Темур Намозов пешаи омўзгориро аз овони наврасӣ дар дил мепарварид. Волидонаш, ки худ омўзгор буданд, интихоби ҷигарбандашонро пазируфтанд ва барои омўзгор шудани ў тамоми шароитро фароҳам оварданд.
Темур Намозов соли 1977 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Муъминободро бомуваффақият хатм намуда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ супорида, онро соли 1980 бо ихтисоси омўзгори забон ва адабиёти рус сарбаландона ба итмом расонид. Ў фаъолияти омўзгории хешро дар ноҳияи Файзобод оғоз намудааст. Баъд аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳаш баргашта, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 ба пешаи омўзгорӣ идома дода, чанд муддат ба ҳайси ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия дар ин муассиса фаъолият намуда, 6 сол (солҳои 2001 то 2007) ҳамчун директори муассиса ифои вазифа намудааст. Ў чанд муддат ба ҳайси директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13, деҳаи Момандиёни Ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назаров низ фаъолият намудааст. Устод аз соли 2010 то ин ҷониб дар Маркази дарёфт ва рушди истедодҳои шуъбаи маорифи ноҳия кор карда истодааст. Мавсуф бар он фикр аст, ки тарбияи дурусти фарзандон ифтихори ҳар як омўзгор ва падару модар мебошад. Мусаллам аст, ки саҳми устод дар таълиму тарбияи насли наврас ва омўзгорони ҷавон беандоза буда, ҷавононро ба касби интихобнамудаашон дилгарм месозад ва мегўяд, ки омўзгор бояд бештар худомўзӣ кунад, яъне, ҷўяндаю ёбанда бошад. Шоёни зикр аст, ки баробари фаъолияти омўзгорияш, Т.Намозов ба ҷавонону наврасон аз забони русӣ машғулиятҳои иловагии ройгон медиҳад.
Сайҳомид Сафаров,
рўзноманигор
Иловакунӣ
Иловакунии фикр