Нашрияи Омӯзгор

Пажуҳишгари накуном

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 101        Шарҳ: 0

 

Ҳабибулло Абдуллоев соли 1946 дар деҳаи Бўстонаки ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Падару модараш соли 1948 ба деҳаи Эловари  ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) кўчида меоянд.

Номбурда ба шуъбаи физикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад.

То соли 1971 дар факултети физикаи донишгоҳ ба ҳайси ассистент фаъолият  намуда, соли 1975 ба Пажуҳишгоҳи муттаҳидаи тадқиқотҳои ядроии шаҳри Дубнаи вилояти Москва фиристода шуд. Ў рисолаи номзадии худро таҳти унвони «Тадқиқоти назариявӣ ва ба таври ададӣ моделсозии математикаи ҳамсамтҳои мураккаби ғайрихаттӣ»  ҳимоя кард ва соҳиби унвони номзади илми физикаю математика гардид.

Соли 1992 дар Шўрои илмии махсуси назди Пажуҳишгоҳи муттаҳидаи тадқиқоти ядроии шаҳри Дубна дар мавзуи “Тадқиқоти назарӣ ва моделсозии математикаи ҳодисаҳои ғайрихаттӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кард.  Таҳти роҳбарии мавсуф панҷ кас диссертатсияи номзадӣ ва ду нафар диссертатсияи докторӣ навишта анд.  Ҳабибулло Абдуллоев «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» буда,  соли 2002 бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардидааст.  Сад афсўс, ки олими муътабар, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҳабибулло Абдуллоев 14-уми майи соли 2020 дар 74-солагӣ  ин дунёро падруд гуфт. Ёдаш ба хайр бод.

Аҳлиддин САФАРОВ,

собиқадори маориф, шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш