Нашрияи Омӯзгор

Истифодаи компютер дар санҷишҳои тестӣ

Сана: 2018-08-09        Дида шуд: 754        Шарҳ: 0

Асри XXI, ки асри технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия ном дорад, аз мо, мутасаддиёни мактабу маориф, имрӯз тақозо дорад, ки дар раванди таълим ҳар чӣ бештар аз ин навъи воситаҳои техникӣ васеъ истифода намоем ва ба ин васила сифати таълимро аз фанни таърих ва ҳуқуқ дар муассисаҳои таълимӣ пайваста боло бардорем.

Бо маҳорати баланди кордонӣ истифода кардани воситаҳои техникӣ ва муосир, мо метавонем ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯ сатҳу сифати дониши хонандагонамонро баробар созем.

Таҳияи тестҳо тавассути компютер дар гузаронидани машғулиятҳои санҷишӣ аҳамияти бузург дорад. Аҳамияти санҷишҳои элеткронӣ аз фанни ҳуқуқ дар он аст, ки хонанда метавонад бевосита баъди иҷрои супориш баҳои худро бинад. Дигар, омӯзгор барои таҳлили кори иҷронамудаи хонанда вақти худро сарф намекунад. Аз ҳама хубаш зимни иҷрои ин гуна супоришҳо шавқ ва завқи хонандагон баланд бардошта мешавад.

Намудҳои истифодабарии компютерҳои ҳозиразамон дар ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хусусӣ, литсей, гимназия, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, донишкада ва донишгоҳҳо бениҳоят гуногун мебошад. Истифодабаранда пеш аз истифодабарии компютерҳои навъҳои гуногун дар вақти таълим бояд аввал муайян намояд, ки кадом функсияҳоро ба он гузошта мешавад.

Барои бомуваффақият истифода бурдани компютер ҳангоми таълим аз тарафи истифодабаранда барномаҳои санҷишӣ ва омӯзишӣ тартиб дода мешаванд.

Барномаи омӯзишӣ ин барномаи махсусест, ки ҷараёни таълими хонандагонро идора ва иҷро карда, қисман вазифаи муаллимро иҷро мекунад.

Дар барномаи омӯзишӣ принсипҳои зеринро бояд ба назар гирифт:

а) Маводи таълимӣ (матнҳо, расмҳо, схемаҳо, масъалаҳо, саволҳо, пешниҳодҳо ва  ғайра);

б) Қоида, қонунҳо, талаботҳо, формулаҳо, теоремаҳо, таърифҳо ва ғайра;

в) Барномаи махсуси омӯзишӣ. Пай дар пай ба хонандагон тақсим карда додани маводи таълимӣ;

г) Соати муайян ҷудо кардан барои омӯзиши маводи мушаххас;

Барномаҳои омӯзишии компютер чун асбоби ёрирасони ҷараёни таълим истифода бурда мешавад.

Тартиб додани тест барои як қисми мушаххаси фан, бояд мақсади муайян гузошт, яъне якум «индикатори сатҳи дониш доир ба бобҳо» - ро ба назар гирифт. Якҷоягии ҳамаи супоришҳо (саволу ҷавобҳо) аз рӯи қисм, мавзӯъ бояд дониши фанро дар бар гирад.

Одатан барои гузаронидани санҷишҳои тестӣ аз фанни ҳуқуқ саволҳои тестии кушода ва мувофиқоварӣ ба хонандагон пешкаш мешаванд. Бояд таъкид кард, ки барои иҷрои супоришҳои тестӣ аз фанни ҳуқуқ одатан аз 2 дақиқа то 3 дақиқа ҷудо карда мешавад.

Баъд шумора ва намуди супоришҳо кор карда баромада мешавад. Баъди тартиб додани нақшаи умумии тест яке аз марҳалаҳои асосӣ сар мешавад. Ин ҳам бошад, тартиб додан ва интихоб кардани супоришҳост. Ин кор аксаран ба омӯзгорони пуртаҷриба супорида мешавад.

Хулоса, дар раванди таълими фанҳои «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» ва «Ҳуқуқи инсон» истифода намудани санҷишҳои тестӣ шавқу рағбати хонандагонро зиёд намуда, дар онҳо ҳиссиёти кунҷкобӣ ва дар бедории инкишофи ҷаҳонбинии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Исмоил Акбаров,

омӯзгори асосҳои давлат

ва ҳуқуқи мактаби  №37,

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш