳо” оқибат аз дохили бозор, аз фурўшгоҳе ҳамин дивани дарди сар ва зормондаро интихоб кардему харидем. Ба муҷиби арзонии диван ва маблағи каме, ки дар ҷайб доштам, хулоса кардам, ки ба ҷуз ин диван зўрамон ба хариди ун диванҳои нарму мулоими шоҳонае, ки дар мағозаҳои бошукўҳи севу чаҳорқабата бо ҳусну ҷилои худ ба чашм нур мебахшанду қатор – қатор ҷойгир шудаанд, намерасад. Ва аммо... фиреб хўрдем, ки ин моҷаро як қиссаи тўлонии дигарест, ки тасвиру нақлаш ношунида беҳ!

Мухтасари ривоят ин аст, ки диванро интихоб намудем, маблағашро бо ду даст бароварда, ба фурўшандаи зоғчашм, ки бас шитобзада метофт, супурдем ва ў ба ҳамроҳаш фармуд, ки инҳоро (яъне моро!) ба мошинаш савор карда, ба анбор, ки дар кадом гўшаи дигари шаҳр воқест, мебарию аз он ҷо диванро бароварда медиҳишон. Азбаски воқеа дар баҳорон рух дода, абрҳои сиёҳ осмонро фаро гирифта буд, борони реза меборид, ки тадриҷан шиддат гирифта, дар чашм задан ба раҳу рў ҷўй кашида, хавфи сел омадан таҳдид мекард. Аз ин рў, диванро бо ду чашми сар саҳеҳу дақиқ насанҷидаву дар бағоҷи мошин бор карда, ҳаракат намудем сўйи хона... Рўзи нахустине, ки диванро бо рахту появу тахтаҳои зераш ҷо ба ҷо кардем, дар чашмам зебову музайян ҷилва намуд. Худро ба болои он ҳаво додам, ҳаво додаму садои тараққосу шараққосе баланд гардид ва ҳамроҳи рахт шабеҳи он ки ба ғоре фурў афтода бошам, ба дарун задам. Ҳамсараму писарбузургам бо чашми ҳайрат ба ман нигариста, дасти худ сўям дароз карданду бо кумаки онҳо аз ҷоям рост шудам.

- Боз ин чӣ балое буд, ки ба сарамон омад, - чашм аз рўйи диван, аз ҷойи афтидаам наканда гуфт ҳамсарам ва маслиҳат пеш овард, ки тагу тирези диванро санҷида бинем.

- Даррав номи балоро нагир, - норозиёна ғур-ғур кардам ман ва рупўши хобро аз болои диван як тараф кашидам:

- Мебинему месанҷем, ки сабаб чист. Бо мадади писарбузургам рахтро, ки сап – сафеди оҳарӣ буд, даст – даст карда дидем. Эҳа, як тарафаш аз вазни баданам фишор хўрда пачақу маҷақ шудааст.

 “Корро бало зад, - аз дил гузарондам, - боз кашокашу даводав сар мешавад. Ҳамин ташвиши зиёдатӣ намерасид...”

- Рахт аз ҳам ҷудо шудааст, - бедимоғ гуфт писарбузургам ва даст афшонд:

- Ноомади корро бин-а, ҳоли як шаб дар рўяш нахобида, аз истифода баромад.

- Чӣ бояд кард? - суол додам ман, ки бас беқарору осема дуд аз димоғам баромада буд.

- Ҳеҷ, - посух дод писарам. – Ин рахтро мегирему дур мепартоем, тамом вассалом.

- Баъд чӣ?

- Баъд... баъд навашро мехаред, бозорҳо, магазинҳо пур. Лекин бақуввату мустаҳкамашро. Ман оташ гирифтаму “таркидам”:

- Ту чиҳо мегўӣ? Мо ин дивана пул дода харидем, аз раҳ гирифта наомадем – ку! Фурўшанда кафолат дода буд, ки агар ягон ҷойи диван вайрон бошад, гирифта биёред, мебинем. Масъулияту ҷавобгарияш дар гардани фурўшанда аст.

- Ва ҳамин рахти пачақу маҷақро гирифта “Рангоранг” мебарем? – ғурунгос зад ҳамсарам. - Кошки, раҳи наздик бошад.

- Ба бурдан мебарему гап дар сари он ки фурўшанда онро қабул карда, ба ивазаш навашро медода бошад? – рўйи муаммо равшанӣ андохт писарам. - Ман ин фурўшандаҳоро медонам, «кафолат, кафолат» - мегўянду баъд ҳазору як баҳона пеш меоранд.

- Гап ҳамин, - ба моҷаро нуқта гузоштанӣ шудам ман. - Пагоҳ, саҳари барвақт рахтро мегирему меравем ба “Рангоранг”.

- Бомдоди пагоҳ барвақт роҳи бозори “Рангоранг”-ро пеш гирифтем. Мағозаи шиносро бо фурўшандаи зоғчашми шинос ва ҳамроҳаш хеле интизор шудем. Оқибат аз кадом самте нохоставу ногаҳонӣ пайдо шуд ва чашмаш ба мо афтида, даршаст нигоҳашро гурезонда, худро ба кушодани дари фурўшгоҳ машғул дошт. Гўё мо вуҷуд надоштем.

- Чӣ хизмат? – вақте рахт дар даст ману писарам аз думболаш ба мағоза ворид шуда, рў ба рўяш қарор гирифтем, хитоб кард “зоғчашм” ва ҳайрон – ҳайрону саҳл кунҷковона ба рахти канораш пачақу маҷақ дида дўхт.

Ман рухдоди дирўзаро батафсил нақл карда, мунтазири посухи фурўшанда шудам. Як он дар оинаи чашмонаш нафрату ғазаби ошкороро ба мушоҳида гирифтам.

- Хайр, ман ба рахти пачақу маҷақи шумо чӣ дахл дорам? – беэътино ғуррид “зоғчашм” ва ба посухи мо мунтазир нашуда, якбора ниҳеб бардошт:

- Шумо аз ман чӣ мехоҳед?

- Аввал ин ки шумо ба ин рахт дахли калон доред, - фаҳмондам ман. - Дуюм ин ки, мо аз шумо чизи бисёре намехоҳем, рахти пачақро бо наваш иваз карда диҳед, тамом. Об ба лаби ҷўй баробар. Вақти хариди диван “кафолат медиҳем”, - гуфта будед – ку! Дар ёдатон ҳаст?

Фурўшанда, ки марди тақрибан 55 – 60-солаи миёнақади шикамдамида буда, дастонаш доим дар кисаҳояш, муғамбиронаю мутакаббирона ба берун бефарқ чашм медўхт, суханони ман нафоридаш, ки шўрида рафт:

- Аввал ин ки, мо ба худи диван кафолат дода будем, на ба рахту пахташ. Дуюм, ин коре, ки шумо дар атрофи он овозаю ҳангомаю моҷаро бардошта истодаед, бисёр хандаовару масхараомезона аст. Бори аввал бо чунин одам вомехўрам. Инсоф ҳам чизи хуб!

Баъд маҷаллаеро, ки дар он расмҳои ҷевону диванҳои гуногуни гаронбаҳои хориҷӣ акс ёфта буд, варақ зада, дафъатан “аланга” гирифт “зоғчашм”.

- Шумо чанд кило мебароед? – аз бом тароша афтодагӣ барин пурсид вай рост ба чашмонам нигариста.

- Чӣ хел “чанд кило?” – ғазабамро фурў нишонда пурсидам ман. Нафаҳмидам.

- Вазнатон чанд кило аст, фаҳмиданиям ман.

- Ба вазни ман чӣ кор доред? Масхара мекунед?

- Тану тўши шуморо бинед. Худро, чи хеле ки рост ояд, ба болои диван мепартоед, баъд мегўед, ки рахт пачақ шуд ё диван шикаст.  Ба Худо, ки...

- Чӣ “ба Худо?”

- Комедия, комедияи таппа – тайёр.

- Ман ба шумо комедияро нишон медиҳам, - барошуфтам ва фаҳмондам, ки рахти пачақро ба наваш, бе гапу шаф – шафи зиёдатӣ иваз карда диҳад.

- Шумо медонед, ҳамин диване, ки шумо харидед, истеҳсоли куҷост? Истеҳсоли Хитой. Чи хеле ки мегўянд, “одноразовий” мебошад, даҳонаш гарм шуда, ба “фалсафахонӣ” даромад”зоғчашм”. Аз ҳамин сабаб ба сари мо дод назадаву арбада набардошта, гаронбаҳотарашро мехаридед. Арзон бе иллат не, қиммат бе ҳиммат.  Так что...

Ман инони сабру таҳаммулро аз даст дода, сахттар барошуфтам.

Ман барошуфтам, вай барошуфт.

Ман дод задам, “зоғчашм” дод зад.

Ман даст афшонда, ўро ба адлу инсоф хонданӣ шудам, вай даст афшонда, маро ба адлу инсоф хонданӣ шуд.

Дар ин моҷаро нафаҳмида мондем, ки одамони зиёди ҳангомаҷў назди мо ҷамъ шудаанд. Оқибати ин шўру фарёд ба он анҷомид, ки бар ивази 50 дар сади пули рахт фурўшанда навашро ба мо медиҳад.

- Ғавғои бисёр чӣ лозим? - маслиҳат дод писарбузургам. – Розӣ шав, падар. Мардум механданд... Рахти навро бо чашмони пур аз нафрат фурўшанда аз мағозааш бароварда бо зарда:

- Ана, рахти мустаҳкаму чандиру бақувватро, ки ба додарарўсам ваъда дода будам, ба шумо бароварда медиҳам, - гуфт. - Дигар доду вовайло бардошта, пеши ман наоед. Мо охир масхараи шумо нестем.

Монои шахсе, ки ганҷи гумкардаашро баногоҳ аз кадом мавзею маконе ҷуставу дарёфта бошад, шодону хушҳол ба деҳа баргаштем. Рахти навро, ки дар қиёс бо рахти қаблӣ ғафсу мустаҳкам менамуд, болои диван густурдему рўйпуши гули садбаргдорро аз рўяш.

- Эҳтиёт карда, дар рўйи диван дароз бикаш, - маслиҳат пеш овард ҳамсарам. - Якуякбора худро ба рўи диван ҳаво надеҳ.

Дидӣ, ки чӣ рўзи сиёҳе ба сарамон омад. Ва аммо...

Се рўзу се шаб сипарӣ гардиду “балои дигаре бархост”. Ҳар вақт, ки ба рўйи диван барои дамгирию фароғат дароз кашиданӣ мешудам, ончунон оҳиставу нарм ва бесадо паҳлу ба ҷойхобу сар ба болин мегузоштам, ки аз қавле “мўре озор намеёфт.” Ингуна бо тарсу ҳарос ва ташвишу талвоса рўйи диван меорамидам, ки ҳеҷ ҷонам одамвор намеосуд. Ҳамсари меҳрубону бас эҳтиёткорам ҳанўз ҳам таваққуи дар рўйи диван хобидану фароғат карданро намекард ва ҳар гоҳ даст афшонда, мегуфт, ки “худат ба танҳоӣ хобидаву роҳат кардан гир, мардак. Ба умеди дар барат хобидан нашавам, ки боз диван дарун занад. Монаш, ба Худо!” Бо вуҷуди ин, шомгоҳи рўзи сеюме, ки рахти навро иваз карда будем, оламу одамро фаромўш карда, пас аз кор, ки бас вазнин гузашт, хаставу бефараҳ худро болои диван ҳаво додам. Худро ҳаво доданам ҳамон буду шараққосу тараққоскунон садо баровардани диван ҳамон. Ман гўё дафъатан ба чоҳе амиқ фурў мерафта бошам, ҳарчанд зўр задаму саъйю азм кардам, худро аз ин “чоҳ” берун кашида натавонистам. Дасту пой задам, пайкарамро ин сўву он сў ёзондам, чу шиноваре, ки дар умри сараш обро аз назик надидаву ҳавасу талоши оббозӣ дар сар худро ба об ҳаво дода ва хавфи ғарқ шудан ба ў таҳдид мекарда бошад. Хайрият, бо амри тасодуф, барои сўзану риштаро гирифтану либосеро бахя задан ҳамсарам ба хона ворид шуд ва ба ҳар тараф худро задани ману овози ғиж – ғижи дивани зормондаро дидаву шунида, якбора “воҳ, баррам” гуфта, нидои тааҷҷубомезе баровард.

- Боз чӣ воқеа? – ҳайрон шуд ба мани дар диван ғўтахўрда нигариста.

Ман бо наҳваю оҳанги имдодхоҳона дастонамро ба сўйи ў дароз кардам:

- Ҳоло вақти пурсуҷў нест. Як коре кунед, ки маро бархезонед. Шонаҳоям ба дард даромад, поям шадидан раг кашидааст. Азобам зўр.

- Зўру тавони ман барои бархезондани ту намерасад, - таассуфомез гуфт ҳамсарам ва ҷониби дар азми рафтан кард:

- Писарамро ҷеғ занам. Ҳардуямон шояд бихезонем туро.

Пас аз чанде модару писар пайи ҳам ба хона ворид гардиданд ва зуд ба ман наздик шуда, аз дастонам гирифта, талоши аз дивани шикаста бархезонданам карданд. Бо азоби зиёди тавонкоҳе ниҳоят бархезонданду рост карданд маро.

- Боз чӣ бало зад ба ин диван? – бо оҳанги шигифтомез ба пасу пеши диван бо дидаи таҳқиқ нигарист писарам. – Охир, се рўз ҳам нашудааст, ки рахташро нав кардем. Ва рўйкашро аз болои диван гирифта, ба рахти сафед бингарист:

- Наход рахт дубора аз ҳам рехта бошад? Ин ҳеҷ имкон надорад.

Не, рахт ҳеҷ осебу зиён надида буд. Писарам зуд рахтро бардошта, каноре гузошт ва... аҷаб, аз аҷаб ҳам аҷабтар, яке аз зерчўбҳои диван шикаста, пояҳои диван аз вазни афтидани ман каҷ шудаанд.

- Ҳазор бор гуфтам, ки мардак худатро ба болои диван ҳаво надеҳ, оромакак дароз каш, - забон ба насиҳат кушод ҳамсарам. - Ана, оқибати корат.

- Аҷоиб ин ки рахт ҳеҷ осеб надидааст,вале чўб шикастааст, - чашм аз зерчўби шикаста наканда тааҷҷуб кард писарам ва даст ба ҳам зад:

- Ин дафъа аз ана ҳамин хел тахта харида меорем.

- Дар куҷо мефурўшанд ин гуна тахтаро? – кунҷковӣ кардам ман.

- Дар магазинҳои масолеҳи сохтмонӣ, боз дар фурўшгоҳҳои мебел, - фаҳмонд писарам.

- Зудтар аз пайи кор шудан лозим, - дар омади гап ҳакимона хитоб кардам ман ва изҳори нигаронӣ кардам:

- Чи хел ки ҳамин диван аз аввал бефайзу хосият омад. Аллакай бори дуюм аст, ки мешиканад...

Муддате бад-ин ҳолу ҳаво паси сар шуд ва рўзе писарам чўби нави хокистарранги муҷаллоро аз фурўшгоҳи шаҳр харида овард. Дар омади гап, бояд тавзеҳ бидиҳам, ки писарам устои чилҳунари чирадастест, ки имсол ба муҷиби доман паҳн кардани бемории ҳамагиру ҳамахори “Ковид – 19” натавонист ба муҳоҷират ба Русия равад. З-ин рў, дар ину он хонадони ҳамдеҳагон ба корҳои сохтмонӣ машғул шуда, аробаи рўзгорашро ба пеш мебурд. Чўби нави ялаққосиро ба диван насб карда, рахтро аз болои зерчўбҳо густурдаву онро ба таври шоҳона пероста, қаноатманд нидо баровард:

- Ана, чўбро ҳам насб кардем. Боқӣ, ба роҳат болои диван дам гиреду бихобед, падар. Хайр, ба ҳар ҳол, эҳтиёт кунед.

- Модарат чӣ? – назари суол дўхтам ба ў.

- Чӣ “модарам?”

- Модарат ҳам бихобад, зарар надорад, мегўм?

- Не, ҳар ду хобидан гиред, - қотеъона гуфт писарам ва илова кард:

- Ин чўб чўби одӣ нест. Аз дарахти сасна мебошад!

- Хуб, хайр бошад!

Як моҳ, ду моҳ, се моҳ гузашт. Зимистон рафту баҳори сабзҷома ҷойгузини сардиҳои он фасл гардид. Дар ин муддат ҳарчанд ҳамсари меҳрубону муҳибамро маҷбур кардам, ки дар рўйи диван, паҳлуям бихобаду ҳузуру ҳаловат барад, розӣ нашуд, ки нашуд.

- Э мардак, чӣ лозим ташвишу даводави зиёдатӣ, - гуфт ў. - Мо хурсанд, ки дигар бо ин диван воқеае рўй намедиҳад. Худат баҳузур бихобу фароғат кун. Ман розӣ. Ягон фикри зиёдатӣ накун. Хафа, ки нестам... Аммо мани якрав дилам ба “рафиқи якумрии ҳаётам” сўхта, як шаб рўйи гилем ҷогаҳ густурдани ҳамсарамро дида, бо лутфу навозиш пешниҳод кардам, ки аз қавли Хайёми бузургвор, – “ин моли ҷаҳон ба кас намонад ҷовид”, биё, ки паҳлуи ҳам, болои диван бихобем.

- Наход, як диван арзиши шуморо надошта бошад? Ҳай содае!

Билохира, ба нею нестони занак нигоҳ накарда, розияш намудам, ки болои диван паҳлуям биоромад.

Баробари паҳлуи ҳам рўйи диван дароз кашиданамон, нохоставу ногаҳонӣ садои баланду таҳлукаомези шараққосу тараққос зада шикастану фурў рафтани рахт ба гўш расиду мо якҷо ба ковокии рахт ғелида рафтем.

 

Шодӣ РАҶАБЗОД

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш