Нашрияи Омӯзгор

Ҳамвора дар ҷустуҷў

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 109        Шарҳ: 0

 

Имсол дар даври  минтақавии  озмуни  ҷумҳуриявии  «Омўзгори  сол – 2021», ки  бо иштироки  довталабон аз шаҳру навоҳии  тобеи  марказ баргузор гардид, омўзгори  забони  русии  муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии  №63-и ноҳияи Файзобод Манижа Зайниддинова  маҳорати  хуби педагогӣ нишон дода, сазовори  ҷойи  сеюм гардид. Воқеан, М.Зайниддинова  бо донишу маҳорати   баланд ва омўзиши  таҷрибаи  пешқадами  устодони  соҳибмактаби  муассисаашон  ба дастовардҳои  назаррас ноил ва соҳиби  обрўю  нуфуз гардидааст. Шогирдони  муаллима дар олимпиадаҳои  фаннии сатҳи  ноҳиявию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ  фаъолона иштирок намуда, сазовори  ҷойҳои  намоён мегарданд. Бо ташаббуси  омўзгор  М.Зайниддинова дар мактаб зуд-зуд чорабиниҳои   пурмуҳтавою  шавқовари  беруназсинфӣ ва маҳфилу  ҳафтаҳои  фаннӣ  гузаронида  мешавад. Ба андешаи  омўзгори  навовару ҷўянда, муаллими  забони русӣ, пеш аз он ки   мавзуъҳои   таълимиро аз хонандагон пурсон  гардад, бояд худ на танҳо дар бораи  шоиру нависандагони рус маълумоти кофӣ  дошта бошад, балки  асарҳои онҳоро мутолиа ва омўхта бошад.   Синфхонаи фанни забони русӣ, ки бо саъйю кўшиши М.Зайниддинова таҷҳизонида шудааст, таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб намуда, аз тамошои он баҳри дили кас кушода мегардад. Дар синфхонаи фаннӣ гўшаҳои махсуси «Шоирону нависандагони рус», «Осори ҷаҳонӣ», «Ҳаёти ибратомўз», «Сеҳри сухан» ва ғайра ташкил карда шудаанд. Омўзгори заҳматкашу кўшо М.Зайниддинова соли сеюм аст, ки шогидонашро ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» омода мекунад ва онҳо дар ин озмун фаъолона иштирок меварзанду ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.

Ҳокими Сафар,

ноҳияи Файзобод

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш