Нашрияи Омӯзгор

«Нимшўхиву нимҷиддӣ» ба табъ расид

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 102        Шарҳ: 0

 

Ба қарибӣ нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон маҷмуаеро таҳти унвони «Нимшўхиву нимҷиддӣ», ки ба қалами хонандаи синфи 7-уми МТМУ №90-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳалима Қурбоналӣ тааллуқ дорад, аз чоп баровард. Китоби мазкур маҷмуи қиссаву ҳикояҳои ҷолибро аз ҳаёти шахсиятҳои маъруфи дунё, ки воқеан, хотирмону мондагоранд, дар бар мегирад. Чунонки муаллифи сарсухани маҷмуа, адиби тоҷик Умари Шерхон таъкид намудааст: «Ҷаҳду талош ва кўшишу ғайрат дар ин ҷода шоистаи таҳсину офарин аст. Ҳалима бояд пайваста омўзад, дар раҳи дониш қадамҳои устувор ниҳад. Он ки дониш меомўзад, роҳаш ҳамвор аст. Бо итминон метавон гуфт, ки роҳи Ҳалима низ ҳамвор хоҳад буд. Биноан, таманно менамоем, ки хирадманд бошаду талабгори илм».

Қисмати навбатии китоб бо номи «Ганҷнома» дар бораи соҳиби касбу кор, шахсият ва солҳои зиндагии нухбагони олам  қисса мекунад.    Китоби «Нимшўхиву нимҷиддӣ» дар оғози «Бистсолаи омўзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» туҳфаи хубест барои доираи васеи хонандагон, зеро он бештар дар бораи зиндагиномаи олимону донишмандони соҳаҳои табииву риёзӣ ва техникӣ маълумот додааст.     

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омўзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш