Нашрияи Омӯзгор

Олиҳиммат

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 164        Шарҳ: 0

 

 

Шахси арзанда ва писандида онест, ки доимо дар талоши манфиати аҳли ҷомеа аст. Ҷое, ки сухан аз фазилату инсони ҳалиму хоксор, роҳбари сахтгиру меҳрубон равад, пеши назар  симои ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қудрат Давлатзода  падид меояд.

Ҳар як шахс ҷоеро, ки зода шудаю ба камол расидааст, хеле дўст медорад ва кўшиш мекунад, ки саҳме дар ободонию пешрафташ гузорад.

Бо ташаббуси Қ. Давлатзода дар муассисаи таълимие, ки  (МТМУ-и №24, ноҳияи Восеъ)  хондаю аз илму дониш баҳравар гаштааст, барои муҳайё кардани шароити таълимию тарбиявӣ  соли 2019  чор синфхонаи иловагӣ ва як  утоқи корӣ сохтаю  ба истифода дода шуда, онҳо бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти дарсӣ муҷаҳҳаз гардиданд.

Ҳар гоҳ ў вориди деҳа шавад, албатта, аз кору фаъолияти муассисаи таълимӣ, донишомўзии хонандагон, иштироки онҳо  дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, ”Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Илм фурўғи маърифат” ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ихтироъкорӣ  пурсон мешавад.          

Барои пешравии кор дар ин самтҳо Қ. Давлатзода боз 10 компютери дигар (барои омўзиши дарсҳои технологияи иттилоотӣ) ба муассисаи таълимии №24 дастрас кард, то ин ки хонандагон дар пешрафти илму техника бо комёбиҳо ноил гарданд.

Омўзгорон ва  мардуми деҳа аз ин ҳамдеҳаи худ - олим ва ходими давлативу ҷамъиятии мамлакат, шахси бомаърифат, масъулиятшинос, ботаҷриба ва меҳнатдўст фахр менамоянд ва кўшиш мекунанд, ки дар ободонии муассисаи таълимӣ ва пешрафти кори таълиму тарбия тамоми ҳастии худро бубахшанд.

Гулнигор НУРМУҲАММАДОВА,

директори МТМУ-и №24, ноҳияи   Восеъ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш