Нашрияи Омӯзгор

Тарғибгари волоияти забони тоҷикӣ

Сана: 2021-12-16        Дида шуд: 119        Шарҳ: 0

 

Забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он дар ҳама давру замон мавриди таваҷҷуҳи бузургмардону равшанзамирон, аҳли маърифат қарор доштааст. Ҳокимони вақт барои нишон додани қудрату шаҳомати давлатдории худ забонро ҳифз менамуданд, домани марзи истеъмоли онро пайваста густариш медоданд, барои тарвиҷи он хизматҳои бедареғ мекарданд.

Аз ин рў, забони тоҷикӣ то ба имрўз бо шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонааш ба ҳамон гунаи асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини калимаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи зебову дилчасп то ба рўзгори мо расидааст.

Баъди солҳои шастуми қарни ХХ адибони тоҷик ба сифати пешкисватони ҷомеа ҷиҳати ба маснади баланд нишонидани забони тоҷикӣ, поккории он аз вожагони бегона, ҳамқадами замон намудану баргардонидани асолати он ҷаҳд варзиданд, ки устод Лоиқ Шералӣ аз ин гурўҳ истисно набуд.

Тарғиби забон, фарҳанг, худогоҳии миллӣ дар эҷодиёти Лоиқ бо ду роҳ – нигориши мақолаҳои публитсистӣ ва эҷоди шеър сурат гирифтааст. Шоир дар як мақолааш аз бетафовутии равшанфикрони мо нисбат ба забони миллӣ ибрози назар намуда, пешниҳод кардаст, ки бояд забони тоҷикӣ аз омўзишгоҳҳо то донишгоҳҳои мамлакат омўхта шавад. Зеро то афкори равшанфикрони мо тоҷикӣ набошад, ин забон дар ҷомеа мақом пайдо нахоҳад кард. Ба ақидаи Лоиқ, «савияи забондонию адабиётхонии зиёиёни мо сояравшанҳо дорад. Қисме аз онҳо эҳсоси ифтихори миллӣ ё номуси миллӣ надоранд. Қисме осори классикӣ, масалан, рубоиёти Хайём ё ғазалиёти Ҳофизро хонда намефаҳманд ва тарҷумаи русияшро мекобанд. Шояд ин «дард» аз он пайдо шуда бошад, ки дар ҳамаи мактабҳои олӣ, омўзишгоҳҳои махсус, омўзишгоҳҳои касбию техникӣ забон ва адабиёти тоҷик дарс дода намешавад. Ҳол он ки бояд дарс дода шавад». Дар ҳоли пойбарҷо будани давлати Шўравӣ ибрози холисона, рўирост ва боҷуръатонаи афкори шоир нисбат ба забони миллӣ шояд камназир бошад.

Дар мақолаи «Як рукни муқаддасоти миллӣ», ки соли 1988 интишор шудааст, андешаҳои шоир оид ба гиромидошти забони бузургони адабиёт ва омўзиши осори онҳо равшантар ва баландтар садо медиҳад. Устод Лоиқ мегўяд, ки дар мактабҳои олӣ осори бузургон, мисли Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Мавлавӣ, Низомӣ, Ҳофиз, Саъдӣ… муназзам омўхта намешаванд… Аз ин рў, пешниҳоди мо ин аст, ки дар таркиби факултети филология гурўҳҳое бояд созмон дод, ки ба омўхтани осори мутафаккирону донишмандон машғул бошанд. Аз ин гурўҳҳо дар оянда пажуҳандагони мустақил ба воя мерасанд. Ба фикри инҷониб, пешниҳоди устод Лоиқ ҳанўз моҳияти худро гум накардааст ва воқеан амалӣ намудани он барои ба воя расидани пажуҳишгарони варзида мусоидат хоҳад кард.

Соли 1989 гурўҳи равшанфикрони тоҷик бори аввал дар Осиёи Марказӣ барои мақоми давлатӣ касб намудани забони тоҷикӣ ба арсаи мубориза бархостанд. Зеро забони тоҷикӣ ба забони аҳли хонавода бадал гардидаву аз ҷониби давлат муттакое надошт, забони расмиву коргузорӣ русӣ буд. Аз ин лиҳоз, Лоиқ чун дигар майдондорону парчамбардорони забони тоҷикӣ мегуфт, ки забон бояд мақоми давлатӣ дошта бошад. «Аксари он тоҷикон, ки дар корхонаву идорахонаҳо кор мекунанд, дар андак муддат аз забони модарӣ чунон дур мешаванд, ки ҳатто бо аҳли оилаи худ дуруст гап зада наметавонанд, чи ҷои китоби тоҷикӣ хондан ва ё ба рўзномаи тоҷикӣ обуна шудан… Аз ин сабаб аст, ки майдони амали ҷамъияти забони тоҷикӣ танг мешавад ва эътибори он паст мегардад».

Устод Лоиқ дар амри мубориза барои гиромидошти забони миллӣ танҳо набуд. Дар паҳлуи устод Лоиқ адибоне, чун Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Убайд Раҷаб, Муҳаммад Ғойиб, Фарзона, Гулназар, Низом Қосим ва дигарон бо ашъори пурҳарорату оташини худ баҳри ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва гиромидошти забони модарӣ пайкор мекарданд. Лекин ба андешаи мо, ашъори дар ин мавзуъ сурудаи Лоиқ вижагии дигар дорад. Ў бепарда, ошкоро ва холисона ба зимомдорони замона ишора намуда, барои поймол шудани забони тоҷикӣ, на синфи заҳматкаш, балки  маҳз ҳамин тоифаро гунаҳкор мешуморад!.. 

Дар замони истиқлол орзуву омоли устод Лоиқ амалӣ шуд. Забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ба тамоми маънояш мақом пайдо кард. Устод Лоиқ  истиқлолро васф мекард, суруди ваҳдатро мехонд, забони миллиро месутуд. Тавре профессор Усмонҷон Ғаффоров дар асари пурарзиши худ «Лоиқ Шералӣ» таъкид менамояд, «таърихи охири асри ХХ ба халқи тоҷик ду иди пояндагии миллатро ҳадя кард; яке иди забон ва дигаре иди сулҳу ваҳдат ва оштии миллӣ- 27 июн. Барои Лоиқ ин ду ид моҳияти бузурги миллӣ дошт ва дар ин маврид худи ў дар барномаи «Суҳбати мардона»-и телевизиони тоҷик гуфта буд: «Ба назари мо, дар тақвими зиндагии халқи тоҷик дар асри ХХ1 аз иди забону иди ваҳдат болотару муқаддастар иде нахоҳад буд. Албатта, сабабгори асосии то асри ХХ зинда ва поянда мондани ин забони тавоно пешвои миллати мо Исмоили Сомонӣ ва давлати Сомониён буд…».

Ҳамин тавр, муборизаи гурўҳе аз пешкисватони адабиёт, амсоли устод Лоиқ Шералӣ буд, ки забони тоҷикӣ аз пажмурдагиву бемадорӣ ҳифз гардида, аз файзи истиқлол дубора рушду нумўъ ёфт. Арҷгузорӣ ба заҳмати онҳое, ки дар ҳама давру замон барои густариши  забони миллӣ ҷаҳд варзидаву меварзанд, вазифаи имрўзиён аст.

 

Саидмуроди Хоҷазод,

доктори илмҳои филология,

профессор, академики Академияи

байналмилалии мактабҳои олӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш