Нашрияи Омӯзгор

Муҳаққиқи шинохтаи илми тоҷик

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 103        Шарҳ: 0

 

Дар тадқиқу ғанигардонии базаи моддии Боғи ботаникии шаҳри Хоруғ баробари дигар коршиносони варзида ҳиссаи Усмон Холдоров назаррас аст.Зиндаёд Усмон Холдоров пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 3-и шаҳри Хоруғ ба шуъбаи биологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуд.

Соли 1958 онро бо ихтисоси биолог - ботаник бомуваффақият хатм намуда, солҳои 1959 – 1962 таҳсилашро дар аспирантура идома дод. Баъдан дар донишкадаи мазкур ба ҳайси лаборант, муаллими калони кафедраи ботаника фаъолият намуд. Минбаъд ўро ба вазифаи директори Пойгоҳи тоҷикистонии озмоишгоҳи ҷангали Институти илмию тадқиқотии Осиёи Миёнагии хоҷагии ҷангал таъйин карданд.

Давоми 24 соли роҳбариаш дар пойгоҳ ба Усмон Холдоров муяссар гардид, ки онро ба яке аз марказҳои муҳими илмӣ-тадқиқотӣ на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки берун аз он табдил диҳад. Соли 1988 бо қарори Кумитаи давлатӣ оид ба маорифи халқ ў сазовори унвони илмии профессори кафедраи ботаника ва экологияи кишоварзӣ гардида, баъдан директори Институти биологии Помири Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб карда шуд. Бо интихоб шудани ў ба ин вазифа сифати кадрии олимони тоҷик дар институт куллан тағйир ёфт. Дар давраи роҳбарии ў шогирдонаш Оғоназар Ақназаров, Саидмир Шомансуров ва Довутшо Наврўзшоев рисолаҳои докториро ҳимоя намуданд.

Усмон Холдоров зимни фаъолияти кориаш дар Институти биологии Помир, дар самтҳои азхудкунии комплекси набототи сарзамини кўҳии Тоҷикистон, мевапарварӣ дар шароити баландкўҳ ва хоҷагии ҷангал худро ҳамчун мутахассиси баландихтисос нишон дод. Фаъолияти ташкилотчигии Усмон Холдоров имкон дод, ки кормандони Институти биологии Помир дар давраи барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле вазнин, яъне солҳои 1991-1996 бе ягон маҳдудият экспедитсияҳои илмиро дар ҳудуди вилоят ташкил намоянд. Дар натиҷаи ин экспедитсияҳои илмӣ генофонди дарахтони мевадиҳандаи вилоят, растаниҳои доруворӣ ба пуррагӣ омўхта шуда, хелҳои беҳтарини онҳо барои истеҳсолот тавсия дода шуданд. Усмон Холдоров, инчунин, роҳбарии мавзуи илмии озмоишгоҳи мевапарварӣ дар шароити баландкўҳро солҳои тўлонӣ ба уҳда дошт.

Ҳамчун олими шинохта, сиёсатмадори асил, шахсияти дурандеш дар чандин давраҳои музокирот бо мухолифин дар замони ҷанги шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо гурўҳи кории ҳукумат ба давлатҳои Эрону Россия сафари хизматӣ анҷом дод. Соли 1986 рисолаи докториро ҳимоя намуда, баъди як сол узви вобастаи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон аз рўи ихтисоси растанипарварӣ интихоб шуд. Ба қалами ў зиёда аз 100 кори илмӣ оид ба растанипарварӣ ва азхудкунии ҳудуди кўҳсор дар соҳаи ботаника ва мевапарварӣ дар шароити баландкўҳ тааллуқ доранд. Бо роҳбарии бевоситаи ў аввалин маротиба дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон плантатсияи чормағзи юнонӣ ташкил карда шуд. Дар натиҷаи омўзиши хусусиятҳои чормағзи юнонӣ Усмон Холдоров бо шогирдонаш барои истеҳсолот 300 хели ояндадори ин меваи пурарзишро тавсия дод. 6 - то аз онҳо аз санҷиши давлатӣ гузашта, ҳамчун навъ эътироф шуданд. Хелҳои чормағзи ояндадоре, ки Усмон Холдоров тавсия дода буданд, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ўзбекистон, Қирғизистон ва Қафқози Шимолӣ низ ба истеҳсолот ворид шуданд.

Усмон Холдоров чандин маротиба дар давлатҳои хориҷ тадқиқот ва афзалияти илми тоҷикро муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, дар як қатор муассисаҳои илмии Булғористон ва Ҷумҳурии халқии Чин бо мақолаҳои илмӣ баромад намуд. Ў, инчунин, узви шўроҳои диссертатсионии назди Институти физиология ва биофизикаи растаниҳо ва Институти ботаникаи АИ ҶТ интихоб шудааст.

Фаъолияти пурсамари Усмон Холдоровро ба инобат гирифта, ў бо мукофотҳои давлатӣ - медали ҷашнии 100-солагии В.И.Ленин, Грамотаи фахрии Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Барои коркард ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияи парвариши плантатсияи чормағзи юнонӣ ва ангат бо медалҳои нуқра  ва  биринҷии намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи (ВДНХ) Иттиҳоди Шўравӣ сарфароз гардидааст.  Усмон Холдоров бо унвони фахрии “Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ шудааст.

Ин марди хирад бар асари бемории сактаи майнаи сар дар синни 60-солагӣ, баъди бемории начандон дароз моҳи августи соли 1996 дунёро падруд гуфт. Баъди вафоташ ҷиҳати абадӣ гардондани хотираи ин марди илму дониш як қисмати кўча, ки дар он ҳам Институти биологии Помир ва ҳам Институти илмҳои гуманитарӣ ҷой доранд, ба номи Усмон Холдоров гузошта шуданд.

 

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ,

академики АМИТ,

доктори илмҳои кишоварзӣ,

Корманди шоистаи Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш