Нашрияи Омӯзгор

Бо падар хурсанд будам

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 132        Шарҳ: 0

 

Падар! Ёдат, рўзгорат, меҳри зиёдат, орзую омолатро дар қалби фарзандону пайвандонат то абад боқӣ гузоштӣ. Ҳеҷ гоҳ мо, фарзандону пайвандон, аз хотирҳо фаромўшат нахоҳем кард.

Рўзе, ки панҷаи аҷал гиребонатро пора мекард, замину осмон  ашки ҳасрат мерехт. Ногаҳону бармаҳал чашм пўшидану тарки ин дунё намуданат ҳазорҳо қалбро пора намуд, падар. Қомати аз насиҳати  падарона рост намудаамонро шикастӣ, падар. Оҳ, падар, охир он рўзҳоеро ки хушу хуррам, бо сад умеду орзу паси сар мекардем, чӣ гуна фаромўш намоем? Махсусан, хислатҳоеро, ки доштӣ: чеҳрахандон, меҳмоннавоз, пурсабру тоқат, ширинзабонӣ.  Ҳамеша дар ҳалқаи фарзандону наберагон маҳфилоро будӣ. Ҳар он орзую омоле, ки дар қалби фарзандон аланга мезад, зуд аз пайи амалӣ гардондани он мешудӣ. Ба ҳар як фарзанду наберагон меҳри ҷудогона доштӣ. Ҳар як иду ҷашнҳоро бесаброна интизорӣ мекашидӣ. Бо фарзандони падар меҳрубону ғамгусор будӣ. Рўзҳои истироҳатиро дўст медоштӣ, чунки рўзҳои истироҳатӣ интизори бародарон будеду омадани онҳоро интизорӣ мекашидед. Охир, падар, шоҳи бародарон будӣ. Насиҳатгару маслиҳатчии хешу табор, фарзандону бародарон ва хоҳари азиз будӣ.  Ҳеҷ як тўйю сур  бе иштирокат  тарабангез набуд, падар.

Оҳ, падар, дар назди аҷал оҷиз мондем. Ҳатто ба модар ваъда дода будӣ, ки то рўзи вопасини умрат дар барат чун вориси ниёгон хоҳам монд, вале ҳайҳот падар, модар бехабар аз он ки фарзандаш шаҳди марг чашидаю ҷисми беҷони ў рўи хона хобидааст, сари фарзандашро сила карда рўи яхгаштаи аз лаззати марг чашидаи ўро ламс мекард.  Бовараш намеомад, ки фарзандаш сафари охират дорад. Аммо қалбаш пора-пора мегашт пас аз рўзи дафнат модар мисли Таҳминаи достон гардида буд, ки дар ғами фарзандаш гиребон пора мекард. Модар мисли ҳамон Таҳминаи достон аз ғами набудани фарзандаш тоб наоварда ҳатто моҳҳоро дар азодории фарзандаш бардошт карда натавонист ва худ низ рахти сафар баст ба пеши фарзандаш.

Амонати дигаре доштӣ: ёри азизу дилбандро, ки тўли солҳо барояш зиндагии ширин, муҳаббати гарму самимиро ҳадя намуда будӣ, таркаш намудию хомўшу бесадо ҳатто ҳарфе баҳраш нагуфтӣ ва ҳамаи он меҳрубониятро бо худ бурдӣ, падар.

Оҳ, падар, охир чӣ гуна фаромўш кунам лаҳзаҳои ширини умрро. Пас  аз рафтанат дигар шодию сурур ҳамроҳат моро тарк кард. Пас аз рафтанат кошонаамон ба мотамсаро табдил ёфт. Акнун зиндагӣ бароямон берангу бемаънист. Китоби зиндагиямро  саҳифа - саҳифа варақгардон мекунам; лаҳзаҳои ширини ҳаёти  бо падар буданро, рўи роҳаткурсӣ бо модарам бар ба бар нишастанатро, меҳрубониҳоятро, “бачам” - гўиҳоятро пазмон шудам, падар. Ҳатто, ҳар шаб вақте фориғ аз кор мешудам, тавассути телефон суҳбат мекардем ба фарзандонам меҳрубонӣ мекардӣ.

- Бачам, чӣ ҳол дорӣ? - мегуфтӣ, вале ҳайҳот, тўли моҳҳост телефонам занг намезанаду касе маро “Бачам” гуфта садо намекунад, падар.

Ёдам меояд он лаҳзаҳое, ки ман донишҷў будам, чӣ қадар дастгириам мекардӣ, маслиҳатам медодӣ. Маҳз кумаку дастгириат буд, ки ман  ба касби интихобгардидаи худ ноил гардида будаму барои кор ба халқу ватани азизам камари  ҳаммат бастам..

Моҳи декабрро ҳар сол мо, фарзандон, бесаброна интизорӣ мекашидем, чунки ин моҳ рўзи мавлудат буд, падар. Ҳар сол ин рўзро дар ҳалқаи фарзандону наберагон ва аҳли байт бо як шукўҳу шаҳомат ҷашн мегирифтем, вале сад афсўс. Ин рўзро чӣ гуна паси сар намоем? Вақте ки вориди ҳавлӣ мешавем, кӣ моро бо чеҳраи хандон пешвоз мегирад, кӣ  бароямон даст ба сўи Худо бардошта, ниятҳои нек, орзую омолро аз Худованд илтиҷо менамояд?

Падарам, пораи дилам, ҷону ҷигарам, ганҷи ноёбам, ҳасрати шабҳои бехобиям, умеду рўзҳои ноумедиям, сутуни хонадону равшании манзилам, баракати зиндагиям дўстат дорам, дар хотиротам то абад боқӣ хоҳӣ монд. Бароят гиря кардам, шеър гуфтам, тарона хондам.  Дидӣ? На. Хондӣ? На. Шунидӣ? На.  Ва ҳоло манам бо буғзи гулуву дили шикаста ва ҷисми аз набуданат хаста. Нозбардорам, ғамгусорам, меҳрубонам. То нафас ҳасту дунё боқист, аз доғи ту хоҳам сўхт ва бо ёди ту хоҳам зист. Рўҳат шоду манзили охиратат обод бод, падари ормониям!

 

Мунира

САНГИНМУРОДОВА,

омўзгори забон ва адабиёти МТМУ №173-и

ноҳияи Рўдакӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш