Нашрияи Омӯзгор

Олими мумтоз ва устоди тавоно

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 145        Шарҳ: 0

 

 

Вуҷуди мардуми доно мисоли зарри тиллост,

Ки ҳар куҷо биравад, қадру қиматаш донанд.

Ҳар гоҳ ки дар мавридеву даврае ва маҳфиле сухан дар бораи илм, маориф, нақша ва барномаҳои таълимии донишкадаю донишгоҳҳо меравад, пеши назар симои яке аз фидоиёни роҳи маърифат, олими шуҳратёр, методисти варзидаи методикаи таълими математика, шахси хирадманд, муҳаққиқи нуктасанҷ Мамадҷон Маҳкамов ҷилвагар мегардад.

Шиносоӣ, дўстӣ ва ҳамкории банда бо ин инсони наҷиб аз даврае оғоз шуд, ки ў иҷрои вазифаи сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро (солҳои 1997-2000, 2002-2006, 2013-2014) ба уҳда дошт. Маълум, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистони нав ба истиқлолият расида, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, махсусан, мактабу маорифи кишвар хисорати ҷиддӣ ворид сохт. Ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, ки ояндаи миллат дар дасти онҳост, сахт халалдор гашт ва ба навоқиси зиёд мувоҷеҳ гашт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин вазъи душвори маориф ва таълиму тарбияро дарк намуда, соҳаи маорифро афзалиятнок эълон карданд. Ин тадбири муҳиму саривақтӣ ба такомули бавусъати соҳаи маориф дар давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ мусоидат намуд ва маорифро ба пешравиҳои назаррас шарафёб сохт. Ҳамчунин, боиси рўҳбаландии аҳли таълиму тарбия ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон гардид.

Бояд гуфт, ки дар мактабҳои олӣ раёсати таълим яке аз рукнҳои асосӣ ба шумор меравад, зеро самаранокию сифати таълим, пеш аз ҳама, ба маҳорати касбии кормандони ҳамин раёсат вобаста аст. Аз ин рў, ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ, устоди зиндаёд, узви вобастаи АИТ, профессор Қ.Расулов (рўҳашон шод бод) ва муовини аввали ректор, профессор С.Бандаев ба ин вазифаи масъулиятнок Мамадҷон Маҳкамовро лоиқ диданд.

Ўро пиндору гуфтору кирдор якест. Мо инро ҳангоми дар вазифаи сардори раёсати таълими донишгоҳ кор карданаш боз ҳам возеҳтар мушоҳида намудем. Ҳангоми тағйироти нақшаҳои таълимӣ устод М.Маҳкамов имконот, махсусиятҳо ва ҳайати устодони ҳар як факултет ва кафедраи тахассусиро ба инобат гирифта, бо деканҳо ва мудирони кафедраҳо суҳбату машваратҳо баргузор намуд. Натиҷа ҳамин буд, ки нақшаҳои таълимии солҳои 2005 ва 2011 яке аз беҳтарин нақшаҳои таълимии донишгоҳ дар солҳои охир ба шумор мерафтанд.

Бо вуҷуди дар вазифаҳои масъул фаъолият намудан, устод М.Маҳкамов бо донишҷўён аз фанҳои методҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ ва практикуми ҳалли масъалаҳои математикӣ дарс мегуфту ҳамзамон бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (Маркази идораи лоиҳаи кредитӣ дар соҳаи маориф) ҳамкории пурсамар дошт. Устод солиёни зиёдест, ки дар идораи хадамоти методии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мутахассиси варзида фаъолият дорад. Устод М.Маҳкамов барои ёрӣ ба омўзгорон ва муҳаққиқони соҳаи методикаи таълими математика аз соли 1978 то имрўз зиёда аз 100 мақола дар маҷаллаву рўзномаҳои ҷумҳурӣ ба нашр расонидааст, ки бештари онҳо ба давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз рост меояд.

Ёдовар мешавем, ки устод ба корҳои илмӣ ва таълифи мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, дар таълифи дастурҳои таълимӣ аз фанни методикаи таълими математика саҳми бориз дорад. М.Маҳкамов соли 1993 дар Шўрои диссертатсионии дифои рисолаҳои докторию номзадӣ дар факултети математикаи Донишкадаи омўзгории Москва дар мавзуи “Ташаккули методҳои ҷамъбасткунӣ дар ҳалли муодила ва нобаробариҳо дар курси алгебраи мактабҳои ҳамагонӣ” зери роҳбарии профессор В.И.Крупич бо муваффақият рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.

Ба қалами ў беш аз 370 кори илмӣ-тадқиқотӣ, дастурҳои таълимию методӣ мансубанд, ки ин аз олими тавоно ва методисти варзидаву пурмаҳсул будани ў шаҳодат медиҳад.

Хислатҳои наҷиб дорад, Мамадҷон Маҳкамов - шикастанафсӣ, поктинатӣ, масъулиятшиносӣ, муносибати ҷиддӣ ба ҳар кор, эҳтироми дигарон, серталабӣ нисбат ба худ ва шогирдону атрофиён. Ва ин ҳама хислатҳои наҷиби инсонӣ дар гуфтор, рафтор ва кирдори устод ҳамеша мушоҳида мешаванд. Шоир гўё маҳз барои чунин ашхоси пок фармудааст:

Касеро даъвии озодагӣ чун сарв

мезебад,

  Ки бо ҳар чор фасл аз бениёзӣ як забон

дорад.

Ба дўст ва устоди поктинат, ҷўянда, серкору пурмаҳсул Мамадҷон Маҳкамов дар рўзи ҷашни ҳафтодсолагиаш орзу дорем, ки ба ҳамаи мақсаду ниятҳои некаш бирасад, ҳамеша тансиҳату хотирҷамъ бошад ва боз ҳам китобҳои тоза ба тоза таълиф намояд.

Он чи мақсуди одамизод аст,

 Номи нек асту он дигар бод аст.

Абдулбоқӣ НУРОВ,

доктори илмҳои педагогӣ, профессор,

Корманди шоистаи Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш